,
Чоршанбе, 25-Феврал
Қувваҳои Мусаллаҳ, яке аз рукнҳои муҳимтарини давлат ва сипари боэътимоди Ватани азизамон ҳисоб мешавад. Таъсисёбии Артиши миллӣ ва неруҳои мудофиавӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷик воқеаи ҳамқадам бо истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷиқистон аст. Ҳар як давлат новобаста аз сохтор ба мақсади манфиатҳои геополитикии хеш бояд Қувваҳои Мусаллаҳи худро дошта бошад. Пойдории давлат маҳз бо қудрату тавоноии Артиши миллӣ вобастагӣ дорад.
Мо ба бардхӯрдҳои мусаллаҳонаи шаҳрвандони кишварамон зимни ҷанги дохилӣ бо ҳазор афсусу ҳайрат нигариста, бори дигар ба хулосае меоем, ки бояд тамоми ҷомеа ба тарбия, ватанпарварӣ ва эҳсоси баланди инсондӯстӣ машғул бошад. Зеро фақат инсонҳои ватандӯст метавонанд аз манфиатҳои гурӯҳӣ, шахсӣ ва хешутабори сарфи назар карда, барои дифои Ватан содиқона талош намоянд.
Дар таърихи 17-уми сентябри соли 1992 Фармони иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба имзо расид. Таъсиси Вазорати мудофиа, пеш аз ҳама, бо амри зарурат пеш омада буд. То ин муддат ҷумҳуриҳои собиқ иттиҳод артишҳои худро дар шароити осоишта ба низом дароварда буданд.
Бадбахтона, ҷанги шаҳрвандӣ аз рӯи қонунҳои беамони худ дар солҳои 1992-1994 ба шадидтарин марҳила расид. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва ба эътидол овардани ваъзи ба миёномада як қатор тадбирҳо амалӣ гардида бошанд ҳам, ваъзият ҳануз муташанниҷ буд.
Қабул гардидани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиқистон “Дар бораи аз ҷавобгарии ҷиноӣ, интизомӣ ва маъмурӣ озод кардани шахсоне, ки дар давраи аз 27 март то 25 ноябри соли 1992 ҷиноят ва амалҳои ғайриқонунӣ содир кардаанд” дарҳол натиҷаи дилхоҳ надоданд.
Дар чунин вазъияти душвор, ки қариб тамоми шохаҳои ҳокимият фалаҷ ва корношоям гардида буданд, Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари сиёсӣ ба сари давлат омад. Ӯ бо азми устувор ва ҷасорати беҳамто ҳамчун сиёсатмадори тавоно бо камтарин имкониятҳои воқие, ки аз сабаби вазъи печидаи сиёсӣ ва иқтисодии ҷумҳурӣ ба миён омада буд, баҳри наҷоти Ватан ва миллат ба иҷрои вазифаҳои таърихии худ шуруъ намуд.
18-уми декабри соли 1992 ба имзои Эмомалӣ Раҳмон қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷиқистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардида, заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард.
17-уми феврали соли 1993 Низомномаи тартиби қабули савганди ҳарби тасдиқ шуд, ки он ба шакли қонуни гузаштани фаъолияти хизматчиёни ҳарбӣ ва масъулияти дар ҷараёни хизмати ҳарбиро муқаррар кард.
2-уми августи соли 1993 Низомномаи додситони ҳарбӣ тасдиқ гардид, ки он барои таъмини волоияти қонун, таҳким ва назорати иҷрои қонунгузорӣ дар ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ нақши муҳимеро иҷро намуд.
27-уми июни соли 1997 бо ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ба ихтилофи байни қувваҳои мухолиф хотима гузошта шуд. Созишномаи истиқлоли сулҳ дар инкишофу таҳкими давлатдории тоҷикон нақши калон бозида, ҷиҳати такмили артиши миллӣ заминаҳои хуб ба миён овард.
Ҳизматчиёни ҳарбӣ, ки ҳомии Ватан ва сохти конститутсиони давлатанд, бояд дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву ваҳдати миллӣ тарбия ёфта, бо рафтору кирдори худ рамзи далериву шуҷоат ва ҷавонмардиву матонат бошанд. Ҳаким Фирдавсӣ ба маврид таъкид кардааст:
Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷанги беҳ аз сад ҳазор.
Барои он, ки ин давлати баъд аз садсолаҳо воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонаи миллати қӯҳанбунёди тоҷик боқӣ монад, мову шумо ва насли ҷавони имрӯз бояд давлати соҳибихтиёр ва соҳибистиқлоли худро дӯст дорем, ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем.
Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ дар барқарор кардани сохти конститутсионӣ ва ҳокимияти қонунӣ, мубориза бар зидди дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокорона анҷом дода, имрӯз аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузаштааст.
Ҳизматчиёни ҳарбӣ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯстони асил буданашонро собит намудаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷиқистон тадриҷан ба як неруи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтанд.
Воқеаҳои нангини дар таърихи рӯзи 04.09.2015 ба сари мардуми мо омада, ғайричашмдошт, тасодуфи набуда, балки амале буд таҳрезишуда, хиёнаткорона ва манфиатҷӯёна. Муайян ва дақиқ шуд, ки дар паси он қувваҳои ноаён, зери ниқоби ислом киҳо истода буданду бо воситаи хоҷагони берунаашон чи нақшаҳои ғаразноке доштанд. Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки мардуми Тоҷикистон амалҳои хиёнаткоронаи бадкоронро хуб эҳсос намуданд. Ҷавонмардони бонангу номуси кишвар, размандагони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва дигар намояндагони органҳои қудратӣ, дар камтарин муддат гурӯҳи хиёнаткоронро ба нестӣ расониданд, ки ин бори дигар қуввату қудрати қувваҳои низомии кишварро собит сохт.
Ватандорӣ бояд мояи ифтихори ҳар фарди тоҷики бо ору номус бошад. Ҳамин худшиносию истиқлоли зеҳнии миллат буд, ки ҳаводиси маргбори таърих натавонист моро аз байн барад. Дар ҳама давру замонҳо онҳое, ки ба сарамон теғ мекашиданд, ба тафаккури ҷаҳонсози ниёгони мо рӯ ба рӯ гашта қурбони теғи обдори ҳикмату фазилат мешуданд.
Тарбияи ватанпарварӣ маънои ташаккул додани инсонро дошта, ҳадафи он дар ниҳоди наврасон парваридани хислатҳои мардонагиву далерӣ ва эҳсоси муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад. Ин масъулият, пеш аз ҳама, ба души омӯзгорон аст.
Нурматов Шарофуддин-омӯзгори кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълимии они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ