, Душанбе, 23-Феврал

СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ


СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТ ВА РАМЗИ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

(Сухани шодбошии ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дотсент Сафарзода Мунир Ватан бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Устодону донишҷӯёни муҳтарам, ҳамдиёрони азиз!

Дар тақвими давлатии кишвари мо Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ на танҳо санаи таърихӣ, балки рамзи худогоҳии миллӣ ва пояи устувори давлатдории навин маҳсуб меёбад. Ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароите сурат гирифт, ки ҷомеа ба суботи сиёсӣ, ҳифзи сохти конститутсионӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ниёзманд буд. Аз ин лиҳоз, таъсиси Артиши миллӣ як иқдоми сарнавиштсоз ба ҳисоб рафта, ба раванди давлатсозӣ мазмуни воқеӣ бахшид.

Имрӯз ин ниҳоди муҳим на танҳо сохтори низомӣ, балки мактаби тарбияи ирода, интизом ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Артиш дар замири ҷавонон ҳисси шарафу номус, садоқат ба давлат ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ парвариш намуда, онҳоро ба ҳимояи манфиатҳои олии миллат раҳнамоӣ мекунад. Аз ҳамин ҷост, ки гиромидошти ин рӯз маънои арҷгузорӣ ба суботи ҷомеа ва ояндаи осоиштаи мамлакатро дорад.

Дар ин робита бо ифтихору сарафрозӣ метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзи ҷавонмардӣ, ҷасорат, далерӣ, садоқат ба Ватан ва Пешвои миллат маҳсуб меёбад. Ин санаи фархунда ҳамасола ҳамчун ҷашни шуҷоату сарсупурдагӣ ба Модар - Ватан бо эҳтироми хосса таҷлил гардида, саҳми арзишманди родмардони Ватанро дар таҳкими давлатдорӣ ва ҳифзи марзу буми кишвар гиромӣ медорад.

Ҳамзамон, ин рӯз барои насли ҷавон дарси ибрату ватандӯстӣ буда, онҳоро ба хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи сулҳу субот, тамомияти арзӣ, амнияту осоиштагии мардум, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ раҳнамоӣ мекунад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи шуморо ба муносибати ин ҷашни пурифтихор самимона табрик гуфта, дар симои шумо ба тамоми мардуми шарифи кишвар, бахусус ҳомиёни шуҷои Ватан, саломатӣ, сарбаландӣ, бахту иқболи нек ва дар роҳи таҳкими амнияту суботи давлат, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ комёбиҳои нав ба нав орзу менамоям.

Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди муҳими давлатдорӣ дар марҳалаи басо ҳассоси таърихи навини кишвар бо сарварии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳбари сулҳҷую Ваҳдатгаро муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо итминони қавӣ ба азму иродаи мардуми кишвар созмон дода шуда, дар ҳифзи истиқлолу озодӣ, тамомияти арзӣ ва таъмини сулҳу суботи ҷомеа нақши назаррас гузоштаву ин рисолати пуршарафро низ имрӯз сарбаландона иҷро намуда истодааст. Таҷрибаи таърихӣ гувоҳ аст, ки дар солҳои душвору сарнавиштсоз маҳз садоқат, матонат ва иродаи устувори хизматчиёни ҳарбӣ заминаи барқарор гардидани сохти конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллиро фароҳам овард.

Мо бо эҳсоси амиқи қадршиносӣ хотираи неки он фарзандони шуҷои миллатро, ки дар ҳимояи марзу буми Ватан ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум ҷони худро нисор намудаанд, гиромӣ медорем. Қаҳрамонӣ ва фидокории онҳо сабақи бузурги ватандӯстӣ барои насли имрӯз ва фардои кишвар мебошад.

Дар шароити муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва хатарҳои иттилоотӣ, рӯ ба рӯст, масъалаи таҳкими иқтидори мудофиавии давлат аҳамияти махсус пайдо менамояд. Ҳушёрии сиёсӣ, садоқат ба арзишҳои миллӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ бояд барои ҳар як фарди ҷомеа меъёри рафтор бошад.

Дар ин раванд нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ, бахусус Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хеле муҳим аст. Мо ҳамчун маркази илму маърифат ва тарбияи кадрҳои баландихтисос вазифадорем, ки дар баробари омода намудани мутахассисони рақобатпазир, инчунин дар замири ҷавонон эҳсоси баланди ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдориро тақвият бахшем.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки хатмкардагони донишгоҳ имрӯз дар арсаҳои гуногуни умури давлатӣ, сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии кишвар содиқона адои хизмат намуда, дар таҳкими амният ва суботи ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.

Ҳифзи истиқлолу озодӣ ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ танҳо вазифаи хизматчиёни ҳарбӣ набуда, балки масъулияти умумимиллӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, ҳар яки мо бояд бо рафтору фаъолияти созандаи худ дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушди илм, маърифат ва иқтисоди миллӣ саҳмгузор бошем.

Бори дигар ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва устодону донишҷӯёни донишгоҳро ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик гуфта,  ба Шумо саломатӣ, саодатмандӣ ва дар роҳи хизмат ба Ватани азизамон комёбиҳои нав орзу менамоям.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мубораку фархунда  бод!




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!