,
Шанбе, 28-март
Наврӯз на танҳо як ҷашни қадимӣ, балки оинаи тамаддун, ҳувият ва ҷаҳонбинии мардуми тоҷик ва дигар халқҳои минтақа аст. Ин ҷашни фархунда бо эҳёи табиат, навшавии рӯҳу равон ва ормонҳои неки инсонӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, “Наврӯз ҷашни бузурги ниёгони мо буда, рамзи эҳёи табиат, покӣ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва оғози зиндагии нав мебошад”. Маҳз ҳамин арзишҳо Наврӯзро ба як падидаи фаромиллӣ ва умумибашарӣ табдил додаанд.
Боиси ифтихор аст, ки бо пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии чанд кишвари ҷаҳон, соли 2010 Созмони Милали Муттаҳид 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф кард. Ҳамзамон, Наврӯз ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардида, мақоми ҷаҳонӣ касб намуд.
Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои ниёгони фарҳангпарвари мо ба ҳисоб рафта, таърихи он ба давраҳои пеш аз Ҳахоманишиён мерасад. Ин ҷашн дар тӯли ҳазорсолаҳо аз имтиҳонҳои таърих гузашта, то имрӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳоматаш боқӣ мондааст. Он муждаи фарорасии баҳор, оғози соли нави кишоварзӣ, эҳёи табиат ва шодию нишоти мардумро меорад.
Ба гуфтаи Абурайҳони Берунӣ: «Наврӯз рӯзи аввали моҳи Фарвардин аст ва аз ҳамин ҷиҳат онро Рӯзи Нав номидаанд, зеро оғози соли нав мебошад». Ин таъбир моҳияти аслии ҷашнро хеле равшан инъикос мекунад.
Дар ривоятҳои бостонӣ пайдоиши Наврӯз ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода мешавад. Тибқи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ҳангоми ба тахт нишастани шоҳ Ҷамшед ва дурахшидани тоҷи ӯ дар зери нурҳои офтоб, мардум ин рӯзро «Наврӯз» номиданд. Аз ҳамин ҷо Наврӯз ҳамчун рамзи пирӯзии нур бар зулмот ва оғози тартибу зиндагии нав маънидод мешавад.
Далелҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки Наврӯз дар давраи Ҳахоманишиён расман таҷлил мегардид. Дар замони Порт ва Сосониён бошад, он ба муҳимтарин ҷашни давлатӣ табдил ёфта, чанд рӯз идома меёфт. Дар давраи Сосониён Наврӯз ба ду қисм ҷудо мешуд: Наврӯзи оммавӣ ва Наврӯзи хос.
Бо пайдоиши дини ислом Наврӯз аз байн нарафт, балки бо арзишҳои нав мутобиқ гардид. Бисёре аз донишмандон онро ҳамчун анъанаи фарҳангӣ пазируфтанд. Дар давраҳои Сомониён, Ғазнавиён ва Салҷуқиён Наврӯз ҷашни расмӣ боқӣ монда, дар осори шоирони бузург-Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Ҳофиз, Хайём ва Саъдӣ васф шудааст.
Гарчанде дар китоби муқаддаси зардуштиён- Авесто, номи Наврӯз мустақиман зикр нашудааст, аммо мафҳумҳои эҳёи табиат, навсозии ҷаҳон ва ҳамоҳангии инсон бо кайҳон, ки ба Наврӯз иртибот доранд, дар он баён гардидаанд.
Наврӯз дар тӯли таърих аз доираи як минтақа фаротар рафта, ба фарҳанги бисёр халқҳо ворид шудааст. Дар сарзаминҳои Хоразм, Самарқанд ва Бухоро онро бо шодмонӣ, оташбозӣ ва маросимҳои гуногун таҷлил мекарданд. Дар Афғонистон, махсусан дар шаҳрҳои Ҳирот, Балх, Кобул ва Қандаҳор Наврӯз аз қадим ҷашни муҳим ба шумор мерафт.
Дар кишварҳое чун Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ҳатто дар баъзе минтақаҳои Туркия ва Покистон низ Наврӯз ҷойгоҳи хоси худро нигоҳ доштааст. Гарчанде дар давраи Шӯравӣ бархе аз анъанаҳо маҳдуд шуданд, мардум ин ҷашнро дар сатҳи оилавӣ нигоҳ доштанд.
Пас аз истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1991, Наврӯз эҳё гардида, ба яке аз муҳимтарин ҷашнҳои миллӣ табдил ёфт. Имрӯз он бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, рамзи ваҳдат, сулҳ ва эҳёи арзишҳои миллӣ мебошад.
Наврӯз танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки мактаби ахлоқ, фарҳанг ва худшиносии миллист. Он инсонҳоро ба некӣ, ҳамдилӣ ва созандагӣ раҳнамоӣ мекунад. Дар ҷаҳони муосир, ки ниёз ба сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ бештар эҳсос мешавад, Наврӯз метавонад ҳамчун пули дӯстӣ миёни миллатҳо хизмат намояд. Пос доштани ин мероси гаронбаҳо ва ба наслҳои оянда интиқол додани он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳ ва ватандӯст аст.
Садриддинзода Бахтовар Садриддин, омӯзгори кафедраи Информатика ва технологияи инноватсионии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ