,
Шанбе, 28-Феврал
Коррупсия ва ё ришва зуҳуроти номатлуб ба ҳисоб меравад, ки ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ба ҳамагон маълум аст, ки муқовимат бар зидди амалҳои коррупсионӣ имрӯз яке аз мушкилоти замони муосир ба ҳисоб меравад. Ин падидаи номатлуб дар ҷомеа оқибатҳои басо ногувор дошта, боиси аз байн рафтани обрӯву эҳтиром, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешрафти ҷомеа мегардад.
Оид ба ин масъала солҳои охир дар матбуоти даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он фикру ақидаҳои зиёд пешниҳод шудаанд. Аз нигоҳи луғавӣ истилоҳи «коррупсия» аз калимаи лотинии «corruption» гирифта шуда, бо маъноҳои «харидан», «вайронкунӣ» ва «ришвадиҳӣ» фаҳмида мешавад.
Мавриди зикр аст, ки дар замони муосир ҷиноятҳое ба вуқуъ меоянд, ки хусусияти трансмиллӣ дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардаанд. Аз ҷумла, ҳолатҳои коррупсионӣ ва хатарҳои он ба ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Албатта, имрӯз коррупсия яке аз ҷиноятҳои глобалӣ ба шумор меравад ва дар баробари терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонӣ ва дигар хатарҳо қарор дорад. Ин кирдорҳои ғайриқонуниро баъзан «вабои аср» низ меноманд. Айни замон ба ин хатарҳо боз коррупсия зам шудааст. Коррупсия низ дар ҷомеа реша давондааст, ки зарари он нисбат ба хатарҳои зикршуда камтар нест ва бо онҳо алоқамандии зич дорад.
Коррупсия ҳамчун масъалаи интернатсионалӣ то имрӯз боқӣ мондааст, зеро новобаста аз сохторҳои сиёсӣ ва сатҳи инкишофи кишварҳо, аз рӯи миқёс ба тамоми давлатҳои ҷаҳон мансуб мебошад.
Коррупсия аз нигоҳи илмӣ падидаи иҷтимоию иқтисодӣ маҳсуб гардида, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Ҳатто имрӯзҳо баъзе одамон барои зудтар анҷом додани кори душвор, иҷрои кори таъҷилӣ, ҳалли масъалаҳои ҳуҷҷатнигорӣ, пӯшондани ҷиноят ё раҳоӣ ёфтан аз ҷавобгарӣ ва дигар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба амалҳои коррупсионӣ даст мезананд. Ин амали ғайриқонунӣ таъсири худро ба ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мерасонад ва ҷомеаи ҷаҳонӣ зарур аст, ки барои аз байн бурдани он солҳои зиёд талош намояд.
Бояд қайд кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зиддикоррупсиониро пеш гирифтааст ва мақсади асосии он ҷазои сазовор барои амалҳои коррупсионӣ, пурзӯр намудани назорати дохилию берунӣ ва таъмини ҳисоботдиҳии дуруст дар бораи даромади кормандони мақомоти давлатӣ мебошад.
Хотирасон бояд намуд, ки коррупсия амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдор ё кормандони дигарро дар назар дорад, ки онҳо манфиатҳои шахсиро аз манфиатҳои умумӣ болотар мегузоранд. Аммо ин истилоҳ на танҳо ба корхонаю муассиса ва мақомоти алоҳида дахл дорад, балки қариб дар ҳар ҷое, ки одамон дар баробари қоидаву қонунҳо амал намекунанд, коррупсия метавонад пайдо шавад. Масалан, вақте ки касе мехоҳад кореро на аз рӯи қоида, балки бо роҳи ғайрирасмӣ ҳал намояд.
Дар ҷаҳони муосир коррупсия яке аз масоили мураккабтарин буда, хусусияти умумибашарӣ пайдо кардааст. Он аз ҷумлаи таҳдидҳои нави ҷаҳонӣ ба шумор меравад, ба амнияти сиёсию давлатии кишварҳо таҳдид намуда, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷомеаро халалдор месозад. Дар замони ҳозира пайдо кардани мамлакатҳои орӣ аз амалҳои коррупсионӣ тақрибан ғайриимкон аст.
Бинобар ин, самаранокии муқовимат бо коррупсия аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич дорад. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро мебояд, ки дар ин самт фаъолияти софдилона нишон дода, хизмати шоиста ба халқу давлат намоянд.
Коррупсияро айни замон масъалаи глобалӣ низ мешуморанд, зеро ин зуҳуроти номатлуб аксари кишварҳои оламро ба ташвиш овардааст.
Коррупсия дар байни мардум ҳамчун калимаи серистеъмол истифода шуда, аслан маънои он «вайрон кардан» ва «хароб намудан» мебошад.
Зиёдшавии амалҳои коррупсионӣ ба поёнравии сатҳи зиндагии аҳолӣ оварда мерасонад.
Ин муаммо воқеан кишварҳои мухталифи ҷаҳонро фаро гирифтааст. Солҳои тӯлонӣ давлатдорон ва афроде аз миёни масъулин, ки садоқат ва адолат меҳвари фаъолияташон қарор гирифтааст, мунтазам дар роҳи мубориза бо ин падида талош менамоянд. Ташкилоту созмонҳо ва иттиҳодияҳои байналмилалии гуногун низ таъсис дода шудаанд, ки ҳадафи асосии фаъолияташон кам кардан ё аз байн бурдани муомилоти коррупсионӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Намояндагиҳои ин ниҳодҳо дар кишварҳои мухталиф мунтазам чораҳо меандешанд ва дар канори ҳукумату мақомоти ваколатдор дар самти мубориза бо коррупсия фаъолона амал мекунанд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, бо мақсади татбиқи «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якуми солҳои 2021–2025» ба муборизаи беамон ва коҳиш додани сатҳи болоравии коррупсия дар кишвари азизамон заминаи устувор гузошта мешавад.
Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ нест, балки масъулияти шаҳрвандии ҳар як нафар мебошад. Танҳо бо ҳамкории ҷомеа ва давлат метавон муҳити поки сиёсӣ ва иҷтимоиро фароҳам овард. Ҳар нафар бояд бо риояи қонун, ростқавлӣ ва беғаразӣ амал намояд.
Махсус таъкид менамоям, ки пешгирӣ ва мубориза бар зидди коррупсия дар оянда низ ҳамчун яке аз самтҳои аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии давлат боқӣ мемонад.
Вазифаи аввалиндараҷаи мо, омӯзгорон, ин аст, ки дар байни мардум ва аҳли ҷомеа корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, барои решакан намудани амалҳои коррупсионӣ дар кишвар талқин намоем.
Мо бояд мардумро ба меҳнати ҳалол ва шукргузорӣ даъват намуда, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар корҳои муҳимро анҷом диҳем. Бо ҳамкории якҷоя метавонем зиндагии осоишта ва покдилонаро таъмин намуда, барои наслҳои оянда ҷомеаи солим ва шаффоф бунёд намоем.
Давлатмуродзода Мирзомурод, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими он ДДК ба номи А. Рӯдакӣ