,
Ҷумъа, 27-март
Ба кишвари офтобиамон иди Наврӯзи фархундапай, ҳамчун иди саршавии баҳори чаманафрӯз, оғози кишту кори деҳқонӣ, рамзи ҷавонию зебоӣ ва сарсабзии табиат, бо шукӯҳу ҷамолу таровати тоза ворид гардид. Наврӯз муждарасони анҷоми мавсими зимистон, эҳё ва сабзу гулзор гаштани боғу бӯстон, дашту даман ва кӯҳу саҳро мебошад. Ба ибораи шоир Салмон:
Мавсими дай рафту хуррам шуд чаман, омад баҳор,
Боғу бӯстон сабз гашту кӯҳу саҳро лолазор...
Наврӯз маҳбубтарин ва маъруфтарин иди миллии мо буда, моро ба таърихи кӯҳани аҷдодонамон мепайвандад. Ниёгони мо Наврӯзро аз аҳди қадим ҷашн мегирифтанд. Ба шаҳодати сарчашмаҳо, ҷашни Наврӯз таърихи беш аз ҳафт ҳазор сол дорад ва зиёда аз се ҳазор сол бо инкишофи деҳқонӣ ҳамчун расму оини мардумӣ минбаъд такмил ва ривоҷ ёфтааст. Таърихи ташаккули Наврӯз ба асотири фалакӣ оид ба табиати миранда ва зиндашаванда вобаста будааст.
Дар устураҳо оғози таҷлили Наврӯзро бо Ҷамшеди Пешдодӣ, қаҳрамони достонҳои эронӣ ва аз он ҳам пештар ба Каюмарс, ки аввалин шоҳ дар байни одамон буд, нисбат медиҳанд. Наврӯз дар аҳди Ҳахоманишиён ба ҳукми анъана даромад ва ба иди расмии мардуми ориёӣ табдил ёфт.
Наврӯз оғози Соли нав, оғози тақвими шамсии ниёгонамон мебошад. Вожаи Наврӯз дар паҳлавӣ ба сурати “Нукруч” омадааст, калимаи мураккаб буда, аз ду ҷузъ иборат аст: ҷузъи аввал “нук” ба маънии нав, тоза, ҷадид ва ҷузъи дуюм “руч” ба маънии рӯз, яъне рӯзи тоза ва нав.
Мутафаккирон ва адибони бузург, чун Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Гардезӣ, Муҳаммад Наршахӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон ба ҷашни Наврӯз рӯ оварда, онро бо самимият ва ифтихор васф кардаанд:
Муборактар шабу хуррамтарин рӯз, ба истиқболам омад бахти пирӯз.
Дуҳулзан, гӯ, ду навбат зан башорат,
Ки дӯшам қадр буд, имрӯз Наврӯз.
Саъдии Шерозӣ
ё
Зи кӯйи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,
Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.
Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми Мири наврӯзӣ.
Ҳофизи Шерозӣ
Наврӯз яке аз ҷашнҳои боътибор, оммафаҳм ва хеле қадимаи ниёгони мост, ки онро аҷдодони гузаштаамон ҳанӯз пеш аз солшумории мелодӣ бо анъанаҳо ва русуми хоса ҷашн мегирифтанд. Аксари муаррихон ва уламо ибтидои ҷашни Наврӯзро ба давраи подшоҳии Ҷамшед нисбат медиҳанд, вале, чунонки Абурайҳони Берунӣ зикр кардааст, “пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”.
Муҳаммад Наршахӣ дар “Таърихи Бухоро” овардааст, ки дар ибтидои моҳи фарвардин кишоварзон Наврӯзро ҷашн мегирифтанд ва аз панҷ рӯзи он муғон қайд мекарданд, бинобар ин, якеро “Наврӯзи кишоварзон” ва дигареро “Наврӯзи муғон” меномиданд.
Наврӯз ҷашни гулу баҳор, мавсими кишту кор, ҷашни эҳёю бедории табиат аст. Боди сабо аз рӯю зулфи гулҳои наврӯзи мушкфишон гашта, машомро муаттар ва дилро масрур медорад:
Боз аз қадами гул чамани пир ҷавон шуд,
В аз зулфи суман боди сабо мушкфишон шуд.
Таровати бӯйи хуши гулҳо ҳар варақи дафтари чаман дар Наврӯз гулрез аст ва ҳар гулеро накҳате, ранге, таровате номест аҷиб. Бо фарорасии Наврӯз олам чунон ҳусну тароват мегирад, ки ҳар замон фалаку малак аз дидани он хиҷил мегардад, чунонки Салмон фармуда:
Тароватест ҷаҳонро зи рӯйи Фарвардин,
Ки ҳар замон хиҷил аст аз рӯйи замин...
Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо рост омадани ин иди табиат, инсон ҳам ба ҳаракат меомад. Аз ин ҷост, ки тоҷикон “Ҳамал ҳама чиз дар амал” мегӯянд.
Дар замонҳои пеш деҳқонони тоҷик пеш аз Соли нав, пеш аз моҳи ҳамал, дар ҳар деҳа ба майдонҳо ҷамъ шуда, гӯштигирӣ ва дигар ҳаракатҳо карда, гӯё ба тани аз сармои зимистон афсурдаашон қуввати нав медоданд ва дар аввали ҳамал се рӯз сайру гашти умумӣ карда, ба кишоварзӣ медаромаданд.
Муҳиммияти Наврӯз ин аст, ки мардум муддатҳо пеш аз фаро расидани он мунтазираш буда, фарорасии онро лаҳзашуморӣ мекарданд: либосу ҷомаи нав медӯзанд, ширинӣ мепазанд, хонаву дари хешро тоза мекунанд, ба дидори ҳам мешитобанд, қаҳрҳо ба оштӣ бадал мешаванд, кинаҳо ба муҳаббат табдил меёбанд, тӯю шодиҳои бузург баргузор месозанд, ҳадяҳо медиҳанд ва ба аёдати шахсони куҳансолу бемор мераванд. Хулоса, ҳар як фард дар шодии ҳамагон иштирок мекунад ва онро ба таври худ ҷашн мегирад.
Умари Хайём фармудааст: “Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад”.
Наврӯзу баҳори имсола дар Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон соли накуву фархунда хоҳад буд. Мардуми соҳибиқболи мо имсол Наврӯзи меҳрафрӯзро бо як ҷаҳон интизорӣ ва самимият дар сари дастархони пурноз истиқбол мегиранд. Орзуи онро дорам, ки ин хурсандию шодӣ ҳамвора пояндаву бардавом бошад. Ба ифодаи шоир:
Имсол, ки соли нек фархунда шуда,
Лабҳо ҳама аз нишот пурханда шуда,
Бо шаҳди сурур комҳо ширин бодо,
Хурсандию айшу нӯш поянда шуда...
Бо фарорасии иди Наврӯзи оламафрӯз ҳамаи ҳамватанони хешро табрику таҳният гуфта, ба онҳо тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва бурдбориҳои беназирро таманно дорам ва аз забони шоир мегӯям:
Дар лаъли шумо хандаи Наврӯз муборак,
Дар наргисатон акси дилафрӯз муборак.
Олам ҳама рангин шуда, одам ҳама масрур,
Дар хонаатон олами пирӯз муборак!
Алиева Бахтинисо - муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ