,
Чоршанбе, 01-апрел
Дар саҳифаҳои пурифтихори таърихи башарият ҷашнҳои мондагоре сабт гардидаанд, ки аз доираи як санаи тақвимӣ берун рафта, ба рамзи маънавии тамаддун табдил ёфтаанд. Наврӯз аз шумули чунин ҷашнҳои мубораку пурмаъност. Ин ойини куҳан мисли чароғе аз қаъри ҳазорсолаҳо то ба имрӯз равшанӣ мебахшад ва бо нури фарҳанг, маънавият ва умеди зиндагӣ дилҳои инсонҳоро гарм месозад. Ҳар сол, вақте ки табиат аз хоби зимистон бедор мешавад ва насими руҳнавози баҳорӣ ғунчабаргҳои нахустинро ба ҳаракат меорад, инсон низ дар руҳи худ оғози тозаеро эҳсос мекунад. Аз шаҳраги замини дирӯз хомӯш, майсаҳои сабз дамида, тану навдаи дарахтони хушк бо баргу гулҳои нозук зинат мегиранд. Осмон бо нури равшани хуршеди Ховар ба рӯи замин меҳрубонӣ менамояд. Дар чунин лаҳзаҳо инсон дарк мекунад, ки зиндагӣ худ як Наврӯз, як эҳё, як рӯшноӣ ва як оғози навест.
Наврӯз аз куҳантарин ҷашнҳои инсоният ба шумор меравад, ки аз умқи тамаддуни ориёӣ сарчашма гирифтааст. Дар давраҳои бостон, вақте ки инсон бо табиат робитаи хеле ногусатанӣ дошт, баробар шудани шабу рӯз ва фаро расидани баҳор ҳамчун гардиши бузурги зиндагӣ қабул мешуд. Ин рӯз оғози соли нав, оғози кишту кори деҳқон ва оғози давраи тозаи зиндагӣ ба шумор мерафт. Мардум онро бо шодмонӣ ва ниятҳои нек пешвоз мегирифтанд, зеро медонистанд, ки бо омадани баҳор замин дубора нерӯи зиндагӣ меёбад. Аз ҳамин рӯ, Наврӯз тадриҷан ба ҷашне табдил ёфт, ки дар он на танҳо шодии табиат, балки таҷрибаи зиндагӣ, ҷаҳонбинӣ ва ормонҳои ахлоқии мардум таҷассум ёфтааст.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ, ки масъалаи худшиносии миллӣ барои миллати тоҷик аҳамияти хоса пайдо кард, бо дарки зарурат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои эҳё ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллат иқдомҳои бузурги таърихӣ анҷом доданд.
Маҳз бо ташаббус ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ҷашни куҳан дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардид. Бо дастгирии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои ҳамфарҳанг аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ нишон дод, ки арзишҳои Наврӯз-сулҳ, дӯстӣ, эҳтиром ба табиат ва ҳамдигарфаҳмӣ-арзишҳои умумибашарӣ мебошанд.
Иқдоми навбатӣ ва шостаи Пешвои маҳбуби миллат ин тақдими китоби «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ба ҳар як оилаи тоҷик мебошад. Ин ташаббус танҳо як амали фарҳангӣ набуда, балки даъватест ба шинохти решаҳои таърихии миллат, ба эҳёи ифтихори миллӣ ва ба тақвияти худшиносӣ ва худогоҳии мардуми тамаддунофари тоҷик, ки ҷомеаи кишварро руҳбаланду сарафроз намуд.
Бо мутолиаи «Шоҳнома» ҳар як хонанда метавонад бо ҷаҳони пурифтихори таърихи ниёгон, бо андешаи адолатхоҳонаи онҳо ва бо арзишҳои баланди маънавии фарҳанги ориёӣ ошно гардад. Ин иқдом ба ҷомеа паёми равшане дод, зеро миллате, ки таърихи худро мешиносад, метавонад бо итминон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам гузорад.
Воқеан ҳам дар бузургтарин ҳамосаи фарҳанги ориёӣ -«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ низ ин ҷашни куҳан бо фасоҳати баланд ба тасвир кашида шудааст. Дар ин асари безавол ривоят мешавад, ки шоҳи одил Ҷамшед рӯзе бар тахти шоҳӣ нишаста, ҷаҳонро бо адлу инсоф орост ва мардум аз чунин рӯзи неку муборак шодмон шуда, онро рӯзи нав, Наврӯз номиданд. Фирдавсӣ бо суханони пурҳикмат менависад:
«Ба Ҷамшед бар гавҳар афшонданд,
Мар он рӯзро “Рӯзи нав” хонданд».
Ин чанд мисраъ дар баробари ривояти таърихӣ дорои маънии амиқи фалсафист. Наврӯз рамзи адолат, ободӣ ва орзуи зиндагии шоиста мебошад. Агар ба муҳтавои «Шоҳнома» бо жарфтар назар афканем, мебинем, ки дар саҳифаҳои он на танҳо таърихи қаҳрамонони гузашта, балки пояҳои ахлоқии фарҳанги ориёӣ низ таҷассум ёфтаанд. Дар ин ҳамосаи бузург арзишҳое чун адолат, ростӣ, шуҷоат, покизагӣ ва эҳтиром ба инсон ҷойгоҳи баланд доранд. Ҳамаи ин арзишҳо ҳамон пояҳои маънавие мебошанд, ки рӯҳи ҷашни Наврӯзро ташкил медиҳанд. Аз ҳамин ҷиҳат метавон гуфт, ки «Шоҳнома» на танҳо мабнои таърих, балки ойинаест, ки дар он фалсафаи амиқи зиндагии мардум ва ҷаҳонбинии тамаддуни ориёӣ таҷассум ёфтааст.
Бо тамоми рукнҳо ва назокатҳои худ Наврӯз рамзи эҳёи зиндагӣ ва тантанаи некӣ дар ҷаҳон аст. Он ба инсон меомӯзонад, ки бо дили пок, бо андешаи нек ва бо эҳтиром ба табиат зиндагӣ кунад. Ин ҷашни бостонӣ моро ба ваҳдат, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват намуда, дар дилҳо умеди ояндаи равшанро бедор месозад. Наврӯз ҳушдор медиҳад, ки фарҳанг ва маънавият сарвати аслии инсон аст ва танҳо бо пос доштани ин арзишҳо масири рушду нумуъ ва дурахшони пешрафт дар партави уфуқҳои заррини ин ҷашни хамосоз барои ҷомеа рӯшан мегардад.
Инсоният ҳамвора дар талаби он аст, ки Наврӯзи хуҷастапай ҳамеша паёмовари сулҳу оромӣ бошад, дар қалбҳо нури умедро равшан намояд ва ҷаҳонро бо ҷавҳари некӣ ва дӯстӣ оро диҳад. Зеро Наврӯз ҷашни абадии зиндагист, ҷашнест, ки инсонро ба зебоӣ, ба муҳаббат ва ба шинохти асолату зиндагиафрӯзӣ таҳрик мебахшад.
Шарофат Худойдодова, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи журналистикаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ