,
Чоршанбе, 11-март
Дар фарҳанг ва тамаддуни мардуми тоҷик қадру манзалати зан-модар ҳамеша мавқеи гиромӣ дорад. Зан-модар яке аз сутунҳои асосии ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешрафту тараққиёти ҳар миллату давлат бе иштироки фаъолонаи занон ғайриимкон аст, зеро маҳз зан бо меҳру муҳаббат, ақлу заковат, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ дар тарбияи насли солим ва бунёди ҷомеаи солим нақши калидӣ мебозад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳоест, ки ба мақому мартабаи зан-модар арҷу эҳтироми хосса дорад. Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати мамлакат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи баланд бардоштани нуфузи занон, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти густурдаашон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.
Яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат, дар баробари дигар самтҳои муҳими давлатдорӣ, ба таври махсус ба дастгирии занону бонувон бахшида шудааст. Бояд тазаккур дод, ки воқеан ҳам мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар басо назаррас ва арзишманд арзёбӣ гардидааст. Ҳамзамон Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паёми имсола чунин иброз доштанд: «Мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик, ҳамчун неруи бузурги ҷомеа, эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем».
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат мақоми занон дар ҷомеа марҳила ба марҳила баланд бардошта мешавад. Дар баробари арҷгузорӣ ба зан-модар, роҳбари хирадманду дурандеши кишвари азизамон фароҳам овардани шароити мусоид барои илму донишандӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтаронро вазифаи ҷонии аҳли ҷомеа медонанд.
Пешвои миллат бузургиву беназирии зан-модарро ситоиш намуда, гуфтаанд: «Бешак, дар ҷомеае, ки сафи занони босаводу бомаърифат меафзояд, пешравӣ босуръат хоҳад буд ва дар он шумораи ҳарчи бештари фарзандони хуб тарбия хоҳанд ёфт».
Бешубҳа, таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбат ба зан-модар дар асл ғамхорӣ ба фардои миллат аст. Зан-модар гаронбаҳотарин неъмати зиндагии мост, зеро ҳаёт бо тамоми зебоиҳояш аз фазлу бузургии ҳиммати баланди ӯ рангу ҷилои тоза мегирад.
Занону бонувони мо, бо вуҷуди он ки ба парасторӣ ва тарбияи фарзанд машғуланд, ҳамзамон ба омӯзиши илму дониш ва соҳибкасб гардидани худ дар соҳаҳои гуногун машғул буда, саҳми арзандаи худро дар рушду нумӯи кишвари азизамон мегузоранд. Имрӯзҳо дар соҳаҳои гуногун бонувон бомуваффақият фаъолият намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.
Зани тоҷик дар соҳаҳои гуногун дар қатори мардон содиқона, оқилона ва ҷасурона фаъолият мекунад. Мо аз он ифтихор мекунем, ки занони баруманди тоҷик номи миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи баромадҳои худ вобаста ба масъалаи зан-модар ҳамеша таъкид менамоянд: «…зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорон, донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом, аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарон, занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».
Воқеан, аввалин мураббӣ ва муаллими инсоният, инчунин сарчашмаи тамоми пешравию муваффақияти фарзанд модар аст. Модар шаҳсутуни зиндагии мост ва ҳузури ӯ муҳити моро сурурбору нишотангез мегардонад. Қиматтарин шахс ва беҳтарин олиҳаи ҳаёт дар олами ҳастии мо модар аст. Дар ҳақиқат, модар нур аст ва чун хуршед ҷаҳонро равшанӣ мебахшад.
Дар ҳама давру замон занон бо хислатҳои наҷиб ва тарбиятгаронаи худ ҷомеаро ба пос доштани арзишҳои умумибашарӣ, сулҳу субот, ваҳдату дӯст доштани Ватан, инчунин ба амалҳои неку созанда ҳидоят менамоянд.
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтанӣ ва маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад.
Шоири ширинкалому ширинбаён Рустам Ваҳҳобзода дар тақвияти гуфтаҳои боло зан-модарро тавсиф намуда, андешаи худро ба риштаи назм кашидааст:
Занонро гар зи дониш зеваре ҳаст,
Умеди рӯзгори беҳтаре ҳаст.
Агарчи аз занон пайғамбаре нест,
Ҳама пайғамбаронро модаре ҳаст.
Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст. Худованд ба зан зебоӣ, иффат, дилрабоӣ, шуҷоат, садоқат, ҳунармандӣ, меҳру муҳаббат, наслофарӣ ва фариштахӯиро эҳдо кардааст. Дар хонадоне, ки аз меҳру навозиш ва файзу нусрати зан баҳравар нестанд, он ҷо баракат нахоҳад буд. Беҳуда нагуфтаанд: «Саодати зиндагӣ дар калимаи зан нуҳуфтааст».
Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ дар ситоишу тавсифи зан чунин андешарон кардааст: «Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст».
Дар замони имрӯза зан-модар, махсусан дар Тоҷикистони азизи мо, аз ҳуқуқу озодиҳои фаровон бархурдор буда, зери ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Пешвои маҳбуби миллат қарор дорад ва дар ҷомеа ҷойгоҳи волоеро сазовор гардидааст.
Дар баробари эътимод ва боварие, ки Пешвои муаззами миллат нисбат ба занону модарон изҳор намудаанд, бонувонро низ зарур аст, ки насли ҷавон, бахусус духтаронро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, хештаншиносӣ, ватанпарварӣ, ифтихор аз миллату давлат, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносию худогоҳӣ тарбия намоянд. Ҳамчунин, онҳоро ба ҳифз ва тарғиби фарҳанги қадимаи миллӣ ва истифодаи либоси зебои миллиамон дар зиндагии ҳаррӯза роҳнамоӣ кунанд.
Занону бонувону гулдухтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дар симои шумо тамоми бонувон, модарон ва духтарони кишвари азизамонро ба муносибати Рӯзи модар самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори босаодат, неруи беинтиҳо ва дар корҳои таълимиву тарбиявӣ, илмиву таҳқиқотӣ муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоем.
Мубина Қаюмова, раиси Шӯрои занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ