, Ҷумъа, 03-апрел

ХИЁНАТ БА ВАТАН - ДОҒИ АБАДӢ ДАР ТАЪРИХ


ХИЁНАТ БА ВАТАН - ДОҒИ АБАДӢ ДАР ТАЪРИХ

Ватан танҳо як ҳудуди ҷуғрофӣ нест, балки хонаи умед, номус ва шарафи ҳар як инсони худогоҳу бономус аст. Ҳар касе, ки ба ин муқаддасот даст мезанад ва ба он хиёнатро раво мебинад, пеш аз ҳама худро аз решаҳои таърихиаш ҷудо мекунад.

Хиёнаткорон афродеанд, ки манфиатҳои шахсӣ ва ҷайби худро аз амнияти миллату давлат боло мегузоранд. Онҳо мисли узви мариз дар бадани ҷомеа мебошанд, ки бояд сари вақт ошкор ва маҳкум карда шаванд. Бояд ҷавонони мо донанд ва огоҳ бошанд, ки дар  марҳилаи навини давлатдорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол чеҳраҳои нафрину шуми ин тоифаи пасту разолатпеша маълум гардидаанд. Онҳо пеш аз ҳама аъзои ташкилоти террористи экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мебошанд, ки фаъолияти муғризонаи онҳо ба амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Ин ҳизб бо қарори Суди Конститутсиони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳизби террористӣ ва экстремистӣ эълон гаштааст. Пешоҳанги ин гурӯҳи террористӣ Кабирӣ ва тарғибгари ин ғояи шум Муҳаммадиқболи Садриддину ҳаммаслаконаш мебошанд.

Имрӯз ин тоифа аз хориҷи кишвар истода, бо баҳрамандӣ аз хоҷагони худ, ба хотири қонеъ додани нафси палид, суд ба даст овардан, пешрафту суботи кишварро нодида гирифта, ба суи Ватан, ба сӯи домони поки модар,  ба сӯи хонаи худ санги маломат мепартояд. Ин амал нишони заифӣ ва тарсуии онҳост, зеро марди асил мушкилотро дар дохил ҳал мекунад, на бо дастури хоҷагони бегона.

Мусаллам аст, ки касони дар кишварҳои бегона паноҳ бурда, аксаран бозичаи дасти доираҳои геополитикӣ гаштаанд. Онҳо вазифадор шудаанд, ки чеҳраи давлати моро сиёҳ нишон диҳанд, то маблағҳои ҷудошударо соҳиб шаванд. Ин гурӯҳи паст барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ва ба даст овардани сармоя ба ҳамаи кор қодиранд. Аз амалкардашон чунин ба назар мерасад, ки дар сурат зарурат худашонро, ҷисмашонро бо роҳи қонеъгардонии нафсонӣ ба фурӯш мемонанд.

Шаҳрвандон ва фарзандони Ватани маҳбуби мо бояд донанд ва омода бошанд, ки ҳар як санге, ки аз берун ба самти миллати мо партофта мешавад, бояд бо иттиҳоду якпорчагии мо баргардонида шавад. Мо набояд иҷозат диҳем, ки чанд нафар фурӯхташуда фазои иттилоотии моро заҳролуд кунанд.

Ҷавонони мо бояд донанд, ки истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Ҳифзи ин неъмат ҳушёрии баланди сиёсиро талаб мекунад, то фирефтаи шиорҳои дурӯғини «озодихоҳон»-и сохта нашаванд.

Истиқлолият - рамзи ҳастии мо, бақои давлату унсури шинохташавии он ба ҳисоб меравад. Озодӣ ва соҳибихтиёрӣ гаронбаҳотарин дороии мо тоҷикон аст. Эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва арзишҳои миллӣ қарзи ҳар як ҷавони бонангу номус ба шумор меравад.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бар зидди амалҳои хиёнаткорона мавқеи қатъӣ дошта бошад. Хоин ҳеҷ гоҳ наметавонад дӯсти миллат бошад. Он ҳамеша чун доғи абадӣ дар таърих мемонад. То замоне, ки нури хуршед бар осмон сафо меорад, то он даме, ки табиат зиндаву инсоният вуҷуд дорад таърих онро чун манфуру нафратовар ба ёдҳо мунтақил хоҳад кард. 

Таърих гувоҳ аст, ки ягон хиёнаткор дар хориҷ аз Ватан хушбахт нашудааст. Оқибати онҳо ҳамеша шармандагӣ ва фаромӯшӣ дар хоки ғурбат аст.

Пас месазад, ки мо-мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз, якҷоя атрофи сиёсати созандаи давлату ҳукумат, хоса Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  муттаҳид шавем ва нагузорем, ки дасисабозони хориҷӣ суботи кишвари моро халалдор созанд.

А.Муҳаммадӣ - омӯзгори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат