,
Чоршанбе, 11-Феврал
(бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар шароити муосир, ки инсоният бо таҳдидҳои ҷиддии тағйирёбии иқлим, камшавии захираҳои табиӣ ва афзоиши талабот ба об рӯ ба рӯ гардидааст, нақши ташаббусҳои байналмилалӣ аҳамияти махсус касб мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт мавқеи фаъол ва пешсафона дошта, масъалаҳои вобаста ба обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳоро пайваста дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ матраҳ менамояд.
Бо пешниҳоди Тоҷикистон Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2025-ро Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуд. Ҳамзамон солҳои 2025–2034 ҳамчун Даҳсолаи илмҳои криосфера қабул гардиданд. Ин тасмимҳо далели равшани эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати созанда ва дурандешонаи кишвари мо дар самти ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошанд.
Сарвари давлат дар Паёми худ таъкид карданд, ки мақомоти дахлдор ва ҷомеаи илмӣ бояд таҳқиқотро дар самти омӯзиши пиряхҳо густариш дода, натиҷаҳои онро барои пешгирии хавфҳои эҳтимолӣ ва рушди устувор истифода баранд. Зеро маҳз пиряхҳо яке аз сарчашмаҳои асосии таъминоти оби тоза маҳсуб меёбанд.
Дар анҷумани сеюми ҷаҳонӣ бахшида ба мушкилотҳои об, дар ш. Киотои Ҷопон, 18-уми март соли 2003 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш чунин қайд кардааст: «Мушкилоте, ки мо имрӯз дар бораи таъминоти об муҳокима мекунем, сол то сол барои тамоми башарият аҳамияти бештар пайдо менамояд».
Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тули даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз Ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.
Пиряхҳо захираи бузурги об буда, барои кишварҳои сатҳи сайёра, алалхусус ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти бағоят калон доранд. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо дар мавзеъи кӯҳҳои баланд ҳосил шудаанд, ки дар он ҷойҳо ҳарорати ҳаво доимо аз 00C поён аст. Аз сабабе, ки 93 фоизи қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӯҳҳо ишғол менамоянд ва қариб 50 фоизи онҳо зиёда аз 3000 м баландӣ дорад, шароити мусоидест барои васеъ паҳн гардидани пиряхҳо. Бинобар ҳамин кӯҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз калонтарин марказҳои яхбандии доимӣ ба ҳисоб меравад. Дар айни замон масоҳати умумии пиряхҳои Осиёи Марказӣ 17-18 ҳазор км2-ро ташкил менамояд, ки 60%-и он ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Мувофиқи маълумоти имрӯза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях вуҷуд дорад, ки он 6%-и қаламрави онро ташкил менамояд.
Пиряхҳо сеяки ҳиссаи оби солона ва қариб 50%-и ғизои тобистони оби дарёҳоро медиҳанд. Мутаасифона ҳаҷми захираи ях ва масоҳати пиряхҳо доимӣ нестанд. Он вобаста ба тағйир ёфтани иқлим ҳаҷм кам ва масоҳаташон маҳдуд мешавад. Мувофиқи мушоҳидаҳо ин ҳодиса дар ҳар 12-15 ва тақрибан 30-70 сол дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба вуҷуд меояд. Омӯзиши 35 солаи 170 пирях нишон дод, ки масоҳати онҳо сол аз сол тағйир ёфта хурд шуда истодаанд.
Пиряхҳо сарвати бебаҳои табиат мебошанд. Дар шароити иқлими хушке, ки дар қисми ҳамвории Осиёи Миёна ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукмфармо аст, пиряхҳо ва барфҳои баландкуҳ ягона манбаи об мебошанд, ки аз онҳо дарёҳои хурду калон ибтидо мегиранд ва замини водиҳои хурду калонро обшор мегардонанд. Ҷиҳати муҳими пиряхҳо аз он иборат аст, ки онҳо дар ҳамон маврид бештар об мешаванд, ки заминҳои обёришаванда ба об эҳтиёҷ доранд. Хусусияти дигари пиряхҳо аз он иборат аст, ки миқдори зиёди обашонро хусусан, дар солҳои камобӣ, ки дар ин вақт бо барфи мавсими пушидашавӣ тез аз байн меравад, медиҳанд, яъне дар шароити ниҳоят зарур пиряхҳо метавонанд захираи оби дар ҷараёни якчанд сол захиракардаашонро сарф намоянд. Дар солҳои сероб, ки боришоти зимистона миқдоран зиёд буда, обшавии ях кам аст, пиряхҳо захираашонро пурра мегардонанд. Барои ҳамин пиряхҳо чун захираи дарозмуддати об ва танзимкунандаи табиии ҷараёни дарёӣ шуморида мешаванд.
Айни замон зуҳуроти мушкилоти норасоии об 80 мамлакати дунёро водор намудааст, ки ба идоракунии маҷмуавии он гузаранд. Ин далел аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳама минтақаҳои кураи замин алҳол норасоии оби ошомиданӣ баръало эҳсос мегардад. Аз ин рӯ, ҳамаи кишварҳои олам бо қабули асноди меъёрию ҳуқуқӣ оид ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда истодаанд. Зеро инсоният алҳол ба масъалаҳои ҷиддие рӯ ба рӯ гашта истодааст, ки онҳо ҳудуди тамоми кишварҳоро фаро хоҳанд гирифт. Норасоии оби тозаи ошомиданӣ ва истифодаи самараноки он аз ҳамин зумра шуда метавонад. Ҳолатҳои ҷойдошта аз он шаҳодат медиҳанд, ки ҳоло таъминоти об натанҳо мушкилоти минтақавӣ, балки глобалӣ маҳсуб меёбад. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки алҳол зиёда аз 750млн аҳолии ҷаҳон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надошта, зиёда аз 2,3 млрд одамон аз бемориҳои вобаста ба истеъмоли оби ифлос ва бесифат азият мекашанд. Дар баробари ин 1,1 млрд аҳолии рӯи олам ба низоми бехатари обтаъминкунӣ, ки барои инсон лоақал дар як шабонарӯз 20 л оби безарарро ташкил медиҳад ( ин нишондод аз ҷониби созмони ҷаҳонии тандурусти СҶТ) тасдиқ гардидааст, дастрасӣ надоранд. Инчунин мутахассисони соҳаи тиб муайян намудаанд, ки 50% аҳолии кишварҳои рӯ ба тараққӣ обро аз манбаҳои ифлос дастрас менамоянд. Мутахассисони соҳаи тиб бар он назаранд, ки 88% - и сабабҳои ангезиши бемории зиёд паҳншавандаи исҳол (диарея) ба истифодаи обҳои ифлос алоқамандӣ дошта он кӯдакони то 15 соларо назар ба бемориҳои норасоии масъунияти бадан (спид), тиф(малария) ва сил (туберкулёз) бештар иллатнок менамояд. Далелҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки об ва захираҳои обӣ дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳо буда, он тамоми мавҷудоти зиндаро аз нестшавӣ эмин нигоҳ медорад. Мутаасифона, солиёни охир хатарҳои экологӣ омили таҳдидкунандаи ҳаёт ва камшавии захираҳои табиӣ, аз он ҷумла об дар рӯи замин гашта истодааст, ки аз ин ҷиҳат онро дар радифи яроқи ядроӣ мегузоранд.
Асосан захираи асосии обҳои ошомиданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пиряхҳо ба ҳисоб мераванд, ки ҳаракати тези харобиовари онҳо ба хоҷагии халқ зарари калон меоранд. Маъмултарин намояндаи чунин пирях моҳи апрели соли 1963 ҳаракат карда, ба масофаи 2 км ба поён фуромада маҷрои дарёи Абдуқаҳҳорро баста буд. Дар натиҷа кўли калон пайдо шуда, оби ин кӯл оҳиста – оҳиста садди яхинро рахна карда ба водии Ванҷ зарари калон оварда буд. Дарозии пирях 13 км буда, 25 км2 масоҳат дорад. Дар вақти ҳаракати харобиовар суръати вай аз 5 см шабонарӯз то 100 м шабонарӯз афзуда 140 млн м3 яхро ба маҷрои дарёи Абдуқаҳҳор кашола карда оварда буд. Одатан ин пирях дар 12- 14 сол як бор ҳаракати харобиовар карда, баҳори соли 1973 ва баъдтар низ ҳаракат карда буд, ки хушбахтона ин дафъа зарари кам расонида буд. Мисоли дигари чунин пиряхҳо пиряхи Колка дар Кавказ мебошад, ки бори охирин вай охири соли 1969 аввали соли 1970 ҳаракат карда сабаби харобиҳои муайян гашта буд.
Пиряхҳо доимо дар ҳолати якхела наистода, вобаста ба тағйирёбии иқлим майдони онҳо кам ё зиёд мешавад. Дар 100 соли охир (то охирҳои солҳои 50 - ум) майдони онҳо кам шуда буд, ки сабабаш гармшавии иқлим ва обшавии яхҳо буд. Дар замони ҳозира ин тамоил суст шудааст. Пирях дар вақти худ қобилияти шустанӣ ё канда бурданро дорад, ки ин раванди экзарасия ном дорад. Ҳамин тавр пиряхҳо сабаби тағйирёбиҳои бузург дар табақаи географӣ шуда метавонанд.
Иқдомҳои Тоҷикистон оид ба об, ки аз ҷони¬би Маҷмааи Умумии СММ дастгирӣ шудаанд, «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳ¬солаи байналмилалии «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018- 2028» мебошад. Иқдомҳои мазкур диққати ҷо-меаи ҷаҳониро ба аҳамияти об, иҷрои чораҳои амалӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи об ҷалб намудаанд. Дар сатҳи минтақавӣ, Тоҷикистон дар фаъолия¬ти Фонди байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА), кори комиссияҳои он оид ба масъалаҳои хоҷа¬гии об ва рушди устувор фаъолона иштирок мекунад.
Ҳануз моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни эътилофи обу иқлим Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати тамаркуз кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва рӯзи ҳифзи пиряхҳо муайян гардида, бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад.
Хушбахтона 14-уми декабри соли 2022 Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи “соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Он яке аз қатъномаҳои нодир ба ҳисоб меравад, зеро дар он ҳам эълони “Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ” дарҷ гардидааст.
Иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 153 кишвари узви СММ пазируфта шуд.
Тибқи ин қатънома:
Ҷониби Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалии худро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим идома хоҳад дод, ҷунки мушкилотҳои умумиҷаҳониро на як миллату давлат ва ё як минтақа ҳал карда метавонад, балки масъулияти дастаҷамъонаи аҳли сайёраро тақозо дорад.
Ташрифи Шариф - омӯзгори кафедраи биология ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ