,
Панҷшанбе, 05-март
Модар азизтарин ва муқаддастарин шахс дар зиндагии инсон мебошад. Меҳру муҳаббати модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад, ба зиндагӣ мадору қувват мебахшад ва роҳи дурусти ҳаётро нишон медиҳад.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақому манзалати модар чунин таъкид намудаанд: «Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват мебахшад».
Ҳамчунин Пешвои миллат ҷойи дигар таъкид доштаанд, ки «Дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аз хотирҳо рафтаи худ - Иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми зан - модарро пос медорад. Дар робита ба ин пешниҳод менамоям, ки ҳамасола рӯзи 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта шавад».
Дар ин замина ҳамасола 8-уми март дар саросари мамлакат ҳамчун «Рӯзи Модар» васеъ ва бо шукӯҳи хос, ба хотири арҷгузорӣ ба бузургии зан - модар таҷлил мегардад. Ин иқдом, яъне ҷашни Рӯзи Модар, аз хислатҳои ҳамидаи инсондӯстӣ ва қадршиносии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба олиҳаи зиндагӣ-Модар, сарчашма мегирад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешравии ҷомеа ва тарбияи насли солимро аз баракати модарон медонанд ва доим таъкид менамоянд, ки нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон муҳим ва арзишманд аст.
Ҷашни Рӯзи Модар ба рӯзҳои аввали фасли зебои баҳор рост меояд ва ба андешаи Сарвари давлат, агар баҳор оғози эҳёи табиат, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза бошад, модар оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад. Модарон дар рӯи замин сарчашмаи хушкнашавандаи ҳаёт, муқаддимаи ҳаловату осоишанд.
Олимон дар васфи бузургии зан - модар суханони пурқиммате баён намудаанд.
Дар ин маврид олим Гёте чунин иброз намудааст: «Ҳеҷ чиз ба андозаи дидани як модар, вақте тифлашро дар оғӯш дорад, рӯҳпарвар нест ва ҳеҷ чиз ҳисси эҳтирому ситоиши моро ба қадри ҳолати модаре, ки кӯдаконаш ӯро иҳота кардаанд, бедор намекунад».
Ломартин фармудааст: «Модар беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонист».
Сарлашкари бузурги фаронсавӣ Наполеон мақоми модаронро ба дараҷаи баландтарин бардошта чунин гуфтааст: «Модар ба як даст гаҳвора ва ба дасти дигар дунёро такон медиҳад».
«Агар мард аз ишқу муҳаббат, зебоӣ, ҷасорату шуҷоати хоксоронаи занон баҳра наёфта бошад, пас вай ҳаргиз ҳаёти ҳақиқиро аз сар нагузаронидааст» - Ресхил.
«Зани шоиста ва некӯ шарики мард аст дар мулкаш ва нигаҳдори ӯст дар молаш ва ҷонишини ӯст дар хонааш ва амини ӯст дар тарбияи фарзандонаш» - Ибни Сино.
«Модарон ҳамеша мебахшанд ва гӯё барои ҳамин ба дунё омадаанд» - Дюма.
«Модар тоҷи офариниш аст» - халқ.
«Канору бари модари дилпазир,
Биҳишт асту пистон дар он ҷӯйи шир» - Саъдии Шерозӣ.
«Ба ҷуз модар модаре нест» - Расул Ҳамзатов.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад. Ҳукумати мамлакат бо назардошти нақши барҷастаи занон дар ҳаёти давлат ва ҷомеа масъалаи таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро ҳамеша дар маркази диққат қарор дода, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир менамояд.
Доир ба баробарҳуқуқии мардону занон аз тарафи Ҳукумати кишвар қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», аз 1-уми марти соли 2005 таҳти рақами 89, намунаи олии чунин қадршиносӣ ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад.
Натиҷаи чунин ғамхориву дастгирии давлат ва Ҳукумат аст, ки ҳоло занон дар ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла ба ҳайси сиёсатмадори шинохта, роҳбари кордон, донишманди асил, табиби ҳозиқ, соҳибкори саховатпеша, корманди поквиҷдони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тарбиятгару омӯзгори меҳрубон кору фаъолият менамоянд.
Занон ва духтарони мо дар пешрафти ҷомеа ва давлат баробари мардон талош варзида, дар ҷомеа мақому мавқеи сазовор доранд. Онҳо арзишҳои оиладорӣ, инсонию миллиро ба фарзандони худ ва ҷомеа бо масъулияти баланд тарғиб менамоянд.
Дар пешрафт ва рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол бонувон ҳам баробари мардон саҳми босазо мегузоранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занонро дар ҷомеа баланд бардошта, дар ҳар суханрониҳои худ ба касбу кори занон диққати махсус медиҳанд. Воқеан, зан дар ҷомеаи мо нақши муассир дорад.
Аз ин ҷост, ки ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону бонувони касбу кори гуногунро барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар пешрафти ҷомеа бо мукофотҳои давлатӣ қадр мекунанд.
Ин таваҷҷуҳ ва қадршиносӣ масъулияти занону модаронро, пеш аз ҳама, барои тарбияи фарзандон дар роҳи хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бештар мегардонад.
Бузургии зан - модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигаҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллат мебошад.
Дар ин ҷода занону модаронро мебояд ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида саҳмгузор бошанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадри манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург мо занону модаронро водор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ, онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоем.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан - модар вобаста аст.
Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд хеле калон мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар яке аз баромадҳои худ ба муносибати Рӯзи Модар дар ҳаққи зан - модар чунин гуфта буданд: «Модар азизтарин вуҷуди рӯйи замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Зан - модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқи ҷовидонӣ, нахустин мураббӣ ва муаллими фарзанд мебошад. Зеро тору пуди модарон аз риштаи меҳру садоқат бофта шудааст. Аз ин лиҳоз, мо вуҷуди муқаддаси модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем ва ӯ ҳангоми шодиву нишот ва андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Ҳамду сано ба модари тоҷик, ки соҳиби дили пурмеҳру бузург аст. Маъбади ҳусну ҷамол, зиннати дашту саҳроҳо, қаҳрамони арсаи меҳнату шарафи атрофу халқ аст.
Модар аз дастакони кӯдакони маъсум дошта, ба роҳи рост ҳидоят мекунад. Забони модар ба ҳадде пурмеҳру муҳаббат ва ширину гуворост, ки ҳар сухан аз он мисли қатраҳои оби ҳаёт пош хӯрда, дилҳои ташнаро шодоб месозад.
Модар сарчашмаи тамоми некиҳо ва оғози ҳамаи хубиҳо аст. Модар офтоби дурахшонест, ки бо нуру зиёи хеш рӯзгори фарзандро равшану мунаввар месозад, бо анвори пурҷилояш гармию саодат ато мекунад.
Модар сарчашмаи муҳаббати бекарон ва меҳрубонтарин, азизтарин мавҷуди олам аст. Маҳз меҳри бепоён ва навозишҳои гарми модар дили моро ба оламу одам гарм месозад.
Оре, модарони тоҷик ҳастанд, ки миллат озод, кишвар обод ва давлат пойдору устувор гардида, сӯи қуллаҳои мурод қадам мениҳад.
Бо истифода аз фурсати муносиб кулли бонувони арҷмандро бо иди фархундаи Рӯзи Модар табрик мегӯям. Хонаи обод, рӯзгори пур аз файзу баракат ва саломативу барори кори ҳар як бонуи кишварро таманно дорам.
Исмоилова Муборак - н.и.педагогӣ, дотсенти кафедраи химия ва методикаи таълими они ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ