,
Чоршанбе, 25-Феврал
(Андешаҳо оид ба «Ёддоштҳо»-и узви вобастаи АМИТ, профессор Ятимов С. – Қисми 1. Хуҷанд: Ношир, 2025. – 675 с.)
Адабиёт ҳамчун низоми мураккаби маърифат дорои шаклу жанрҳои гуногун аст, ки ҳар яке дар шинохт ва инъикоси воқеияти зиндагии инсон ва ҷомеа вазифаи мушаххасро иҷро менамояд. Дар ин миён, насри хотиротӣ, бахусус жанри ёддошт, дар таърихи адабиёти ҷаҳон, аз ҷумла адабиёти тоҷику форс ҷойгоҳи вижа дорад.
Зайниддин Маҳмуди Восифӣ бо «Бадоеъ-ул-вақоеъ», Аҳмадмахдуми Дониш бо «Наводир-ул-вақоеъ» ва устод Садриддин Айнӣ бо «Ёддоштҳо» аз ёддоштнависони барҷастаи адабиёти мо ба шумор мераванд.
Ятимов Саймумин, сиёсатшиноси маъруфи тоҷик, арбоби давлатӣ, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор ва узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, аз ҷумлаи он шахсиятҳоест, ки дар баробари иҷрои масъулиятҳои давлатӣ, натиҷаи таҷриба, мушоҳида ва хулосаҳои ҳаётии худро пайваста дар шакли мақола ва навиштаҳои таҳлилӣ манзури ҷомеа мегардонад. Нашри китоби «Ёддоштҳо» (соли 2025) дар ду ҷилд марҳалаи тозае дар фаъолияти эҷодии Саймумин Ятимов ва ҳамзамон падидаи муҳим дар насри давраи нави тоҷик маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти фарохии мавзуъ ва васеъ будани мундариҷа ҳар ду ҷилди асар дорои истиқлоли маъноӣ мебошад. Дар ин баррасии мо таваҷҷуҳ ба ҷилди якум равона гардидааст, ки он ҳамчун заминаи маънавӣ ва сохтории асар нақши муҳим дорад.
Муаллиф аксаран воқеаҳоро аз мавқеи иштирокчӣ ва шоҳиди бевосита баён мекунад. Сабки баён фасеҳу равон буда, ба лаҳни баёни гуфтори диққатҷалбкунанда такя дорад. Муаллиф ҳангоми тасвири амалиёту муносибати ширкаткунандагон ва муҳити иҷтимоӣ ба арзёбии шахсӣ рӯ меорад ва таҷрибаи зиндагиро бо хулосабарориҳои маънавӣ пайванд медиҳад. Ин равиш робитаи муаллиф ва хонандаро табиӣ ва боварибахш гардонида, ба матн хусусияти таъсиргузорӣ ато мекунад.
Аз лиҳози мазмун «Ёддоштҳо» фарогири марҳилаҳои гуногуни зиндагии қаҳрамони асосӣ аст: аз хотираҳои кӯдакӣ то солҳои таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ва фаъолияти касбӣ. Ҳар як лавҳа бо диди таҳлилӣ ва бо таваҷҷуҳ ба паҳлуҳои иҷтимоию ахлоқии воқеаҳо пешниҳод мешавад. Наисанда воқеаҳои шахсиро ба таври мустақим нақл карда, аз онҳо хулосаҳои умумӣ мебарорад ва онҳоро ба таҷрибаи иҷтимоӣ табдил медиҳад.
Сохтор ва бандубасти асар низ мутаносиб ва пайдарҳам аст. Фаслҳои алоҳидаи «Ёддоштҳо» бо порчаҳои шеърӣ аз эҷодиёти классикони адабиёти форсу тоҷик оро ёфтаанд, ки аз ин матни асар боз ҳам ҷолибу ҳадафрас гардидааст. Муҳтавои фасли «Аз илм мурод ҷуз амал нест» аз ҳикматҳои Носири Хусрав, аз ҷумла, байти:
Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад. –
тақвият меёбад. Аз ин рӯ, «Ёддоштҳо»-и Саймумин Ятимовро метавон намунаи муваффақи насри ёддоштӣ дар давраи истиқлолият донист. Қаҳрамони марказии асар, ки худи муаллиф аст, намояндаи насли нави ҷомеаи тоҷик мебошад ва аз лиҳози ҷаҳонбинӣ, худшиносӣ ва муносибат ба воқеият аз образҳои анъанавии ёддоштҳои пешин фарқ мекунад. Ин вижагӣ ба асар хусусияти замонавӣ мебахшад.
«Ёддоштҳо»-и мазкур аз лиҳози муҳтаво ва вазифаи дохилӣ намунаи равшани ёддошти шахсӣ бо хусусияти барҷастаи адабӣ ва иҷтимоӣ ба шумор меравад. Дар адабиёти давраи истиқлол ёддоштҳо кам нестанд, аммо онҳо аз ҷиҳати мазмун, ҳадаф ва усули баён аз ҳамдигар ба таври ҷиддӣ фарқ мекунанд. Бисёре аз чунин осор хусусияти баёни рӯзномавӣ доранд ё ба сафарномаҳо наздиканд. Дар муқоиса ба онҳо, «Ёддоштҳо»-и мавриди назар ба вуҷуди он ки фаъолияти илмӣ ва касбии муаллиф ба соҳаҳои дигар иртибот мегирад, идомаи огоҳона кор гирифтан аз анъанаи ёддоштнависӣ дар адабиёти тоҷик мебошад. Дар ин асар, пеш аз ҳама, симои нависандае падид меояд, ки дорои ҷаҳонбинии фарох, огоҳ аз нозукиҳои илмҳои гуногуни ҷомеашиносию табиӣ ва таҷрибаи зиёди зиндагӣ мебошад.
Пешгуфтори асар бо сабке навишта шудааст, ки ба анъанаи ёддоштнависии классикӣ такя дорад. Он ҳамчун даромад ба ҳадаф, сабаб ва муҳити таълифи китоб хизмат менамояд. Профессор Ятимов дар оғози асар менависад: «Дар атрофи таълифи зиндагинома чанд соли ахир андеша кардам ва ба хулосае омадам: вақти он расидааст, ки ба ҳамватанон дар бораи он чӣ аз сар гузашт, ибрози назар дошта бошам». Ин муқаддима аз лиҳози ҳаҷм кӯтоҳ аст, аммо аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво саршор аз андешаи созанда буда, ҷаҳонбинӣ, ҳунари нигорандағӣ ва мавқеи иҷтимоии муаллифро возеҳу равшан таҷассум менамояд. Мундариҷаи китоб қаламкашро ҳамчун шахсияти дорои ҳадафҳои равшан, худшиносии баланд ва дарки амиқи воқеияти иҷтимоию фарҳангӣ муаррифӣ намуда, хонандаро ба озодандешӣ, ҳақталошӣ ва дарки пайдарпайи рӯйдодҳои минбаъда омода месозад.
Қисми якуми китоб аз 10 боб ва 140 фасл иборат буда, унвонгузориҳои бобу фаслҳо низ хусусияти рамзӣ ва андешабарангезӣ доранд. Ба ҷуз фаслҳое, ки бо номи шахсони воқеӣ ё ифодакунандаи касбият номгузорӣ шудаанд, аксари унвонҳо бо такя ба ишораҳои адабӣ ва маънавӣ интихоб гардидаанд ва хонандаро ба андешаи амиқ водор месозанд. Аз ҷумла, унвонҳое чун «Эй нури чашм, сухане ҳаст, гӯш кун», «Як нома буд аз гаҳи бостон», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист», «Ошиён гар мегузорӣ, дар баландиҳо гузор» пешакӣ фазои маънавии ҳар фаслро муайян менамоянд ва дар ҳама ҳолат арзишҳои иҷтимоии сухан дар мадди аввал меистад.
Бахшҳои вобаста ба мактаб, омӯзгор, дониш, маҳорат ва ҷидду ҷаҳд дар роҳи илмомӯзӣ аз ҷиҳати муҳтаво ва таъсиргузорӣ ҷойгоҳи махсус доранд. Ин фаслҳо басо муассир ва хотирмон буда, бо камоли майлу хоҳиш иншо шудаанд ва дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва тарбияи маънавии насли ҷавон нақши бориз доранд. Дар ин бахшҳо симои наврасу ҷавоне тасвир меёбад, дар хонадони миёнаҳол ва муҳити солими иҷтимоӣ ба камол расида, шавқу ҳаваси бештар хондан, дониш андӯхтан ва маърифат кардан дорад.
Таъкиди мукаррари муаллиф ба аҳамияти дониш, забону фарҳанг аз ҷаҳонбинии маърифатмеҳварии ӯ дарак медиҳад. Ба андешаи мо, расидани қаҳрамони асосии асар ба мақомоти баланди давлатӣ, пеш аз ҳама, ба дониши омиқи забон, адабиёт ва таърихи миллати тоҷик иртибот дорад. Зеро танҳо дар сурати огоҳии комил аз забону адабиёт ва решаҳои таърихиву фарҳангии хеш шахс метавонад намоянда ва муаррифгари воқеии давлат ва миллат бошад. Таърих гувоҳ аст, ки бисёре аз нобиғагони илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва риёзӣ дорои дониши густарда аз забон, адабиёт ва таърихи миллати хеш ҳастанд.
Дар ҳамин замина, профессор Ятимов донистани забон, адабиёт ва таърихи миллиро ҳамчун арзиши аввалиндараҷа ва пояи ҳувияти миллӣ муаррифӣ мекунад. Ин андеша дар фасли «Хирад афсари шаҳриёрон бувад» ба таври возеҳ баён шудааст. Муаллиф менависад: «Баъди хатми мактаб интихоби ягонаи ман факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ буд. Эътиқоди ман бар он асос меёфт, ки ҳувияти миллии тоҷик, муҳимтарин омиле, ки баъд аз ҳазор сол ӯро соҳибдавлат кард, забон, адабиёт, таърих, яъне решаҳои тамаддунии ӯст». Аз ин рӯ, ба чоп расидани «Ёддоштҳо»-и мазкур бо вижагиҳои хоси худ дар адабиёти давраи нави тоҷик аҳамияти калон касб намудааст. Ин асар дар баробари идомаи суннати ёддоштнвисӣ, ҳамчун намунаи комили андешаҳои созандаи муаллиф дар шароити нави таърихӣ қимат дорад:
1.Асар аз лиҳози сохт, таркиб ва тарзи баёни мавзуъҳо пурра ба меъёрҳои жанри ёддоштнависӣ мувофиқ аст. Риояи пайдарпайии хронологӣ дар нақли воқеаҳо ба хонанда имкон медиҳад, ки марҳалаҳои ташаккули шахсият, ҷаҳонбинӣ ва таҷрибаи зиндагии муаллифро мунтазам пайгирӣ намояд. Ин тартиб асарро аз парокандагии маъноӣ ҳифз карда, ба он якпорчагии сохторӣ мебахшад.
2.Дар «Ёддоштҳо»-и мазкур пайванди равшан ба анъанаи ёддоштнависии адабиёти пурғановати тоҷику форс, бахусус ба «Ёддоштҳо»-и устод Садриддин Айнӣ, мушоҳида мешавад. Ин пайванд на дар шакли тақлид, балки дар идомаи эҷодкоронаи равиш, диди иҷтимоӣ ва масъулияти маънавии нависанда зоҳир мегардад. Муаллиф бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва тафаккури таҳлилӣ суннати классикиро бо ниёзҳои замони муосир ҳамоҳанг месозад.
3.Ровӣ ва қаҳрамони марказӣ дар асар нақши фаъол дорад. Ин ҳолат ба асар самимият ва эътимод мебахшад. Қаҳрамони марказӣ ҳамчун наврасе ва баъдтар ҷавоне тасвир мешавад, ки бо ҷасорат, кӯшишу ғайрат ва талоши пайваста дар роҳи илмомӯзӣ ва маърифати ҳаёт ба зиндагӣ бо дили гарм ва андешаҳои созанда менигарад. Чунин образ метавонад барои насли ҷавони имрӯз намуна ва идеал гардад, зеро адабиёти давраи нав ба тасвири ҳамин гуна шахсиятҳои фаъол ва маърифатмеҳвар эҳтиёҷи калон дорад. Муаллиф аз давраи кӯдакӣ, таҳсил дар мактаби миёна ва муассисаи таҳсилоти олӣ бо ифтихор ёд мекунад ва ин эҳсоси эҳтиром ба омӯзгорон ва шахсони донишманд ҳамроҳ аст. Хусусан, дар баёни воқеаи озмуни ноҳиявӣ аз фанни таърих ин руҳия ба таври возеҳ инъикос меёбад. Дар маҷмуъ, фаъолияти қаҳрамони марказӣ симои ҷавонони фаъоли ҷомеаро таҷассум месозад.
12.Дар баробари арзишҳои маърифатию тарбиявӣ, асар дорои аҳамияти баланди фарҳангӣ ва маънавӣ мебошад. «Ёддоштҳо» дар шинохти арзишҳои ҷаҳонишавӣ, равандҳои фикрӣ ва одатҳои иҷтимоии одамон нақши муҳим дорад. Муаллиф бо такя ба таҷрибаи шахсӣ ва диди таҳлилӣ паҳлуҳои гуногуни муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангиро бозтоб дода, робитаи байни фард, ҷомеа ва замонро равшан месозад.
Дар умум, дар таърихи ёддоштнависии адабӣ профессор Саймумин Ятимов бо эҷоди «Ёддоштҳо» ҳамчун идомадиҳанда ва такмилдиҳандаи ин жанр дар давраи нави адабиёти тоҷик нақши созанда дорад. Муаллиф ба паҳлуҳои иҷтимоии зиндагии инсон аҳамияти махсус медиҳад, ки ин равиш ба жанри ёддошт хусусияти инсонгароёна бахшида, онро ба асари зинда, таъсирбахш ва ҳунарӣ табдил додааст. Бо ин асос метавон гуфт, ки «Ёддштҳо»-и мазкур ҳамчун манбаи боэътимоди адабӣ ва иҷтимоӣ дар омӯзиш ва муаррифии як давраи басо муҳимми таърихи миллати тоҷик саҳми босазо ва муносиб мегузорад.
Аламхон Кӯчарзода, профессор, узви вобастаи АМИТ
Шамшоди Ҷамшед, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Бознашр аз маҷаллаи «Садои Шарқ», шумораи №1, соли 2026 (саҳ. 145-152)