, Сешанбе, 03-март

МАСЪАЛАИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ХАТАРҲОИ МУОСИР


МАСЪАЛАИ ВАТАНДӮСТӢ ВА МУҚОВИМАТ БО ХАТАРҲОИ МУОСИР

 Миллати тоҷик яке аз куҳантарин қавмҳои ориёӣ–дорои фарҳангу тамаддун ва давлату оини давлатдорӣ буда, аз ҷониби олимону донишмандон дар адабиёти муътамади таърихӣ эътироф гардидааст. Дастовардҳои халқи тоҷик дар соҳаҳои гуногун, аз қабили иқтисодӣ–иҷтимоӣ, саноат, илму фарҳанг, маориф, адабиёту санъат ва ҳифзи муқаддасоти он, пеш аз ҳама, дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарварӣ, муқаддас донистани ҳифзи марзу буми кишвари азизамон тарбия гирифтани наслҳои наврасу ҷавонон вобаста аст.

Тарбия дар рӯҳияи ҳарбӣ–ватандӯстӣ бо роҳи омӯзиши беҳтарин корнамоию қаҳрамонии фарзандони шуҷои ниёгону муосир ва ба таври ибрат истифода намудан аз далерию шуҷоатмандии онҳо дар рушду нумуи ҷаҳонбинию маҳорати ҳарбӣ–ватандӯстии муҳассилин нақши ҳалкунанда дорад. Худи тарбиятгар бояд ватандӯсти ҳақиқӣ, боваринок бошад ва тавонад, ки дарси ватандӯстиро пеш барад ва тавассути корҳои мусбии баанҷомрасонидаи худ инро бояд исбот кунад ва ба вай эътиқод бандад. Омӯзгор ватандӯсти якум дар муассисаи таълимӣ ба маҳсуб меёбад.

Дӯстдорӣ ба Ватан–ин ҳиссиёти табиӣ ва беихтиёронаи инсон мебошад. Ватанро мисли волидайн интихоб намекунанд. Ҳиссиёти дӯстдорӣ ба Ватан на танҳо барои шахс фахр мебахшад, балки ғамхорӣ нисбат ба вай мебошад. Одамон мафҳуми ватандӯстиро ба таври гуногун: яке тавассути табиат ё ин ки санъат, дигаре тавассути таърих, сеюмин тавассути дину мазҳаби миллиаш ва касе дигаре тавассути хизмат дар сафи Артиши миллӣ дарк менамоянд. Мушкил аст, аммо тарбиятгар барои дили ҳар як шогирдаш як роҳҳи хурди ватандӯстиро ёбаду дар вай ҷой намояд. Мисолҳои мушаххаси фаъолияти зиддидавлатию зиддимиллиро аз ҷониби шахсиятҳои манфиатдор таърихи халқҳои ҷаҳон, бахусус халқи тоҷик ба таври кифоя дар ёд дорад.

Зарур аст, ҳамчунин номҳои қаҳрамонону лашкаркашони бузургро (Томирис, Шерак, Фрада, Спитамен, Муқанаъ, Исмоили Сомонӣ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон) ба ёд орем, ки фидокорона Ватани худро ҳимоя намудаанд ва бар муқобили ҳама гуна таҷовузкориҳои бегонагон сар бардоштаанд.

Дар солҳои 90-уми асри ХХ авлавиияти асосии ислоҳоти соҳаи маориф ҷорӣ намудани хусусияти башардӯстии таълим ва арзишҳои умумиинсонӣ, озодӣ дар таълим ба шумор мерафт, ки бевосита аз дастоварди бузурги Истиқлолияти давлатӣ сарчашма мегирад. Лекин ивазшавии сохтори сиёсии мамлакат ба он мусоидат намуд, ки арзишҳои ватандӯстӣ аз ҷониби гурӯҳҳои қатъикоронаи чапу рост ба монополияҳои худ табдил дода шуданд. Ҳамчунин дар ин давраи дигаргуншавии фазои сиёсӣ, оқибатҳои ноустувори иқтисодӣ – иҷтимоӣ як қисми ҷавононро аз фазои сиёсии мамлакат дур монд.

Новобаста ба ҳаёти осоишта гузаштани ҷомеаи Тоҷикистон, дар оғози даҳсолаи дуюми қарни мо шумораи муайяни шаҳрвандон, ҳизбҳои сиёсию ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ба таври кушод дар фазои иттилоотӣ муносибат ва фикрҳои манфии худро бо ташвиқу тарғибот равона намуда, ба амалҳои ифротгароӣ, хусусан амалиётҳои ҳарбӣ минтақаи Шарқи Наздик иброз медоранд, ки ҷомеаи башариро ба таҳлука овардааст.

Вазъи ҷаҳони муосир бар асари кӯшишҳои азнавтақсимкунии дунё ва дар ин замина шиддат гирифтани бархӯрдҳои геосиёсию геоиқтисодӣ ва мусаллаҳшавии бошитоб рӯз то рӯз печидаву пешгӯинашаванда гардида истодааст.

Тайи солҳои охир зиёда аз 100 давлати дунё ҳадафи ҳамлаҳои террористӣ ва амалҳои экстремистӣ қарор гирифта, шумораи ҳалокшудагон бар асари чунин аъмоли харобиовар ба садҳо ҳазор нафар ва зарари моддии он ба садҳо миллиард доллар расидааст.

Бо вуҷуди он ки кӯшишҳои аз байн бурдани давлату миллати мо дар тӯли таърих борҳо такрор ёфтаанд, вале маҳз хислати бузург, яъне ватандӯстӣ мардуми моро аз нестшавӣ нигоҳ доштааст. Бо ин мақсад, ҳамаҷониба омӯхтани таърихи халқи тоҷик, ифтихор аз он ва гузаштагони шарафманди хеш – қаҳрамонони миллии халқамон ва дигар фарзандони сарсупурдаи миллат бисёр муҳим мебошад.

Маҳз талошу кӯшишҳо, ранҷу заҳматҳои шабонарӯзӣ ва эҳсоси миллатдустиву ватанпарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки имрӯз Тоҷикистон дорои Артиши миллӣ, Қушунҳои дохилӣ ва сархадӣ, Гвардияи миллӣ гардида, онҳо соҳиби пойгоҳи пурқуввати моддиву техникӣ ва низомӣ мебошанд ва манфиатҳои давлату миллатро дар сатҳи баланди касбӣ ҳимоя мекунанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомомалӣ Раҳмон тавонист орзуву ормони ҳазорсолаи бузургони миллат, чун Абумуслим, Муқананаъ, Фирдавсии бузург ва Восеи диловарро, ки бунёди давлати миллӣ яке аз орзуҳои амалинашавандаи онҳо ба шумор мерафт, дар амал татбиқ намуда, бо ин восита тавонист рӯҳияи миллӣ, забон ва арзишҳои миллиро дубора эҳё намояд.

Имрӯз бештар дар зери таъсири фарҳанги умумӣ дар мадди аввал дар соҳаи маориф, баробар ба ин дар соҳаи ҳарбӣ проблемаи тарбияи ватандӯстӣ ба миён гузошта шуд. Ин амалҳо дахл дорад на танҳо ба омодакунонии кадрҳои ҳарбӣ, ё ин ки маълумоти ҳарбӣ – дар маҷмӯъ ба масъалаи ватандӯстии аъзоёни ҷомеа.

20-уми феврали соли 2015 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Консепсияи корҳои сиёсию тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба имзо расонида шуд, ки он тартиб, моҳият ва мавқеи системаи корҳои сиёсию тарбиявиро вобаста ба амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳарбӣ, таъмин намудани ҳолати ахлоқию рӯҳии хизматчиёни ҳарбиро таъмин менамояд. Чунки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон аз маърифати ҳуқуқӣ ва таълиму тарбияи хуби афсарону сарбозон, сайқал додани донишҳои сиёсиву низомӣ ва ба эҳсоси баланди ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ вобастагии зиёд дорад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани қонуншиканӣ, аз байн бурдани сатҳи содиршавии ҷинояткорӣ ва дигар рафторҳои ғайриоинномавӣ дар миёни ҳайати шахсии ҷузъу томҳо корҳои тарғиботию ташвиқотиро вобаста ба нақшаи пешбинишудаи фаъолият дар қисмҳои низомӣ бо хизматчиёни ҳарбии сатҳу зинаҳои гуногуни Артиши миллӣ, асосан ҷиҳати пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ, риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ муташаккилона ба роҳ мемонанд.

Қурбониҳои зиёди инсонӣ дар ду ҷанги ҷаҳонии асри ХХ, мухолифатҳои сершумори ҳарбӣ ва зиддиятҳои мусаллаҳона, ҳамчунин воқеаҳои солҳои охир, яъне амалиётҳои ҳарбӣ ба муқобили терроризми байналхалқӣ, талаб менамояд, ки баҳри бехатарии ҳаёти башарият тавассути роҳҳо ва муносибатҳои нав ҳал карда шаванд.

Бехатарии маънавии ҳарбӣ имрӯз бештар аз имконоти сиёсӣ ва иҷтимоӣ – иқтисодии ҷомеа ва давлат, қобилияти вай барои қонеъ намудани маҷмӯи манфиатҳо ва таваҷҷӯҳҳои боэътимоди хизматчиёни ҳарбӣ вобастагӣ дорад. Натиҷаи ниҳоӣ ин бештар сатҳи имконотҳои маънавии ҳайати шахсии артиш доир ба ҳимояи мамлакат ва халқ аз таҳдидҳои имконпазир ва ба ин монандро муайян месозад.

Ҷангҳо дар Ироқ ва Афғонистон нишон доданд гарчанде, ки дар замони муосир технология дар ҳама соҳа нақши муҳимро мебозад, аммо вай кулан наметавонад вазъиятро ба таври пурра тағйир диҳад, агар мақсади вай пурра нобуд кардани душман набошад. Ҳарбиёни амрикоӣ дар бисёр ҳолатҳо тамоми муҳиммиятро аз вусъатдиҳии иҷтимоӣ, сиёсӣ, қабилавӣ ва шабакаҳои фарҳангӣ дар сарзаминҳо ва марзу бумҳои забткардашуда дарк сохтанд. Дар Ироқ бо командаи амрикоӣ доир ба «амалиётҳои психологӣ», ҳамчунин, методҳои беҳтарини пешкашкунонии ҷангҳои иттилоотӣ мансуб мебошанд – масалан паҳнкунонии 28 миллион ибора – варақаҳо, яъне ададҳои нашриявӣ дар миёни аҳолии Ироқ дар соли 2003, ки бо ин васила чи тавре, ки ҳарбиёни амрикоӣ мешуморанд, ҳазорҳо сарбозони Ироқӣ ба таври ихтиёрӣ ба ҷониби қувваҳои коалитсионӣ гузаштанд.

Вобаста кардани таърихи гузашта ба замони ҳозира барои дарки воқеаву ҳодисаҳои кунунӣ кӯмак расонида, дар мисолҳои бойи таърихӣ наслҳои нав ба камол расида, барои оянда заминаи хуб омода месозанд. Донишҳои таърихӣ дар ҷустуҷӯи роҳи беҳтарини ҳаёти ҷамъиятӣ, эмин будан аз хатогиҳои гузаштагон саҳми арзанда дорад.

Артиш- қувваи муттаҳид ва боидроконаи давлат, пуштибон ва такягоҳи Ватан, таҷассумгари далерию шуҷоатмандии халқ, бавуҷудоварандаи шарафмандӣ, хизматкунонӣ ва фидокорӣ мебошад. Дӯстдорӣ аз меҳани худ ва ба ин монанд дар имрӯза барои ҳар як шаҳрванд, алалхусус хизматчиёни ҳарбӣ бояд аз аҳамият холӣ набошад.

Зарурияти омӯзиши муфассали таҷрибаи мусбии тарбияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ, ба хусус афсарони даҳсолаҳои гузашта ва мутобиқкунонии вай ба шароитҳои мураккаби геополитикӣ, талаботҳои баландбардории сифатнокии вай тасдиқ карда мешавад.

Дар замони муосир дар илми педагогика бештар фикрҳо дар бораи зарурияти баргаштан ба таҷрибаи тарбиявӣ, таҳлили таҷрибаҳои бадастовардашуда, муносибатҳои хуби бароҳмондашуда, баҳогузории танқидии вай, интихоби шакли самаровари корҳои тарбиявӣ ва ҳамҷоякунонии онҳо дар доираи фаъолияти ватандӯстии мактабҳои олӣ ва дигар сохторҳои ҷомеаи демократии муосир тасдиқ карда мешавад. Омили ахлоқӣ дар фаъолияти сохторҳои қудратӣ ҳамчун ташаккули амиқи нерӯи ахлоқӣ маҳсуб ёфта, баҳри бамуваффақона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ мусоидат менамояд.

Дар ҳама давру замон вазъи артиш, сифатҳои ҳал намудан ва иҷро намудани вазифаҳои дар наздаш гузошташуда дар аввалиятҳо тақдири халқ ва давлатро дар маҷмуъ муайян месозад. Таҷрибаи ҳарбӣ дурустнокӣ ва саҳеҳнокии гуфторҳои идеяҳоро дар он тасдиқ намудааст: мардуме, ки ба артиши худ таваҷҷуҳу дастгирӣ наменамояд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки вай бегонагонро мехӯронаду мепушонад. Агар қарзи ҳарбӣ дар худ асоси ахлоқиро дар бар нагирад, вай моҳияти худро гум мекунад. Бинобар ин тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз воситаҳои муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ муосир маҳсуб ёфта, он аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланди худшиносӣ ва зиракии сиёсиро талаб мекунад.

Абдуллоев Маҳмуд, д.и.таърих, профессори кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Собирзода Сайёд, муаллими калон




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!