, Панҷшанбе, 26-Феврал

АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ - ЗИЁН БА ҶОМЕА


АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ - ЗИЁН БА ҶОМЕА

Дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои муосир ва ҷаҳонишавии босуръат дар муқобили ҳар як ҷомеа, ҳар як давлат ва роҳбарияти сиёсии он ташкилу таъмини ҳаёти хушу хуррам ва осудаву ороми халқ, сарсабзӣ ва сарбаландии миллат ва мавқеъпазирии шоиста дар арсаи байналмилалӣ аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. Мусаллам аст, ки барои расидан ба ин ҳадафҳои воло ва мондагор мушкилоту монеаҳои зиёде пеш меоянд, ки баҳри рафъи онҳо кӯшишҳои дастаҷамъона бояд ба харҷ дода шаванд.

Гуфтан ҷоиз аст, ки инсоният имрӯз ба хатарҳои глобалӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва дигар хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад. Дар шумори ин мушкилот, мутассифона, коррупсия низ дар баъзе ҷомеаҳо пайомадҳои ногувор ба бор оварда, ҳамчун зуҳуроти номатлуб маънидод мегардад.

Дар яке аз суханрониҳояшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ин масъала чунин ибрози андеша намудаанд: “Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи инкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани сатҳи он ба самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст”.

Коррупсия воқеан яке аз ҷиноятҳои хавфнок ба ҳисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа эҷод намуда, намегузорад маблағҳои давлатӣ барои барномаҳои пешбинишуда самаранок истифода шаванд. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбат ба давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он ба вуҷуд оварад ва минбаъд барои ҷинояткорӣ ва ба сари мақомотҳои қудратӣ омадани шахсони тасодуфӣ замина гузорад.

Коррупсия феълан падидаи иҷтимоиест, ки дар тафаккури ҷамъиятӣ низ фаҳмиш ва тафсири якхела надорад. Имрӯз муносибати шаҳрвандон ба коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯиистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, падидаи тамаъкорӣ, хушомадзанӣ пайванд медиҳанд. Бо вуҷуди ин, новобаста аз зиёд будани фаҳмиш ва нуқтаи назари гуногун нисбат ба коррупсия, аксарияти одамон бар он ақидаанд, ки ин амал ҳамчун зуҳуроти манфӣ пояҳои ҷомеаро вайрон намуда, таҳаввулоти ҷомеаро зери хатар мегузорад, вазъияти рифоҳӣ ва ахлоқии одамонро хароб карда, ба пайвасти институтҳои давлатӣ бо доираҳои ҷиноятӣ ва коҳиш ёфтани боварии мардум нисбат ба мақомоти давлатӣ оварда мерасонад.

Маҳз бо мақсади мубориза бар зидди ин амали номатлуб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати аввалин замина ва санади ҳуқуқӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июли соли 1999 “Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” 11 декабри соли 1999 қабул гардида, аз 25 июли соли 2005 дар таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия то ҳадди имкон мутобиқ гардонида шуда, ба давраи сифатан нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Дар партави татбиқи воқеии ин ҳуҷҷати муҳим дар сатҳи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳои давлативу хусусӣ тадбирҳои гуногуни пешгирӣ роҳандозӣ гардида, пайваста миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Тавре маълум аст, яке аз роҳҳои муҳими мубориза бо коррупсия рақамикунонии соҳаи иқтисоди кишвар мебошад, то пояҳои рушди бемайлони кишвар устувор гарданд.

Ба ҳамин хотир, айни замон дар мамлакат таъсиси муассисаҳои таҳсилоти олии самти иқтисоди рақамӣ ва ихтисосҳои марбут ба рақамикунонӣ ба роҳ монда шуда, баҳри омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тақвияти тадбирҳои андешидашударо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми августи соли 2021 “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳким мебахшад, ки мақсад ва вазифаи асосии амалисозии ин Стратегия баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ва фароҳам овардани фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия, бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва дар маҷмуъ паст кардани шиддати коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои инкишофи арзишҳои демократӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум равона гардидааст.

Бояд гуфт, ки заминаи қонунгузории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳамгардида ва ташкили мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия имконият дод, ки муқовимат алайҳи ин падидаи номатлуб пурзӯр гардида, амалҳои коррупсионӣ коҳиш дода шаванд.

Дар маҷмуъ, пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия кори як мақомот ё сохторҳои дахлдори мубориза бар зидди коррупсия набуда, кори дастҷамъист. Яъне, дар ин самт бояд ҳар сокини мамлакат, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма низ саҳми назаррас гузоранд.

Қаюмова Мубина - раиси шурои занон ва духтарони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!