,
Ҷумъа, 27-март
Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз таҷлили Наврӯз шукуҳу шаҳомати дигар гирифт. Дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар шаҳру навоҳӣ ва деҳоти кишвар Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ин ҷашни бостонӣ соли 1999 чунин ибрози назар намуданд: «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод буда, бо мурури замон ба ҷашни дар ҳақиқат халқӣ мубаддал шудааст. Халқи мо беҳтарин орзуву умеди худро қабл аз ҳама бо Наврӯз, яъне соли нави анъанавии аҷдодии хеш пайванд медиҳад. Наврӯз пайки шодиву сурур, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кори баҳорӣ, паёми эҳёи табиат мебошад ва гардише дар рӯҳу ҷони одамон падид меорад».
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ба монанди Эрону Афғонистон, Туркия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, 23-юми феврали соли 2010 Шурои 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Қатънома дар хусуси Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро қабул кард ва Наврӯз байналмилалӣ шуд. Инчунин, аз ҷониби ЮНЕСКО Наврӯз ба феҳристи мероси ғайримоддии фарҳанги инсоният ворид гардид. Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз қодир аст ба ҳайси маҷмӯи таълимоти нави сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама чун барномаи дӯстиву ба ҳамоии аҳли сайёра барои ҳалли масоили мубрам ва доғи ҷаҳони муосир саҳмгузор бошад.
Дар асоси нишондодҳои муҳаққиқон маълум мегардад, ки иди Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллии мо - тоҷикон аст.
Қисмати ками муҳаққиқон бар он андешаанд, ки ҷашни «Наврӯз» пеш аз давлатдории Ҷамшед зуҳур ёфтааст, аммо ин андешаҳоро на ҳама сарчашмаҳои муътамади таърихӣ собит месозанд. Каюмарс, ки зикри он дар саҳифаҳои таърих зиёд аст, яке аз наберагони ҳазрати Одам буда, писари Анӯш ибни Шис мебошад, ки номи аслиаш Ҷинон ибни Анӯш мебошад. Ҳушанг писари Каюмарс, Таҳмӯрас писари Ҳушанг ва Ҷамшед бошад, бародар ё яке аз муқаррабони Таҳмӯрас мебошад. Ҷамшед замони салтанати хеш табаддулотҳои зиёд, ихтироот ва кашфиётҳои зиёде намудааст, аз ин хотир обрӯю эҳтироми бузурге соҳиб шуда буд.
Дар асари арзишманди Абуалӣ Муҳаммад Балъамӣ «Таърихи Табарӣ» чунин андешаҳои ҷолиб омадааст: нахустин касе, ки силоҳ сохт ва шамшеру ҳарбаву корд кард, Ҷамшед буд. Карбосу абрешим ва алвон ӯ овард. Санъати ғаввосӣ пайдо кард ва гавҳар аз умқи баҳр кашиданро омӯзонд. Роҳҳо сохтану шаҳрҳо бунёд карданро талқин намуд. Мушку кофур ва амсоли ин хушбӯиҳоро ба рӯйи кор овард. Ин шоҳи равшанзамир Ҷамшед мардумро ба чор гурӯҳ - дабирону доноён, лашкариён, кишоварзон ва пешаварон ҷудо намуд ва ба ҳар гурӯҳ гуфт: «Ҳеҷ кас мабодо, ки ба ҷуз кори худ кунад». Баъдан уламоро хонду пойдории мулкро аз онҳо пурсид. Уламо гуфтанд: «Дод густурдан дар миёни халқи Худои Таъоло - асоси пойдорӣ ва бақои мулк аст». Ва ӯ барои ин амал камари ҳиммат баст. Ва ин рӯз, ки Ҷамшед ба мазолим (додгустарӣ) нишаст, рӯзи Ҳурмузд аз моҳи Фарвардин буд, он рӯзро «Наврӯз» хонданд ва он бар мардумон расму оин гашт.
Абурайҳони Берунӣ бошад, дар асараш «Осор-ул-боқия» навиштааст, ки «Ҷамшед чун ба подшоҳӣ расид, динро аз нав кард. Ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт ва «Наврӯз» ном ниҳод».
Ба далели дигар, ҳангоме ки Ҷамшед дар шаҳрҳо гардиш мекард ва хост, ки ба Озарбойҷон ворид шавад, бар тахти заррин бинишаст ва мардум бар дӯши худ он тахтро мебурданд. Чун партави офтоб бар он тахт битобид ва мардум онро диданд, ин рӯзро ид гирифтанд.
Баъди даргузашти Ҷамшед аз олам мардум тамоми рӯзҳои ин моҳ «Фарвардин»-ро, ки ҳар яке бо номҳои алоҳида ёд мешаванд, ҷашн мегирифтанд. Ин 30 рӯзро ба шаш бахш қисмат намуда, 5 рӯзи аввалро ба подшоҳон, 5 рӯзи дуюмро ба ашрофон, панҷаи сеюмро ба ходимону коркунони подшоҳон, чорумро барои надимону дарбориён, панҷаи панҷумро барои тӯдаи мардум ва панҷаи шашумро барои барзгарон мебахшиданд.
Хушбахтона, Наврӯз дар сайри таърихи зиёда аз шаш ҳазорсолаи худ аз миёни тирарӯзиву бадрӯзгориҳои иҷтимоиву сиёсӣ, аз хилофи сари кӯрдилони нотавонбинони мазҳабиву сиёсӣ гузашта, то рӯзгори мо расидааст. Дар рӯзгори чирамандии араб, ки бо баҳонаи диноварӣ мехост Наврӯзро чун арзишҳои дигари мардуми таҳҷоӣ пурра зери по гузорад, ниёгони ҳушманди мо ба он ҷилои мусалмонӣ дода, ин оини зебои бостониро аз нобудӣ раҳоӣ бахшиданд. Онҳо тавонистанд тозиён ва мутаассибонро, ки Наврӯзро ҷашни мункирони дин хонда буданд, бовар кунонанд, ки Наврӯз рӯзи ба дунё омадани Одам алайҳисалом аст.
Дар он мояи ҷашни Наврӯз, ки обишхӯрӣ ахлоқи ориёии пиндори нек мебошад, аз беҳтарин андешаҳои хирадгароии инсонӣ тартиб ёфтааст. Оғози соли нав, анҷоми сардиҳо ва ба нуқтаи болатарини кайҳон баромадани офтоб, фарорасии баҳор, замони рӯишу сабзишу шукуфтанҳо, ҷилои ҳазорон рангҳои дилрабо, болидани замин барои ба синаи худ ҷой дода тавонистани тухму донаҳо ва ба ин муносибат аз дилҳо зудудани кудуратҳо, бахшидани гуноҳҳо, даъвати ҳама ба оромиву осудагӣ, меҳрубониву дӯстӣ, арҷгузорӣ ба хоку обу ҳавову оташ - ин чор унсури зиндагисоз, ки гиромидошти онҳо мояи ҳастии инсонҳо мебошад, ҳамаро ба накукориву меҳрварзӣ даъват мекунад.
Боиси ифтихору саодатмандии мо тоҷикон аст, ки дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи масъулияти таърихӣ дар назди миллат ва бо нигоҳи дурбинона ба сарнавишти маънавии давлатдории тоҷикон чунин андешаи хирадмандона баён намуданд: «Воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо - тоҷикон мебошанд. Бинобар ин, ба Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи давлатии шаҳри Душанбе дастур дода мешавад, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе бунёд намудани Кох, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамчунин, бо дарназардошти ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад.
Итминон дорам, ки амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо - тоҷикон мегардад».
Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо як пешниҳод дар доираи сиёсати фарҳангӣ, балки баёнгари иродаи огоҳонаи давлат барои барқарорсозии хотираи таърихӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун вориси тамаддуни куҳани ориёӣ дар фазои тамаддуни ҷаҳони муосир мебошад. Пешвои миллат бо таъкиди зарурати омӯзиши низомманд, илмӣ ва институтсионалии тамаддуни ориёӣ бар он ишора намуданд, ки таърих танҳо маҷмӯи воқеаҳои гузашта нест, балки пояи ҳастии миллат, сарчашмаи ҳувият ва меъёри шинохти ҷойгоҳи он дар ҷаҳони муосир аст.
Ҷашни Наврӯз муборак, ай ҳамватанон!
Зайналов Қурбон, номзади илмҳои фалсафа, муаллими калони кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ