,
Ҷумъа, 13-март
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, рамзи тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то имрӯз расидааст.
Эмомалӣ Раҳмон
Сарзамини ҳамешабаҳори сарсабзу хуррам ва биҳиштосои Тоҷикистон шояд шоире надошта бошад, ки масту мафтун аз бӯйи хушу муаттари гулу нағмасароии булбул, бо илҳом аз дашту дамани сабзпӯш ва садои роҳатбахшу гӯшнавози чашмасорон ва фусункориҳои табиати афсонавӣ арӯси сол – баҳори нозанин, аввалин пайки он – Наврӯзи оламафрӯзро дар рубоие, дар дубайтие, дар шеъре васф накарда бошад.
Ғоиб Сафарзода, ин шоири зиндаёд низ дар боби баҳору Наврӯз насуруда наметавонист. Илҳоми эҷодии шоир бешак, аз даврони кӯдакию наврасӣ манша баргирифтаву дар қалби ӯ завқу шавқи гулчинию гулпарастӣ, зебоипарастӣ, табиатдӯстӣ, баҳордӯстӣ ва Наврӯзпарастӣ маъво гирифт. Шоир гуфта:
Маро мебурд қалби кӯчаки ман,
Ба сайри кӯҳсорон дар баҳорон.
Маро мебурд шавқу завқ карда,
Ки гул чинам, гули хушбӯю хандон.
Давидан доштам аз кӯҳ бар кӯҳ,
Барои чидани гулдастае ман.
Барои зеби даври тоқии худ,
Барои абрӯвонро об додан.
Шоир он қадар масту мафтуни омадани баҳор аст, ба он андоза шоду масрур аст ва ончунон онро интизорӣ кашидааст, ки ҳатто ягона гулаки рӯйида дар назараш атрофу акнофро зебу зиннату шукӯҳ бахшидааст. То ба ҳадде, ки бар асари ин барфро рашк месӯзонад ва мешавад обу мешорад сарозер:
Бишкуфт гули нахуст андар бари кӯҳ,
Афзуд ба ранги нав шукӯҳу фари кӯҳ.
Чун барф бидид, кӯҳ бо гул хандид,
Аз рашк шуд обу рехт баъд аз сари кӯҳ.
Ҳаққо, омадани баҳорро пеш аз дигарон, ба пиндори ғолиб, аввалтар аз ҳама шоирону ошиқон, ононе, ки онро самимона дӯст медоранд ва парастиш мекунанд, интизорӣ мекашанд ва эҳсос менамоянд. Ғоиб Сафарзода, ки низ шоири нозуктабъу рангинхаёл ва ошиқи сармасту дилдодаи баҳору Наврӯз буд, садои пойи Наврӯзро ҳатто аз пушти дар, аз парзании кабӯтару чаҳ-чаҳи мурғакон бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунад, ки барояш мужда меоваранд:
Имрӯз зи пушти дар садо мешунавам,
Парвози кабӯтари сабо мешунавам.
Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад,
Аз чаҳ-чаҳи мурғи хушнаво мешунавам.
Ҳам шукуфтану хандаи гул ва ҳам фарёди булбул ба шоир мужда аз баҳор, аз баҳори нозанини деринтизор меоваранд:
Гул гуфт, ки мужда аз баҳор овардам,
Як олами ҳусн дар канор овардам.
Фарёд кашид булбулу гуфт, ки ман,
Дар сина ҳазор захми хор овардам.
Дар фасли баҳору Наврӯз ҳама ҷузъиёти табиат, аз ҷумла абри само, мусиқии обшорон ва нағмаи мурғон барои шоир офарандаанд, офарандаи шукӯҳу зебоӣ, шавқу шодиву фараҳ.
Аз абр гуҳар ба барги гул рехтааст,
Гул мӯҳра ба гардани худ овехтааст.
Савти хуши обшору мурғони чаман
Дар сина хурӯши дигар ангехтааст.
Ё худ кӣ метавонад зеботару шоиронатар бигӯяд, ки:
Ин абр ба сони духтари гулдӯз аст,
Шогирд ё ин ки духтари Наврӯз аст.
Дар дӯхтани пираҳани ранг ба ранг,
Овора ба кӯҳу дашт шому рӯз аст.
Чун гулҳои аввалин бармешукуфанд ва нағмахонии булбулон дар боғу чаман баланд мегардад, табиат аз хоби ноз бедор мешавад ва марди деҳқонро, ки ризқофаринаш хондаанд, аз омади Наврӯзу баҳор ва оғози кор огаҳ месозад:
Табиат ҷомаи рангин ба бар кард,
Ҷавонӣ ёфт, ҷавлони дигар кард.
Ба кӯҳу дашту ҳомун базм сар кард,
Ба тӯяш марди деҳқонро хабар кард.
Марди деҳқон дар тӯйи табиат иштироку хурсандӣ менамояд, болидарӯҳ мегардад, нерӯву тавони тоза мегирад, зеро:
Деҳқон ба дар ин саҳар шукуфон омад,
Чун чашма зи нав ба қалби ҷӯшон омад.
Бо ҳиммати беқиёс бар дашти фарох
Монандаи офтоби хандон омад.
Наврӯзу Баҳорро «пайки ҷавонӣ», «борони найсонӣ»-ро лабрезсози «ҷомҳои лола», «гулҳои тару хушрангу бӯй»-ро «оинаи дилдодагон» унвон медиҳад ва дармеёбад, ки аз ин созандагии Наврӯзу Баҳору Табиат ҳатто «сабзаҳои орзу сар мекашанд.
Ғоиб Сафарзода низ ба мисли гулу булбул, ба мисли табиати кишвараш ва ҳамон марди деҳқонаш ҳамчун як тоҷики асили тоҷикдӯсту меҳанпараст, фидоии зиндадошти фарҳангу маънавиёт ва посдори русуму анъаноти неки ниёкон ҳанӯз дар солиёни рукуду дуршавиҳо аз асли хеши миллат – ним аср қабл омади Наврӯзи хуҷастапай ва баҳори фархундаҳолро бештар аз дигарон интизорӣ мекашид ва қаблтар аз дигарон эҳсос мекард. Ӯ рӯҳу равону неруи тоза пайдо мекард ва дар сару дар қалбу дар ният шӯру хумори эҳёи суннатҳои миллӣ ҳар тоҷикеро медид мужда медод: «Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!» Ва Наврӯзро муборакаш мегуфт.
Ва танҳо ӯ буд, ки бо матонату ҷасорат, бовиқору боифтихор майсаи суманакро дар табақ ба маҳфили шеърхонии телевизиони тоҷик бурду ба ҳамагон онро нишон дод ва хушҳолонаву шоду масрур садо дардод: «-Ман ба шумо, азизон, нишонаи баҳору Наврӯзро дар табақ овардам!»
Ва инак, 50 сол аст, ки мо, ҳамватанонаш, Наврӯзу Баҳорро бе шоири зиндаёд ва бе ошиқу дилдодаи Наврӯзу Баҳору ҳаёт Ғоиб Сафарзода истиқбол ва ҷашн мегирем. Аммо, хушбахтона, ним аср аст, ки шеъри ин шоири шӯридадил бо мост, ҳампою ҳамқадаму ҳамнафасу ҳамрози мост. Ва ин қадар сол боз нидои хушнавози Ғоиб Сафарзода тавассути шеъраш моро мекунад ово:
Бархез, ки бар дари ту Наврӯз омад!
Мирзоева Маҳтовбӣ, н.и.ф., омӯзгори кафедраи адабиёти тоҷики ДДК ба номи А.Рӯдакӣ