,
Шанбе, 28-март
Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ ва суннати дерини фарҳанги мардуми тоҷик дорои рамзҳо ва нишонаҳои гуногуни маънавӣ мебошад. Ин ҷашни оламафрӯз бо фарорасии баҳор ҳамзамон буда, рамзи оғози рӯзгори нав, эҳёи табиат, навшавии зиндагӣ ва тоза гардидани руҳу равони инсон ба шумор меравад. Баҳор дар тасаввури мардум айёми шукуфоии гулу гиёҳ, ҷӯшиши чашмаҳо, бедоршавии табиат ва зуҳури эҳсосу илҳоми тоза аст. Табиат ҳар сол вуҷуди худро аз нав ороста ва покиза месозад. Ба ҳамин монанд, инсон низ бояд қалби худро аз кинаву кудурат пок намуда, бо умеду орзуҳои нек ба истиқболи зиндагии нав қадам гузорад.
Тибқи сарчашмаҳои илмӣ ва фарҳангӣ, ниёгони мо пеш аз фарорасии Наврӯз ба тозагӣ ва оростагии хона аҳамияти хоса медоданд. Онҳо либосҳои наву тоза ба бар карда, дар хона мушку анбар ва дигар хушбӯйиҳо мепошиданд. Дар миёни хона дастархони сафед густурда, болои он рамзҳои маъмули наврӯзӣ, аз ҷумла ҳафт син ва ҳафт шин ҷой дода мешуд.
Дар як канори дастархон оина гузошта, пеши рӯи он чанд дона гандум мепошиданд. Дар гӯшаи дастархон як зарф асал ва дар гӯшаи дигар як қурси нони хушк мегузоштанд. Илова бар ин, сабзаи гандум, ки чанд ҳафта пештар парвариш ёфта буд, дар канори дастархон гузошта мешуд. Ҳамчунин як косаи пур аз об, моҳӣ, мурғ, тухм ва дигар анвои хӯрокворӣ дар зарфҳои алоҳида ҷой дода мешуданд. Дар ин ҳолат чароғҳо равшан карда шуда, даҳони халтаҳои ғалла ва анборҳои озуқа боз мемонданд, то хонадон бо руҳи фаровонӣ ва баракат истиқболи Наврӯз намояд.
Дар тасаввуроти мардум ҳар яке аз ин ашё дорои рамзи муайян буд. Об ва оина нишонаи покӣ ва равшанӣ маҳсуб меёфтанд. Сабза рамзи хуррамӣ ва эҳёи табиат ба ҳисоб мерафт. Гандум рамзи фаровонии ҳосил ва сериву пурӣ буд. Шамъу чароғ рамзи нур ва дарозумрии босаодат дониста мешуданд. Моҳӣ нишонаи ризқи ҳалол маҳсуб ёфта, асал рамзи ширинкомӣ ва саломатӣ ба шумор мерафт. Тухм бошад, нишонаи идомаи насли инсон ва дигар мавҷудоти зинда дониста мешуд.
Дар лаҳзаи фарорасии Наврӯз аҳли хонадон гирди дастархон ҷамъ омада, бо нияти нек аз таомҳои наврӯзӣ баҳра мегирифтанд. Бархе аз русумҳои қадимӣ низ иҷро мешуданд. Масалан, гардан, дил ва ҷигари мурғро сарвари хонадон истеъмол мекард, то рамзи зиракӣ, нерӯмандӣ ва фаровонии рӯзӣ бошад. Баъзеҳо санҷид ба даҳон мекарданд ва бовар доштанд, ки то охири сол аз офату зарар дар амон мемонанд. Суманакро бо нияти саломатӣ мехӯрданд. Пас аз нӯшидани об ба оина менигаристанд, то қалбу чашмашон ҳамеша равшан бошад.
Ниёгони мо ҳамчунин дар ин лаҳзаи муқаддас аз баъзе амалҳо худдорӣ мекарданд. Масалан, онҳо дар вақти фарорасии Наврӯз хонаро ҷорӯб намекарданд, зеро ба бовари мардум ин амал боиси зиёд шудани мӯрча дар хона мегардад.
Яке аз рамзҳои муҳими Наврӯз эҳё ва нумӯи табиат мебошад. Шукуфтани гулу гиёҳ, бедор шудани муғҷаҳо, садои хуши булбулон, ҷӯшиши чашмаҳо ва садои шаршараҳо аз нишонаҳои фарорасии баҳори зебо ба ҳисоб мераванд. Ин падидаҳо на танҳо табиат, балки рӯҳи инсонро низ неру мебахшанд.
Наврӯз дар адабиёти тоҷик низ мақоми махсус дорад. Дар эҷодиёти шифоҳии халқ ва осори шоирони гузаштаю имрӯза васфи Наврӯз, баҳор, гулу булбул, чашмаю дарё ва дигар манзараҳои табиат бо маҳорати баланд тасвир гардидааст. Чунончи:
Чун лола ба Наврӯз қадаҳ гир ба даст,
Бо лоларухе агар туро фурсат ҳаст.
Гул гуфт, ки ман Юсуфи Мисри чаманам,
Ёқути гаронмояи пурзар даҳанам.
Гуфтам: «Чу ту Юсуфӣ нишоне бинамой»,
Гуфто, ки ба хун ғарқа нигар пираҳанам.
Ёре дорам, ки чевари моҳир аст,
Чун шабнами садбарги саҳар тоҳир аст.
Бо риштаи зарҳалӣ чакан медӯзад,
Рангин гули ӯ чу мисраи шоир аст.
Бо гузашти рӯзгор баъзе анъана ва расму оинҳои наврӯзӣ тағйир ёфтаанд, вале моҳияти аслии ин ҷашни бостонӣ ҳифз гардидааст. Наврӯз аз имтиҳонҳои сахти таърих гузашта, мазмуну муҳтавои худро боз ҳам ғанӣ гардондааст.
Боиси ифтихор аст, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бо ташаббус ва сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти кишвар, бахусус бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шукуҳу шаҳомати тоза пайдо намуд.
Дар ҳамин замина, васфи зебоии диёр ва шукуфоии Наврӯз дар шеъри зерин низ таҷассум ёфтааст:
Бо чодари Наврӯзӣ,
Кӯлоб гулафшон шуд.
Дар кӯчаву гулгашташ,
Гулғунча шукуфон шуд.
Бо чодари Наврӯзӣ,
Кӯлоб гулафшон шуд.
Ҳар кӯчаву боғи он,
Рашки чаманистон шуд.
Бо чодари Наврӯзӣ,
Кӯлоб гулафшон шуд.
Дар давраи Истиқлол,
Як машъали тобон шуд.
Бо чодари Наврӯзӣ,
Кӯлоб гулафшон шуд.
Чун куртачакан духтар,
Зебандаи даврон шуд.
Бо чодари Наврӯзӣ,
Кӯлоб гулафшон шуд.
Донӣ, ки чунин зебо
Аз ҳикмати Раҳмон шуд.
Ҳамин тавр, Наврӯз ҳамчун ҷашни бузурги миллӣ ва мероси фарҳангии башарият дар тӯли асрҳо рамзи покӣ, некиву созандагӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангии мардум боқӣ мемонад.
Одинаева Гулбону, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ