, Сешанбе, 03-март

ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – СИПАРИ ҶОМЕА БАР ЗИДДИ  КОРРУПСИЯ


ҶАҲОНБИНИИ ИЛМӢ – СИПАРИ ҶОМЕА БАР ЗИДДИ  КОРРУПСИЯ

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб аз замонҳои гузашта то имрӯз мавриди нигаронии аҳли ҷомеа қарор дорад. Тавре борҳо таъкид шудааст, ин зуҳуроти нангин ба тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, идоракунии давлатӣ, амнияти иқтисодӣ, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъсири манфӣ расонда, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад. Пешгирӣ ва муқовимат ба ин падида вазифаи муҳими ҷомеа буда, аҳамияти махсус дорад.

Бояд қайд кард, ки коррупсия яке аз масъалаҳои ҷиддии ҷаҳонӣ мебошад. Созмони «Transparency IntemationaI» коррупсияро ҳамчун истифодаи ҳокимият барои манфиати шахсӣ муайян мекунад. Дар илм ин мавзуъ аз нигоҳи иқтисод, ҳуқуқ, сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ омӯхта мешавад. Имрӯз коррупсия ба як мушкилии умумиҷаҳонӣ табдил ёфта, бобати ҳалли ин масъала ягон давлату мамлакате бетараф буда наметавонад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои рушди ҳамаҷониба ва суботи ояндаи миллати хеш дар қатори дигар мамолики дунё баҳри нест намудани ин падидаи номатлуб кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардааст; «Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмуъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад».

Дар асоси омӯзиши сарчашмаҳои илмӣ олимон коррупсияро аз чанд ҷиҳат таҳлил мекунанд:

Нигоҳӣ иқтисодӣ:

Кам шудани сармоягузорӣ, паст шудани рушди иқтисодӣ, афзоиши камбизоатӣ. Коррупсия бозори озодро вайрон мекунад ва рақобати солимро коҳиш медиҳад.

Нигоҳӣ сиёсӣ:

Беэтимодии мардум ба давлат, сустии демократия, нобаробарии иҷтимоӣ.

Нигоҳӣ иҷтимоӣ:

Паҳн шудани беадолатӣ, паст шудани арзишҳои ахлоқӣ, афзоиши ҷинояткорӣ. Ин амалҳо ба рушди миллӣ зарари калон мерасонад.

Бояд қайд кард, ки дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки он ба сифати мақомоти махсусгардонидашудаи муқовимат ба коррупсия аз 10-уми январи соли 2007 фаъолият дорад. Ҳоло Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳамчун ниҳоди махсусгардонидашуда амал мекунад.

Барои коҳиш додани он ҳамкории ҷомеа ва шаҳрвандон зарур аст. Танҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва шаффофияти идоракунӣ метавон сатҳи коррупсияро паст намуд. Дар сурати ҳамбастагии тамоми мардум муваффақ мешавем, ки сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунандаро ошкору пешгирӣ намоем.

Сафаров Аъзамҷон Аҳмадхонович-н. и. иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!