, Ҷумъа, 13-март

«ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ДАР ШИНОХТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ


«ШОҲНОМА»-И АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ ДАР ШИНОХТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба адабиёти тоҷик, махсусан ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ таваҷҷуҳи махсусу ҳамешагӣ доранд. Омӯзиши китобу мақолаҳои илмӣ, суханрониҳо, паёмҳо, мулоқот бо аҳли зиё ва ҷомеа аз он шаҳодат медиҳанд, ки Пешвои миллат  Абулқосим Фирдавсӣ  ва «Шоҳнома»-и ӯро ба оламиён муаррифӣ намуда, таваҷҷуҳи аҳли илмро ба адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ менамояд. Баргузории Симпозиуми байналмиллалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳанӯз дар соли 1994 арҷгузорӣ ба бузургони адабиётамон аз ҷониби Пешвои миллат буд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодони хеш «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Дар сарсухани «Шоҳнома» Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудааст, ки: «Имрӯз мо «Шоҳнома»-ро дубора чоп ва дар дастраси мардуми шарафманди тоҷик қарор медиҳем, ба ин умед, ки руҳи «Шоҳнома» ва афкору андешаҳои миллатсози ҳаким Фирдавсӣ вориди ҳар хонадони тоҷик гардида, ҳар шаҳрванди Тоҷикистон худро дар назди давлати соҳибистиқлоли миллӣ масъул шуморад ва барои рушду пешрафти он тамоми неру ва тавони худро сарф намояд».

Ҳадафи асосии дастрас намудани «Шоҳнома» ба ҳар хонавода баланд бардоштани худшиносии миллӣ, тақвияти ҳувияти фарҳангӣ ва шиносоии наслҳои ҷавон бо мероси адабии классикӣ арзёбӣ мешавад. Ин иқдом ҳамчун василаи таҳкими робитаи ҷомеа бо таърих, забон, адабиёт ва арзишҳои маънавӣ мебошад.

Зеро Пешвои миллат аз солҳои аввали истиқлоли давлатӣ арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии миллатро аз муҳимтарин омилҳо ва василаҳои худшиносии миллӣ ва ҷаҳоншиносии мардуми тоҷик медонист ва аҳли зиёро ба омӯзишу тарғиби решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ ҷалб менамуд. Решаҳои таърихии арзишҳои миллии халқи тоҷик дар «Шоҳнома» нуҳӯфтааст. Дар баробари «Шоҳнома» ягон халқу миллати дунё чунин осори гаронбаҳою мондагоре надоранд, ки решаҳои таърихии арзишҳои миллиашон дар осори хаттӣ ҳифз ва ёдгор монда бошад.

Масъалаи ҷусторҳои решаҳои таърихии арзишҳои миллӣ, Пешвои миллатро водор намуд, ки ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ муроҷиат намояд. Дар ин маврид қайд менамоянд, ки: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамранги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».

Пешвои миллат дар конференсияҳои байналмилалии илмӣ, мусоҳиба бо маҷаллаҳои бонуфӯзи хориҷӣ, маърӯзаҳо ба 1100- солагии давлати Сомониён вобаста ба масоили Эҳёи миллии халқҳои Эрони шарқӣ, ки ба пайдоиши халқи тоҷик вобаста аст, ҳамзамон оғози давраи эҳёи Шарқи Миёна ба «Шоҳнома» муроҷиат намудааст ва аз ин ҳамосаи миллӣ иқтибосҳо овардааст. Зеро олимони кишварҳои Аврупо дар ин ақидаанд, ки давраи Эҳё хоси Аврупо мебошад.

Чунончӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар конференсияи байналхалқии илмӣ бахшида ба 1100- солагии давлати Сомониён (Санкт-Петербург, 28 апрели соли 1999)  иброз доштанд, ки «Мо бо дарназардошти давраи Сомониён дар бораи оғози эҳёи халқи аз нав ташаккулёфтаи тоҷик сухан меронем. Эҳёи миллии халқҳои Эрони шарқӣ, ки ба пайдоиши халқи тоҷик вобаста аст, ҳамзамон оғози давраи эҳёи Шарқи Миёна мебошад. Мо бо назардошти тамоми давраи пурфоҷиаи таърихӣ ва ҳаёти имрӯзаамон ҳуқуқ дорем, дар бораи эҳёи чандинкаратаи халқи тоҷик ва фарҳанги он сухан ронем.

Суханони олими машҳури шарқшиноси машҳури асри ХХ академик Николай Иосифович Конрад комилан одилона мебошад. Эҳё ба қавли ӯ на танҳо хоси Аврупо, балки зуҳури қонуниятҳои умумиест, ки пешрафти таърихии халқҳои тамаддуни бузургро таҷассум  менамояд.

Ба ин маънӣ мазмуни амиқи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро маҳз ҳамингуна фаҳмидан мумкин аст, ки таваҷҷуҳро ба Аҳди қадим ҷалб намуда, кӯшиш ба харҷ додааст, ки ҳаёти имрӯз ба воситаи ҳамосаи бузурги пешин дарк шавад».

Пешвои миллат устувории давлати навбунёди даврони истиқлоли Тоҷикистон ба устувории «Шоҳнома» ва ҳикмати Абулқосим Фирдавӣ марбут медонад. Таъкид менамоянд, ки танҳо ҳамон вақт давлати мо давлате хоҳад буд, ки мисли «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз боду борон ва ҳодисоти рӯзгор газанде наёбад. Чунончӣ зимни суханронӣ ба муносибати дуввумин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон (26 июни соли 1999) ҳамин нуктаро таъкид дошта буданд: «Мо бояд аз бурду бохти давлати Сомониён сабақ гирифта, нахусти хиштҳои давлати нав ва мустақили хешро санҷидаву дониста ва устувор гузорем. Танҳо ҳамон вақт давлати мо давлате хоҳад буд, ки мисли «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз боду борон ва ҳодисоти рӯзгор газанде наёбад».

«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ҳамосаи миллии халқҳои эронӣ аз ҷумла тоҷикон мебошад.Агар ба таърихи адабиёт нигарем, мебинем, ки ҳамосасароӣ дар давраи Сомониён оғоз гардида буд. Сомониён натанҳо ҳамосаи миллиро ҳимоят мекарданд, ки балки онро ба унвонии барномаи тақвияти  ҳувияти миллӣ мепиндоштанд.

Ин ҳам воқеият ҳаст, ки то замони касби Истиқлоли давлатӣ, таърих, адабиёт ва фарҳангӣ даврони Сомониён ба таври густурда тарғибу ташвиқ нагардидааст. Ҷашнгирии 1100-солагии давлати Сомониён ва истиқлоли комили давлатӣ, шахсияти миллӣ ва фарҳангии Пешвои миллат  асоси тарғибу ташвиқ ва дар маҷмуъ шинохти давлати Сомониён ба ҷаҳониён гардид. Пас аз ҳазор сол, барномаи ҳимоят аз ҳамосароиро ба унвони тақвияти ҳувияти миллӣ, маҳз Пешвои миллат роҳандозӣ намуд.

Пешвои миллат дар мақолаи хеш таҳти унвони «Ҳазор соли як умр. Андешаҳо дар ҳошияи ҷашни 1100 - солагии давлати Сомониён («Независимая газета», сентябри соли 1999) зикр намудааст, ки: «Маҳз дар давлати Сомониён ташаббуси неки нигоҳ доштани ҳамосаи қадимаи халқҳои эронӣ ба миён омад. Ба таври эҷодӣ аз худ намудан ва абадӣ гардонидани ҳамоса аз ҷониби Дақиқӣ шурӯъ гардид ва онро Абулқосим Фирдавсӣ идома дод.

Ҳамчунин, дар мақолаи «Андешаҳо дар остонаи даҳсолагии Истиқлолияти Тоҷикистон» қайд намудааст, ки: «Ҳашамати даврони давлатдории Сомониён, ки бо фарҳанги худ ба Эҳёи Шарқи Миёна оғоз гузоштааст, дар он аст, ки ходимони давлатии нав ва фарҳанги нави онро аз тариқи маънавиёти тоисломӣ дарк мекарданд. Шоир Дақиқӣ дар давраи Сомониён бояд кореро ба анҷом медод, ки бо ҳукми тақдир ин амри хайрро Фирдавсӣ ба сомон расонид. Достонҳои асотирӣ хеле нозукбинона дар «Шоҳнома» ба риштаи назм кашида шудаанд.

Пешвои миллат «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсиро ба сифати бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихӣ унвон намуда, ӯро инсони покнажоду покгуҳар, ҳамосасарои нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи халқи ориёӣ меҳисобанд, ки таърихи чандинҳазорсоларо аз нав эҳё намудааст. Ҳамин бузургии ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-аш мебошад, ки Пешвои миллат зимни таълифи  китобҳо, ҳангоми баромаду суханрониҳо ба «Шоҳнома» муроҷиат менамояд, барои тақвияти андешаҳояшон аз ин ҳамосаи миллӣ ҳамчун санаду сарчашмаи воқеӣ далелу иқтибос меоваранд. Чунончӣ:«Яке аз тавонотарин донандагони таърихи аҳди куҳан Фирдавсӣ «Шоҳнома»-и худро дар асоси сарчашмаҳои таърихӣ, аз ҷумла «Худойнома», «Маздакнома», «Шоҳномаи Абӯмансурӣ», «Шоҳнома»-и Масъуди Марвазӣ, Абулмуайиди Балхӣ,Абӯалии Балхӣ, инчунин «Гуштоспнома»-и Дақиқӣ ва дигар ривояту қиссаҳо ва достонҳои ҳамосию таърихии халқҳои ориёнажод офаридааст. «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бузургтарин достони асотирию адабӣ ва таърихист, ки сарнавишти талху ширин ва таърихи подшоҳии беш аз 50 шоҳаншоҳи ориёнажодро дар барбар гирифтааст».

Пешвои миллат ду асари пурарзиш, яъне «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ барои сарнавишти халқи тоҷик бурҳони қотеъ медонанд. Яъне, ин ду шоҳасар шиносномаи миллат ва халқи тоҷик маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ,  «Тоҷикон» -и академик Бобоҷон Fафуровро дар радифи «Шоҳнома»- Абулқосим Фирдавсӣ қарор додааст: «Устод Бобоҷон Fафуров дар радифи бузургтарин фарзандони Ватани мо қарор доранд. Агар Абулқосим Фирдавсӣ гузаштаи пурифтихори Ватанамонро дар «Шоҳнома»-и безаволи худ пеши назари наслҳои нав ба нави инсонҳо ба ҷилва оварда бошад, айнан ҳамин корро устод Бобоҷон Fафуров дар китоби безаволи худ «Тоҷикон» ба санадҳои илмӣ анҷом додааст».

Аз замони эҷоди «Шоҳнома» то кунун дар бораи арзиши «Шоҳнома» ва шахсияти ҳунарии Абулқосим Фирдавсӣ, мақому мартабаи ӯ дар таърихи адабиёт китобу мақолаҳои арзишманд аз тарафи пажӯҳишгарону адабиётшиносон таълифу ба наш расида бошад. Аммо дар ҳеҷ як мавод оид ба савганди Абулқосим Фирдавсӣ бо номи Наврӯз зикр нашудааст.

Ҳамин ҳикмати савгандхӯрии Абулқосим Фирдавсиро бо номи Наврӯз Пешвои миллат дар паёми табрикиаш ба муносибати фарорасии Иди Наврӯз баён намуд: «Фирдавсии бузург ҷашнгирии  Наврӯзро ба бузургдошти марзу буми Ватан ва посдории суннатҳои миллӣ пайванд дода, таҷлилгарони онро ба некону родмардон дар як саф гузоштааст. Муҳаббати ин бузургмард ба оини ҷовидонаи миллат ба дараҷае будааст, ки дар ҷойи дигар аз забони як қаҳрамонаш бо номи Наврӯз савганд ёд кардааст».

Адабиёти паҳлавӣ Абулқосим Фирдавсиро на танҳо аз таҳаввули андеша ва тамаддуни башарӣ огоҳ сохтааст, балки ба ӯ   худшиносии миллӣ ҳидоят намудааст. Зеро адабиёти паҳлавӣ ё адабиёти миёнаи форсӣ  дар давраи Сосониён ривоҷ ёфт ва маҷмӯи матнҳои зардуштӣ, таърихӣ, ахлоқӣ ва донишномаҳоро дар бар мегирад, ки муҳтавои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ аз ҳамин манбаъҳо, яъне адабиёти паҳлавӣ сарчашма гирифтааст.

Пешвои миллат шукуҳу шаҳомат ин адабиёт ва даврони Сосониёнро ба таври мухтасар баҳогузорӣ намудааст, зеро  ба хулосаи Пешвои миллат, ҳамин осор буд, ки гузаштаҳои дури таърих, тамаддуни мардумони ориёӣ зинда гардида шуда ва достоне чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин таърихро дубора зинда сохт. Ҳамин нуктаро дар мақолаи «Чанд андешаи дигар остонаи ҷашни соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ» қайд намудааст: «Аҳди Сосониён давраи шукуфоӣ ва рушди осори хаттӣ  дар суннати ориё ва маънои воқеии он аҳди Сосониён мебошад. Дар ин давра якҷо бо дигар навиштаҳои форсии миёна осори бузурги адабиёти паҳлавӣ эҷод шуд, ки мазмун ва муҳтавои ин мерос ба давраҳои дури шинохти таърихи вокеӣ ва асотирии мардумони ориёӣ мерасад. Маҳз ҳамин осор буд, ки гузаштаҳои дури таърих, тамаддуни мардумони ориёӣ зинда гардида шуда ва достоне чун «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ин таърихро дубора зинда сохт».

Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ дар тарғиби мафкураи миллӣ ва идеяҳои ватандӯстӣ, ҳифзи ҳувияти миллӣ ва пойдории  марзу бум  нақши шоиста  дорад. Талошҳои мондагори Пешвои миллат дар ин аст, ки  ҳар яки мо бояд  руҳи поки Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани маърифати миллӣ ва хештаншиносӣ бевосита ба «Шоҳнома» муроҷиат намоем, аз мазмуну муҳтавои ин ҳамосаи миллӣ огоҳии бештаре дошта бошем. Дар маърузаи илмӣ   бо номи «Фарҳанги сулҳ» қайд намудааст, ки: «Ниёгони мо таърихан мардуми мубориз, ватандӯст ва истиқлолхоҳу фидокор буданд ва шиори аслии зиндагиашон бо ин байти ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ хулоса шудааст:

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Зимни суханронӣ ба ифтихори 15- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 феврали соли 2008) иброз доштанд, ки: «Дар «Шоҳнома»-и ҳаким Фирдавсӣ, ки корномаи қаҳрамонӣ ва ватандӯстии аҷдодони ниёкони мо мебошад. Беҳуда таъкид нашудааст, ки:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

Дусад марди чанги бех, аз сад хазор.

Назари Пешвои милат ба идеяи марказӣ, мавзуи асосӣ ва меҳварии «Шоҳнома» ба таври хос муайян гардидааст. Зикр менамоянд, ки дар «Шоҳнома» се идеяи марказӣ ва роҳнамо - идеяи ба вуҷуд омадани ҷомеаи башар, идеяи ватандӯстӣ ва ватангароӣ, идеяи салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа мавҷуд аст, ки шоир пайванди ин маҷмуаи бузурги гуногунмавзуъро ба вуҷуд оварда, падидаи бузурги тамаддуни моро халқ кардааст. Вобаста ба мавзуи асосӣ ва меҳварии «Шоҳнома» дар ин ақида ҳастанд, ки: «Мавзуи асосӣ ва меҳварии «Шоҳнома» ситоиши донишу хирад, тарғиби ватандӯстию ватанхоҳӣ, тараннуми истиқлолу озодӣ, ташвиқи баробарии инсонҳо, пирӯзии некӣ бар бадӣ ва адолату дод бар беадолатию бедодӣ мебошад, ки баъд аз ҳазор сол, дар даврони Истиқлоли давлатӣ аз аҳаммияти фаровон бархурдор аст».

Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки бояд халқи тоҷик монанди қавмҳои дигари ориёнӣ бо «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ифтихор дошта бошанду ифтихор намоянд. Дар «Шоҳнома» на танҳо зиндагӣ, кору пайкор, мардонагию шуҷоати гузаштагонамон, балки асолати забони тоҷикӣ ҳифз шудааст. Аз тарафи дигар «Шоҳнома» гувоҳи устувориву пойдории забони форсии тоҷикӣ дар таърихи тамаддуни башар мебошад. Ҳамчунин, далели қотеъ барои онҳое мебошад, ки бузургиву шаҳомати ин забонро нодида мегирифтанду мегиранд.

Ҳамчунин, «Шоҳнома» барои шинохти имрӯзу гузаштаи халқи мо уфуқнамост ва дар бунёди давлати миллӣ, баҳри тарбияи мардум ва пайдо намудани тасаввуроти шоиста оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯйи пешравиҳои минбаъда, яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад. Ҳамин аст, ки Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки: «Халқи тоҷик мисли қавмҳои дигари ориёӣ аз он ифтихор дорад, ки ҳаким Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и ҷовидонаи худ манзараи басо барҷастаи Ватанамонро аз бомдоди зиндагӣ дар ин сарзамин то рӯзгори худ бо қалами сеҳрофарин тасвир намудааст ва мо ҳамроҳи офаридгори ин ҳамосаи ҷовидонӣ шоҳиди ҳам пирӯзиҳо ва ҳам нокомиҳо, ҳам сарбаландиҳо ва ҳам шикастҳо мешавем.

Маънову муҳтавои олии «Шоҳнома» ба зевари лафзи дарӣ, забони софу ноби тоҷикӣ пардоз ёфта, дар матни худ беҳтарин намунаи забони равону расо ва дар айни ҳол содаву покизаи тоҷикӣ - форсй - дариро ҳифз намудааст, ки нишони камоли забони модарии мо мебошад ва бо гузашти беш аз ҳазор сол мо ба ҳамин забон гуфтугӯ мекунем».

Пешвои миллат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» таҳти унвонии «Абулқосим Фирдавсӣ. Ситойишгари адлу ростӣ ва нуру хирад.» шахсияти Абулқосим Фирдавсӣ ва шаҳомати «Шоҳнома»-и ӯро ба таври мухтасар баён намудааст.

Шахсияти Абулқосим Фирдавсиро нобиғаву достонсаройи беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон, бузургтарин ҳамосаройи миллӣ шинохтааст. Табиист, ки ҳамосаи миллӣ падидаи фарҳангии миллӣ дар таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон аст. Аммо, ин воқеият ҳаст, ки таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон дар пояи «Шоҳнома» ҳамосаи миллӣ надоранд. Зеро «Шоҳнома» шаҳодатномаи аслияти миллӣ ва барҷастатарин намунаи адабиёти тоҷик аст, моро дар даврони истиқлоли миллӣ ба шинохти таърихи гузашта ва имрӯзсозию ояндасозӣ фаро мехонад. Бо таъкиди Пешвои миллат:«Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ба сифати як инсони покнажоду покгуҳар ва шахсияти нобиғаву достонсаройи беҳамто, султони шеъру адаби форсигӯёни ҷаҳон воқеан фалсафаву адаби моро неруи тоза бахшида, шеърро ба ҳар дард даво ва ёвару мададгор ва ҷонбахши мардум гардонид. Фалсафаи манзуми ӯ моломоли ғояҳои ватанпарастӣ, башардӯстӣ, покию нафосат, сулҳу сафо, панду андарз ва ахлоқи ҳамида, шеъри набарду мубориза ва ҷонбозиҳо дар роҳи озодии халқу Ватан, дар роҳи адолату ростӣ аст.

Ҳаким Фирдавсӣ ба сифати як ҳамосасаройи нобиға ва бузургтарин донандаи таърих ва зиндагиномаи гузаштагони хеш таърихи чандинҳазорсоларо дар дилу дидаи оламиён аз нав эҳё карда, аз қисмату сарнавишти мардони бузурги таърихи мо ва рӯйдодҳои зиндагӣ натиҷаҳо бардошт ва ҳосили ин бардошт панду андарз ва хулосаҳои саршор аз ҳикмат аст, ки моро ба роҳи ростӣ ҳидоят мекунад».

Таваҷҷуҳи Пешвои миллат ба «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ барои ҳар як фарди худогоҳу хештаншинос бояд намунаи ибрат бошад. Зеро Пешвои миллат мехоҳанд, ки ҳар яки мо бо фарзандони фарзонаи миллат, саҳми беназири онҳо дар рушди тамаддуни умумибашарӣ ифтихор намоем, осори онҳоро омӯзем ва ҳикмати ҷовидонаашонро қутбнамои рӯзгори хеш қарор диҳем. Дар маврид низ таъкид намудаанд, ки: «Шоҳнома», ки қомуси таъриху фарҳангу илму адаби мост, ба мо итминон ва бовар мебахшад, ки забони модарии мо дар баландтарин поя қарор дошта, барои баёни мафҳумҳои илмию сиёсию иҷтимоиёту ойину эътиқоду ҳунару гетишиносӣ ва кайҳоншиносӣ комилан қодир мебошад. Собит намудани ин ҳақиқат дар зимни эҳёи таърихи бостон, ҳамчунон ки дар замони ҳаким Фирдавсӣ муҳим буд, имрӯз ҳам ба ҳамон андоза муҳим аст. Бо шарофати Фирдавсӣ забони модарии мо бо доштани чунин як намунаи бузургу дурахшони адабию ҳунарй аз газанди рӯзгор ҷовидона эмин хоҳад монд.

Ҳадафи аслии Пешвои миллат аз гиромидошт ва зинда нигоҳ доштани ному корномаи фарзандони бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла Абулқосим Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»- ӯ ин аст, ки таърихи пурифтихор ва мероси пурбори илмӣ, адабӣ ва фарҳангиву тамаддунии худро соҳибӣ ва ҳимоя кунем ва афкори хирадмандонаи Абулқосим Фирдавсиро барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлатдории навини миллиамон ҳарчи бештар ва оқилона истифода барем.

Зеро бо таъкиди Пешвои миллат: «Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ, ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёинажод, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои цангу сулҳ ва шинохтани ҳаққу ботил, фирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем.

Пешвои миллат ҳидоят менамонд, ки мо «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, ҳамчун санад ва сарчашмаи ҳувияти миллӣ муносибати махсусе дошта бошем: «Шоҳнома» асари ҷовидонист ва ҳар сатри он аз заминаи миллӣ, аз саргузашту користони мардуми он, аз зиндагии воқеӣ берун омадааст ва биноан, шеъри Фирдавсӣ шеъри асил ва ростин аст. Ҳазор сол боз мардуми мо аз шеъри Фирдавсӣ ғизои рӯҳу ҷон, панду ҳикмат, ахлоқи ҳамида мебардоранд, ба ҳар дардашон даво, ба тани ранҷурашон шифо меёбанд, тавассути шеъри ӯ мушкилоташонро осон мекунанд».

Ҳамин тавр, нақши Пешвои миллат дар ҳифзу бақои ҳувияти миллӣ, ҳастии маънавӣ ва арзишҳои фарҳангии тоҷикон дар давраи сарнавиштсози истиқлоли миллӣ барҷаста мебошад ва дар баробари фаъолияти сиёсӣ ва давлатдорӣ дар ташаккул ва рушди адабиёти бадеӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ ва самтҳои дигари ҳаёти маънавии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми бузургу мондагоре доранд.

Ҳамизода Зебуниссо Абдуқодир, асистенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ 

Гулбии Қурбоналӣ, донишҷӯйи курси дуюми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик, узви маҳфили «Шоҳномахонӣ»




Ба рӯйхат