,
Шанбе, 07-март
Ҳамаи шоирони бузурги Шарқу Ғарб дар ситоиши зан шеър гуфтаанд. Бе симову ситоиши зан назму наср ангуштаре буд бе нигин. Шоироне дар роҳи зан баргҳои гул рехтаанд, болои сари ӯ ситораҳои тобони ишқро афрӯхтаанд, аммо на камтар касон андешаи он мекарданд, ки он роҳи «пур аз гулу лола»-и зан бе монеа ба манзили мурод мерасад ё на. Шоирон на ҳамеша пай мебурданд, ки ситораҳои афрӯхтаашон ба зан гармӣ медиҳанд, роҳи онҳоро равшан месозанд. Гӯё ҳамин басанда буд, ки ӯро, яъне занро дӯст медоранду мафтуни ӯ гаштаанд. Аммо дар дили зан чӣ эҳсосоту ҳаяҷон аст, чӣ фикру зикр ӯро фаро гирифтааст, чӣ хаёле дар сари ӯст, касеро коре набуд.
Ба ин саволҳои сарпеч танҳо шоирони даврони мо ҷавоб ҷустанӣ шуданд, ба тақдиру сарнавишти ӯ бетараф буда натавонистанд. Бинобар ин дар эҷодиёти шоирон сарнавишту тақдири зан, ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва зиндагию кори ҳаррӯзаи онҳо мавқеи калон дорад.
Зане, ки шоирони даврони нав дар шеърҳои худ сурудаанд, занест, ки аз бандагиву асорати гузашта раҳоӣ ёфта, гӯё аз хоби гароне бедор шудааст ва бо ақлу заковати нек ва меҳнати ҳалол барои худ роҳ кушодааст. Дар ин роҳ на ҳамеша барги гулу лолаҳо пошидаанд, вале онҳо дар ин маънии зиндагӣ ва бахту саодати худро мебинанд.
Ғайр аз ин, шоирон зери пои ин зан баргафшонӣ не, балки гулафшонӣ мекунанд, то вай шоду озод дар роҳи зиндагӣ қадам занад. Чуноне ки халқ мегӯяд, зан офтобест, ки атрофро нурпошӣ мекунад. Ин ҳамон зани Шарқ аст, ҳамон машъалест, ки аз асорати торикистон раҳоӣ ёфта, ба озодӣ баромадааст.
Ин зан дар шеъри шоири маҳбуби халқ Мирзо Турсунзода пеши назари мо бо ҳамин симо ҷилвагар мешавад:
Биҳишт, ки ризои мо дар он аст,
Андар кафи дасти модарон аст.
Зан-модар бунёди ҳаёт, сарчашмаи зиндагӣ ва атокунандаи бузургтарин ва ҳимматтарин чизи дунё — инсон аст. Бе муболиға забон дар васфи зан-модар лол ва оҷиз аст. Бо вуҷуди ин, суханварони ҳамаи халқу миллат аз сидқи дил кӯшидаанд, ки беҳтарин ифода ва бузургтарин каломро дар тавсифи зан истифода баранд.
Дар эҷодиёти шоирон ва устодони назми тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Сайдалӣ Вализода, Ҳабиб Юсуфӣ, Мирсаид Миршакар, Мӯъмин Қаноат, Тилло Пӯлодӣ, Бобо Ҳоҷӣ, шоирони хушзавқ Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Абдумалик Баҳорӣ, Муҳиддин Аминзода, Наимҷон Назирӣ, Файзулло Ансорӣ, Гулназар Келдӣ, Бурҳон Фаррух, Файзулло Ҳабибулло, Ширин Бунёд, шоира Гулрухсор Сафиева ва дигарон тасвири корнамоиҳо, бахти баланду ифтихор ва шӯҳрату шарафи зани ҳозира яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Дар офаридани образи зан шоирон аз воситаҳои тасвири бадеӣ бо маҳорату истеъдоди бузург истифода намудаанд. Истифодаи воситаҳои тасвири бадеӣ барои боз ҳам ҷолибтар баромадани образи зан кӯмак мекунад.
Калимаю ибора ва ифодаҳое, ки дар тавсифи зан-модар истифода шудаанд, аз лиҳози забону услуб хеле диққатрабо буда, лоиқи тадқиқу таҳлили алоҳидаанд.
Боқӣ Раҳимзода зан-модарро чун «сарчашмаи ашъор», Муҳаммадҷон Раҳимӣ «шамъи базморо», Сайдалӣ Вализода «боғи муроду бахти рахшон», Ширин Бунёд чун «шоҳсутуни кохи умед», Лоиқ «беҳтар аз мардон» мешиносанд. Аз ин ҷост, ки дар ашъори шоирон зан-модар пеш аз ҳама бо итилоҳҳои хешутабории модар, модаркалон, ҳамсар, духтар, хоҳар, ҳамшира, арӯс, келин ва дугона ном бурда мешавад:
Ин аҷаб зебо, азизам, ёри ҷононам занак,
Зеби ҷою маскану ҳавлию долонам занак.
Ғайр аз ин, шоирон калимаҳои «ҷон», «ҷонона», «дӯст», «ҷонон», «ёр», «маҳбуба», «нигор», «бут», «ҷони ширин», «дилором», «дилбар», «дилдода», «дилхоҳ» ва ғайраро самаранок истифода намудаанд.
Лоҳутӣ дар рубоии зер чунин овардааст:
Даруни ҷон, буто, бешак туӣ, ту,
Дилоромам ба дунё як туӣ, ту.
Дар баробари ин, шоирон аз хабарҳои тавсиф чун ифодаҳои «гулпираҳан», «симинбадан», «абрӯкамон», «оҳунигоҳ», «зӯҳражабин», «хушхиром», «шӯхчашм», «моҳи ҷамол», «чароғи маҳфил», «камарборик», «ширинадо», «маҳлиқо», «шаҳдгуфтор», «лӯъбати фарзона», «мушкилкушо» бомаҳорат ва фаровон истифода бурдаанд, ки онҳо инъикоскунандаи хислату рафтор, зебоӣ ва нафосати зан мебошанд:
Субҳдам он гулбадан то даст бар гул мекунад,
Бар рухи гул аз арақ шарму ҳаё гул мекунад.
Шоирон ҳаёти хуррам ва хушбахтонаи зани имрӯзаро бо ҳаёти талху нокоми пешинаи ӯ муқоиса мекунанд, аз он меболанд ва мефахранд, ки имрӯз зане, ки солҳои сол аз тамоми хушиҳои рӯзгор бебаҳра буд, соҳиби бахти баланд, ному иқболи нек ва соҳиби хонаю ҷост. Далели гуфторҳои боло мундариҷаи шеърҳои Т. Пӯлодӣ «Нидои зафар», шеъру достонҳои М. Турсунзода «Дар ёди ҷавонӣ», «Модарам», «Ҷони ширин», «Водии Ҳисор», «Зан зан аст», шеъри М. Аминзода «Ба духтари озоди комбинат», шеърҳои М. Раҳимӣ «Ба занони озод», «Ба духтарон» ва дигарон мебошанд.
Ҳаёти хуррам ва хушбахтонаи зани муосир дар ашъори шоирон бо ифодаҳои муносиб чун «ҳунарманди замон», «духтари хушбахти замон», «афрӯзандаи бахт», «фарзанди ғайратманд», «ҷононаи бахтиёр», «духтари толеъбаланд», «сарви озоди чаман», «бахтиёри ҷаҳон», «занони бошараф», «духтари озоду шод», «фирӯзманд» ва ғайра баён шудааст.
Албатта, азизтару муқаддастарин, қимматтарин ва поктарин инсон дар рӯи замин зан-модар аст. Вай бо зан-модар як, болонишин чун фалак, ҷаҳони армон ва зиёда аз ними ҷаҳон аст. Бе зан-модар зиндагии инсон маъние надорад. Аз ин рӯ, барои васфи ӯ ибораҳои «дар чашм беҳтар аз ҷон» (А. Лоҳутӣ), «ҷаҳони соддаи ишқу таманно», «модар-замин», «давлати сар» (Лоиқ), «пайванди дилу ҷон» (Ф. Ҳабибулло), «беҳтар аз бӯи баҳор» (Ф. Ансорӣ), «аз дасти зан гулзор шудани мамлакат», «бо иштироки зан хуб шудани ҳама корҳо», «бе зан то абад дар гил мондани пои мо» (М. Турсунзода)-ро бо маҳорат истифода намудаанд:
Модаро, шоҳсутуни кохи умед,
Пояи умри одамӣ ҳастӣ.
Чун замин сабр дорию тамкин,
Чун замин одамофарин ҳастӣ.
Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи «Зан» нуҳуфтааст. Модар давомдиҳандаи ҳаёт, нигоҳдорандаи гармию рӯшноӣ, нигоҳбони оташи хонадон, озодагӣ ва покии аҳли башар аст, ки бо иффату поксириштии худ, бо шири поку саршор аз меҳру муҳаббат ва созандагӣ дар вуҷуди фарзандони азизи мо самар дода, орзуву армони моро ҳувайдо мегардонад ва ҳар якеро ба қуллаи мурод раҳнамун месозад.
Боиси ифтихори мо, бонувон аст, ки ҳанӯз аз даврони соҳибистиқлолии ватанамон таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёд аст. Вазъи имрӯзи ҳаёти бонувони мамлакатро мавриди таҳлил ва баҳрабардорӣ қарор дода, пеши мақомоти масъул, модарону занон ҷиҳати пешрафту нигоҳдошти давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи мо вазифаҳо гузоштаанд.
Имрӯз талошҳои Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ин самт қабулгардида таъмини кафолатҳои конститутсионии баробарҳуқуқии мардону занонро дар соҳаҳои иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ ба роҳ мондаанд. Бонувони мо дар баробари мардон қобилияти тавоноӣ, маҳорат ва малакаашонро барои иштирок дар раванди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ озодона истифода мебаранд.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба бузургӣ ва азамати зан-модар баён медорад: «Модар ягона мавҷуди мушфиқу ғамхор ва мунису меҳрубонест, ки ба фарзанд ҳаёт мебахшад, ба ӯ сухан гуфтану роҳ рафтанро ёд медиҳад, ӯро тарбия мекунад ва дар раванди тарбия дар қалби фарзанди худ эҳсоси муҳаббату самимият, некиву накӯкорӣ ва инсондӯстиро ба вуҷуд меоварад, барои босаводу соҳибмаърифат ва соҳиби касбу ҳунар шудани нури чашмонаш саъю талош менамояд».
Ё ин ки нуктаи дигар низ дар ҳамбастагӣ ба ҳамин маъно баён гардидааст, ки:
«Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад».
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд ва бо ифтихор баён карданд:
«Дар фарҳангу тамаддуни мо — тоҷикон иззату эҳтироми зан-модар ҳамеша ҷойгоҳи хос дорад».
Вале бояд гуфт, ки мақому манзалати занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст.
Аз ин ҷост, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: «Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёту давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем. Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем».
Самараи ҳамин гуна дастгириву пуштибониҳост, ки имрӯз қариб дар тамоми соҳаҳои давлатдорӣ бонувони кишвар кору фаъолияти назаррас доранд.
Ҳамин тариқ, дар баробари ин ҳама ғамхориҳо мо, занону бонувонро мебояд суханҳои меҳрбору боэътимоди дар боло зикршударо дар кору фаъолият роҳнамоии ҳамешагии худ қарор дода, бо азми комил дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон саъю талош намоем ва саҳми худро дар дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки хонаи умеду ормонҳои мост, гузорем.
Қувватова Муҳаббат, дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ