,
Чоршанбе, 04-март
Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ муҳаббате беҳтару самимитар аз муҳаббати модар дарёфт карда наметавонем. Аз ин лиҳоз, модар на танҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар халқу миллат мебошад. Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ медорад.
Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо ҳам омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад». Аз ин рӯ, зан-модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шукуфон буда, бо оғози фасли баҳор ва таҷлили ҷашни Наврӯз тавъам омадани Рӯзи модар дар кишвари офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави аҷдодӣ бо арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати модарону занон оғоз меёбад.
Чунонки аз таърихи куҳани тоҷикон бармеояд, ҳанӯз дар аҳди бостон ҷашне бо номи «Сипандормуз» вуҷуд дошт, ки рӯзи панҷуми моҳи исфанд таҷлил мегардид. Фариштаи Сипандормуз дар ҷаҳони маънавӣ посдори ишқу муҳаббат, фурӯтаниву бурдборӣ ва садоқату фидокорӣ ва дар ҷаҳони моддӣ пуштибони занони порсо шумурда мешуд. Дар иртибот ба ин, мутафаккири бузург Абӯрайҳони Берунӣ чунин мегӯяд: «Маънии моҳи Сипандормуз хирад ва бурдборист ва он посбони замину пуштибони занони дурусту порсо мебошад». Ниёгони мо дар ин рӯз занонро гиромӣ медоштанд. Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» ин рӯзро «муждагирон» низ номидааст. Ҷашни Сипандормуз бо суруди «Дуруд бар зан, дуруд бар мард, дуруд бар зиндагӣ» оғоз мегардид, ки дуои нек дар ҳаққи занон буд.
Фарҳанги мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо бо дини мубини ислом омезиш ёфта, арзишҳои он дар танзими зиндагии иҷтимоӣ нақши муҳим гузоштаанд. Дар таълимоти ислом ҷойгоҳ ва ҳуқуқи зан мақоми хос дошта, баробарии фитрии зану мард дар Қуръони маҷид таъкид шудааст.
Асари ҷовидонаи Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» на танҳо достони қаҳрамонӣ, балки ойинаи фарҳанг ва сохтори иҷтимоии ҷомеаи бостон аст. Гарчанде ҷомеаи тасвиршуда мардсолор мебошад, занон дар «Шоҳнома» модари қаҳрамон, ҳамсари вафодор, маликаи доно ва ҳатто паҳлавони далеру симоҳои фаъолу таъсиргузоранд.
Яке аз мақомҳои муҳими зан дар «Шоҳнома» мақоми модарист. Рӯдаба бо иродаи худ ишқи Золро пазируфта, барои издивоҷ мубориза мебарад ва модари Рустам-паҳлавони бузурги Эрон мегардад. Таваллуди Рустам бо мушкилоти зиёд ҳамроҳ аст, аммо Рӯдаба бо сабру матонат онро паси сар мекунад.
Таҳмина низ бо ҷасорат назди Рустам рафта, муҳаббати худро изҳор менамояд ва озодона шарики зиндагии худро интихоб мекунад. Аз ин пайванд Сӯҳроб ба дунё меояд. Пас аз ҷудоӣ, Таҳмина фарзандашро танҳо тарбия мекунад ва намунаи модари устувор мебошад.
Дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон низ масъалаи мақоми зан мавқеи муҳим дорад. Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи зан-модар пайваста таъкид мешавад. Таъкид мегардад, ки бонувон ҳамчун неруи бузурги ҷомеа дар таҳкими оила, тарбияи насли солим, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти давлат саҳми арзишманд доранд. Бо ҳамин мақсад ҷашни бонувон «Рӯзи модар» номгузорӣ гардид, то эҳтирому арҷгузорӣ нисбат ба модарон боз ҳам афзояд.
Имрӯз зан дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши муҳим ва тақдирсоз дорад. Ӯ на танҳо асоси оила ва тарбиятгари насл, балки шарики фаъоли иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ мебошад. Бо тағйироти иҷтимоӣ ва муҳоҷират, занон бештар дар таъмини буҷети оила ва рушди соҳибкории хурд саҳм мегузоранд.
Дар соҳаи маориф ва илм занон қадамҳои устувор мегузоранд. Аксари донишҷӯёнро имрӯз духтарон ташкил медиҳанд.
Дар сиёсат низ иштироки занон назаррас аст, гарчанде шумораи онҳо дар вазифаҳои роҳбарикунанда ҳанӯз маҳдуд мебошад. Барномаҳои давлатӣ барои баланд бардоштани нақши занон амалӣ мегарданд.
Дар иқтисод занон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, хизматрасонӣ ва саноат фаъолият мекунанд. Соҳибкории занон рушд ёфта, грантҳои президентӣ барои дастгирии онҳо ҷудо мегарданд. Солҳои охир ҳазорҳо ҷойи корӣ барои бонувон таъсис ёфтааст.
Имрӯз дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 67 фоиз ва фарҳанг 51 фоизи кормандонро занон ташкил медиҳанд. Ин нишондиҳандаҳо аз нақши муассири онҳо дар рушди ҷомеа шаҳодат медиҳанд.
Ҳамзамон, занону бонувон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ хизмат карда, дар ҳифзи Ватан саҳм мегузоранд.
Бо вуҷуди баъзе мушкилот ва маҳдудиятҳои суннатӣ, ҷойгоҳи зан дар ҷомеаи муосири Тоҷикистон рушдёбанда ва умедбахш аст. Занон ҳамчун ғамгусори оила ва ҳамзамон неруи фаъолу созандаи ҷомеа дар пешрафти давлат саҳми арзанда доранд.
Бовар дорем, ки модарону бонувони тоҷик минбаъд низ бо ҳунару истеъдод, масъулиятшиносӣ ва садоқат дар татбиқи сиёсати давлатӣ ва ободии Ватан нақши шоистаи худро мегузоранд.
Мирзозода Арафа Давлат, муаллими калони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ