,
Чоршанбе, 11-март
«Модар азизтарин вуҷуди рӯи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, зеро ӯ дар шодиву нишоти зиндагӣ ва ҳам дар лаҳзаҳои ғаму андӯҳ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Эмомалӣ Раҳмон
Модар на танҳо офарандаи ҳаёт, балки пояи маънавию ахлоқии ҷомеа ва фариштаи рӯи Замин мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рӯзи Модар ҳамчун ҷашни давлатӣ бо Фармони №632 аз 6 марти соли 2009 «Дар бораи Рӯзи модар» эълон гардидааст.
Ҳар сол ин ид дар саросари кишвар бо тантанаҳои фарҳангиву маърифатӣ таҷлил мешавад. Дар мактабҳо хонандагон барномаҳои идона баргузор намуда, шеърҳо дар васфи модар мехонанд, сурудҳои дилнишин месароянд ва бо суханони самимӣ занону модаронро табрик менамоянд. Дар идораҳо ва ташкилотҳо низ маҷлисҳои идона баргузор гардида, занону модарони фаъол бо сипоснома ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Модарон сарчашмаи бепоёни ҳаёти инсоният ва бақои ҷомеа мебошанд. Ҳурмату қадрдонӣ ва ба ҷо овардани хизмати модар барои фарзанд ҳам фарз асту ҳам қарз.
Чунонки Иқболи Лоҳурӣ дар васфи зан гуфтааст: “Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намояндаи покӣ, намунаи муҳаббат, дӯстӣ ва чашмаи бахшиш аст”.
Мавқеи занон дар ҷомеаи муосир барои пешрафти давлат дар соҳаҳои гуногун бисёр назаррас мебошад. Зан, ки яке аз пояҳои асосии зиндагӣ ва тамаддуни башар аст, дар рушди тамаддуни инсонӣ саҳми арзанда дорад ва идомабахши насли инсон ба шумор меравад.
Зан пеш аз ҳама модар аст - шахсе, ки фарзандро ба дунё оварда, бо меҳру муҳаббат ӯро ба камол мерасонад. Модар барои ҳар як инсон аввалин омӯзгор ва аввалин мактаб мебошад. Аз тарбияи модар на танҳо ояндаи фарзанд, балки ояндаи ҷомеа низ вобаста аст. Меҳрубонӣ, инсондӯстӣ, ватандорӣ ва дигар хислатҳои неку инсонӣ маҳз дар оғӯши модар ташаккул меёбанд.
Зан қаҳрамонест, ки далертарин мардон, занони боахлоқу покдоман ва ҳунармандро ба дунё оварда, онҳоро ба воя мерасонад, то дар оянда ба ватану давлати худ хизмат намоянд.
Модар гаронбаҳотарин сарвати ҳар миллат мебошад. Бесабаб нест, ки донишманде гуфта «Ҷомеа замоне ба авҷи пешрафт мерасад, ки аз кору кирдори модарон пуштибонӣ намояд».
Дар шароити муосир таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ метавонанд ба арзишҳои миллӣ ва оилавӣ таъсир расонанд. Аз ин рӯ, таҳкими мақоми модар дар ҷомеа ва таъмини кафолатҳои ҳуқуқии занону модарон яке аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа мебошад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаи 17 баробарҳуқуқии мардон ва занонро муқаррар кардааст. Дар моддаи 33 оила ҳамчун асоси ҷомеа таҳти ҳимояи давлат қарор гирифта, ба ҳар шахс ҳуқуқи ташкили оила дода шудааст ва бисёрникоҳӣ манъ карда мешавад. Инчунин, дар моддаи 34 ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат нисбат ба модару кӯдак кафолат дода шуда, уҳдадории мутақобилаи падару модар ва фарзандон оид ба нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоӣ муайян гардидааст.
Модар калимаест, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф иборат аст, аммо дар маънои он ҷаҳони пур аз муҳаббат, меҳрубонӣ ва бузургӣ нуҳуфтааст. Дар васфи модар садҳо достон, роман, ғазал ва суруд офарида шудаанд. Ин мафҳум барои ҳар инсон чунон муқаддас аст, ки фарзандон барои ҳифзи ӯ ҳатто ҷонашонро дареғ намедоранд.
Чунонки нависандаи фаронсавӣ Оноре де Балзак гуфтааст, «Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ муҳаббате беҳтар, поктар ва самимитар аз муҳаббати модар намеёбед».
Имрӯз занон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт фаъолият доранд. Онҳо дар соҳаи маориф ба насли наврас дониш меомӯзанд, дар соҳаи тиб саломатии мардумро ҳифз мекунанд, дар илм ба кашфиёт ноил мегарданд ва дар фарҳанг анъанаҳои миллиро ҳифз менамоянд. Ҳамчунин занон дар рушди иқтисод, сиёсат ва ҳаёти иҷтимоии кишвар саҳми арзанда доранд.
Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «Модарон на танҳо ояндаи фарзандони худ, балки ояндаи миллатро низ месозанд».
Аз ин рӯ, таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробар барои занону модарон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии мо ба шумор меравад.
Бо камоли эҳтиром тамоми бонувони тоҷик, модарони меҳрубону фариштасиришт ва хоҳарони азизро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик менамоем. Ба онҳо саломатӣ, хушбахтӣ, рӯзгори осуда ва осмони софу беғубор орзумандем. Бигзор ҳеҷ гоҳ чашмони модарон ашк набинанд ва ҳамеша табассум дар лабони онҳо ҷилвагар бошад.
Давлатзода Қаламнисо Одина, муаллими калони кафедраи назарияи иқтисодӣ факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ