, Ҷумъа, 27-март

МОҲИЯТ ВА МУҲТАВОИ ФАЗОИ ТАҲСИЛОТИ СОЛИМ


МОҲИЯТ ВА МУҲТАВОИ ФАЗОИ ТАҲСИЛОТИ СОЛИМ

Дар шароити муосири рушди ҷомеа масъалаи ҳифз ва таҳкими саломатии насли наврас ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоӣ ва низоми маориф табдил ёфтааст. Тағйирёбии босуръати муҳити иҷтимоӣ, таъсири омилҳои экологӣ ва технологӣ, инчунин зиёдшавии бемориҳои гуногун зарурати ташаккули тарзи ҳаёти солимро дар байни хонандагон тақвият мебахшад. Аз ин рӯ, фароҳам овардани фазои таҳсилоти солим дар муассисаҳои таълимӣ ҳамчун омили асосии рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва иҷтимоии кӯдак аҳамияти хоса касб мекунад. Дар ҳамин замина, омӯзиш ва таҳлили ҷанбаҳои назариявию амалӣ оид ба ташаккули чунин муҳит масъалаи муҳими илмӣ ва педагогӣ ба ҳисоб меравад.

Дар солҳои охир таҳқиқотҳо оид ба солимии наврасон дар низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мавзуи таваҷҷуҳи касбии мутахассисон мебошад, анҷом дода шудаанд. На танҳо дар соҳаи тиб, балки дар соҳаҳои психология, педагогика ва дигар илмҳои иҷтимоӣ низ баъзе таълифот мавҷуданд. Мутаассифона, дар фаъолияти мушаххаси тандурустӣ ва маърифати ҷамъиятӣ оид ба эҷоди муҳити солим ва ташаккули тарзи ҳаёти солим, фаҳмиши дурусти вазифаҳо ва масъалаҳо бештар дар доираи умумӣ зикр гардидааст.

Масъалаи мавриди омӯзиш дар нақшаи умумии назариявӣ ва соҳавӣ ба таври мухтасар ва баъзан қисман дар асарҳои муҳаққиқони тоҷик Б.Р. Қодиров, М. Лутфуллоев, А. Нуров, Ҳ. Раҳимзода, Б. Раҳимов, Ш. Сафаров, Т.Б. Намозов ва дигарон баррасӣ ва арзёбӣ шудааст.

Масъалаҳои рушди ғояҳои фалсафӣ, психологӣ, педагогӣ ва тиббӣ оид ба арзиши тандурустӣ ва роҳҳои ҳифзи он дар адабиёти илмӣ ба қадри кофӣ фаро гирифта нашудаанд. Равиши таблиғотӣ ва ташвиқотӣ нисбати ташаккули тарзи ҳаёти солим дар гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ дар таълифоти муҳаққиқони ватанӣ Б. Ашурова, Б. Боев, Л.А. Губанова, А.К. Бобоҷонов, И. Бобоев, И.Х. Каримова, Б.Р. Қодиров, Д. Каримова, Ф. Қурбонов, Ф. Партовов, Ш.А. Сафаров, М. Суяркулов ва дигарон инъикос ёфтааст, ки дар доираи барномаҳо ва лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ амалӣ шудаанд.

Пажӯҳишҳои муҳаққиқони тоҷик Д. Каримова ва Ф. Партовов ба масъалаҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои ҷисмонӣ-истироҳатӣ дар мактаб-интернатҳо, инчунин ташаккули асосҳои тарзи ҳаёти солим бахшида шудаанд. Дар кори илмии муҳаққиқ С. Сафаров мушкилоти ташаккули тарзи ҳаёти солими хонандагони хурдсол тавассути бозиҳои миллӣ мутобиқи талаботи педагогӣ таҳқиқ гардидааст.

Таҳқиқоти илмии муҳаққиқ Т.Б. Намозов ба асосҳои иҷтимоӣ-педагогии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон бахшида шудааст. Бояд зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳамкории оила ва мактаб дар ташаккули тарзи ҳаёти солим миёни хонандагони синфҳои ибтидоӣ ҳанӯз ба таври пурра ҳаллу фасл нашудааст. Имкониятҳои курсҳои таълимии мактаби миёна дар ин самт низ пурра омӯхта нашудаанд. Мақсаднокии педагогӣ дар истифодаи технологияҳои ҳифзи тандурустӣ дар оила ва мактаб ба таври илмӣ асоснок нагаштааст.

Соли 2008 оид ба «Тарзи ҳаёти солим» дастур барои омӯзгорони синфҳои 7-9-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода тавсия гардид. Ин дастур муҳтавои барнома ва мавод барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад.

Дастури мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо дастгирии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Хазинаи глобалӣ оид ба пешгирии бемориҳои сил, табларза ва ВИЧ/СПИД таҳия шудааст. Қисми сеюми он усулҳои ташкили тренинг, усулҳои интерактивии таълим (кор дар гурӯҳҳо, намоишҳо, саволу ҷавоб, мубодилаи афкор, «ҳуҷуми зеҳнӣ», бозиҳои нақшофарӣ, таҳлили ҳолатҳо, мубоҳиса ва ғайра), инчунин машқҳо ва тавсияҳоро дар бар мегирад. Омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ метавонанд ин маводро бо дарназардошти хусусиятҳои синну сол ва сатҳи донишҳои хонандагон истифода намоянд.

Дар солҳои охир оид ба тарбияи ҷисмонии кӯдакон ва наврасон низ як қатор таҳқиқотҳо анҷом дода шудаанд. Дар онҳо масъалаҳои таъсири тарбияи ҷисмонӣ ба иҷтимоишавии кӯдакони синни томактабӣ дар оила, ташаккули шавқу рағбат ба варзиш ва фароҳам овардани шароити педагогии рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ баррасӣ гардидааст. Дар дастури методии таҳиянамудаи З.К. Турғунова ва В.Ш. Мансурова, ки барои волидон ва кормандони муассисаҳои томактабӣ пешниҳод шудааст, заминаҳои психофизиологии тарбияи кӯдаки солим ва омодагии ҷисмонии ӯ ба мактаб махсус таъкид шудааст.

Ҷанбаҳои алоҳидаи тарбия ва ташаккули тарзи ҳаёти солим аз ҷониби муҳаққиқон Д. Гаджиев ва Ф.А. Қурбонов низ мавриди таҳқиқ қарор гирифтаанд. Китоби «Тарзи ҳаёти солим» барои синфҳои 3-4, ки аз ҷониби И. Каримов, М. Ниёзмуҳаммедова, Б. Ашурова ва Т.Д. Девоншоева таҳия шуда, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия шудааст, масъалаҳои асосии тандурустӣ, гигиенаи шахсӣ, маълумот дар бораи организм, пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳодисаҳои нохуш, заҳролудшавӣ, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва пешгирии одатҳои номатлубро дар бар мегирад.

Маводи ин китоб на танҳо барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ, балки барои ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ муҳим мебошад. Бо назардошти таъсири тарбиявии матнҳои адабӣ ба ҳиссиёт ва шуури кӯдакон, дар он аз мероси шоирону нависандагони тоҷик васеъ истифода шудааст.

Соли 2014 бо қарори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон модули таълимии «Об, санитария ва гигиена» барои омӯзгорони синфҳои 1-4 бо дастгирии ЮНИСЕФ таҳия гардид. Ин модул ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, ки тавассути оби ифлос ва риоя накардани гигиена паҳн мешаванд, равона шудааст. Он инчунин ба хонандагон дар ташаккули малакаҳои гигиенӣ кӯмак намуда, барои омӯзгорон ҳамчун воситаи аёнӣ тавсия мегардад.

Аҳамияти мавзуъ аз афзоиши таваҷҷуҳи ҷомеа ба арзиши тандурустии инсон бармеояд. Бо вуҷуди талошҳои давлат ва ҷомеа барои беҳбуди вазъи тандурустӣ, ин масъала ҳамоно муҳим ва таъхирнопазир боқӣ мемонад. Ин мушкилот хусусияти ҷаҳонӣ дошта, бо омилҳое чун тағйирёбии муҳити зист, пешрафти босуръати илмӣ-техникӣ ва офатҳои техногенӣ алоқаманд аст.

Солҳои охир сатҳи бемориҳо дар гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ афзоиш ёфта, вазъи тандурустии наврасон низ нигаронкунанда шудааст. Дар давоми 30 соли охир афзоиши халалдоршавии функсионалӣ дар хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва бемориҳои музмин дар синфҳои болоӣ ба таври назаррас мушоҳида мегардад.

Дар маҷмӯъ, таҳлили адабиёт ва таҷрибаи мавҷуда нишон медиҳад, ки ташаккули фазои таҳсилоти солим яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки низоми маориф ба шумор меравад. Бо вуҷуди мавҷуд будани таҳқиқотҳои алоҳида дар самтҳои педагогӣ, психологӣ ва тиббӣ, масъалаи ҳамгироии низомноки онҳо дар муҳити мактаб ва оила то ҳол ба таври кофӣ ҳаллу фасл нагардидааст.

Муайян гардид, ки истифодаи технологияҳои ҳифзи тандурустӣ, усулҳои интерактивии таълим, инчунин ҷалби фаъолонаи оила ва ҷомеа метавонад ба ташаккули тарзи ҳаёти солим дар хонандагон мусоидат намояд. Дар баробари ин, зарурати такмил додани барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи методии муосир ва густариши ҳамкории байни муассисаҳои таълимӣ ва оилаҳо ба миён меояд.

Ҳамин тариқ, ташаккули фазои таҳсилоти солим бояд ҳамчун раванди мураккаби иҷтимоӣ-педагогӣ арзёбӣ гардад, ки ба рушди ҳамаҷонибаи шахсият, ҳифзи саломатӣ ва баланд бардоштани сифати зиндагии насли наврас равона шудааст.

Сайвализода Зокир Сайвалӣ, сармуҳосиб ва унвонҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат