,
Чоршанбе, 11-Феврал
Варзиш яке аз воситаҳои муҳимми ташаккули насли ҷисману рӯҳан солим, меҳнатдӯст ва ватанпараст ба ҳисоб меравад, ки аҳаммияти онро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намудаанд. Ин нукта гувоҳи он аст, ки рушди соҳаи варзиш дар сиёсати иҷтимоии давлат мавқеи калидӣ дошта, ба таҳкими саломатии ҷомеа, инчунин болоравии сатҳи худшиносӣ ва эҳсоси ватандӯстии ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат Ҳукумати ҷумҳурӣ ба рушди инфрасохтори варзишӣ, бунёду азнавсозии иншооти соҳа, дастгирии донишҷӯён ва варзишгарон, инчунин ҷалби васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд. Ин тадбирҳо барои омода намудани насли ҷисман солим ва рӯҳан қавӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Таърихи инсоният исбот менамояд, ки дар ҳамаи сохторҳои ҷамъиятию давлатдорӣ ба варзиш диққати ҷиддӣ дода мешуд, то ҷавонони бардам, солим, боқуввату чолок ба камол расанд. Инро мо дар низоми тарбияи давлатҳои қадимаи ғуломдории Спарта ва Афина ба таври равшан дида метавонем. Дар ин давлатҳо бо мақсади ба камол расонидани ҷавонони боқуввату ҷасур ба насли наврас аспдавонӣ, шамшербозӣ, гӯштингирӣ, шиноварӣ ва дигар навъҳои варзиш омӯзонида мешуд.
Ин таҷриба дар мамлакатҳои Шарқ, аз ҷумла дар давлатҳои қадимаи тоҷикон низ васеъ паҳн гардида буд. Дар ин бора далелҳо дар асарҳои «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Футуватнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ оварда шудаанд. Масалан, дар «Қобуснома», ки дар асри XI навишта шудааст, қайд мегардад, ки бо мақсади рушди ҷисмонӣ ҷавонон ба гӯштингирӣ, шамшерзанӣ, аспсаворӣ ва аспдавонӣ, шиноварӣ ва ҷавгонбозӣ машғул мешуданд. Дар «Футуватнома»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ бошад, ба масъалаи ташаккули сифатҳои мардонагӣ, далерӣ, ҷасурӣ, тоқатпазирӣ ва ватандӯстӣ дар ҷавонон, ки ба мазмуну вазифаҳои тарбияи ҷисмонӣ дохил мегарданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шудааст.
Қобили қайд аст, ки дар соли 2025 аз ҷониби кумита ва федератсияҳои варзишии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1540 нафар варзишгар, аз ҷумла 450 нафар бонувон, ки узви дастаҳои мунтахаби кишвар аз намудҳои варзиши олимпӣ ва ғайриолимпӣ мебошанд, ба 112 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ сафарбар гардиданд. Дар натиҷаи иштироки фаъолонаи варзишгарон ба хазинаи варзиши мамлакат 510 медал, аз ҷумла 140 медали тилло, 166 медали нуқра ва 204 медали биринҷӣ ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2024 62 медал зиёд мебошад.
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз муассисаҳои пешсаф дар самти рушди варзиш ба ҳисоб меравад. Варзишгарони донишгоҳ дар намудҳои гуногуни варзиш дар сатҳҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карданд. Аз ҷумла, дастаи волейболбозони (писарон)-и донишгоҳ дар чемпионати минтақа маҳорати баланд нишон дода, сазовори ҷойи якум гардид, ки ин дастовард нишондоди сатҳи баланди омодагии варзишии донишҷӯён ва фаъолияти самараноки мураббиён мебошад.
Ҳамчунин, дастаи футболи писарони донишгоҳ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ баромади хеле хуб нишон дода, ҷойи дуюмро ишғол намуд. Ин пирӯзӣ далели равшани рушди варзиш дар донишгоҳ ва самараи заҳмати омӯзгорону мураббиён ба шумор меравад. Инчунин, донишҷӯи факултети мазкур Холов Назаралӣ дар шаҳри Озарбойҷон байни намояндагони 210 давлат қувваозмоӣ намуда, дар вазни 75 кг аз рӯйи намуди гӯштингирӣ сазовори медали биринҷӣ гардид. Ҳамаи ин дастовардҳо натиҷаи таваҷҷуҳи ҷиддии роҳбарияти донишгоҳ ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш мебошад.
Илова бар ин, варзишгарони донишгоҳ дар намудҳои гӯштингирӣ, гӯштӣ, шамшербозӣ, таэквондо, вазнабардорӣ, бокс ва дигар навъҳои варзиш низ натиҷаҳои назаррас ба даст овардаанд. Ин муваффақиятҳо самараи заҳмати пайвастаи омӯзгорон, донишҷӯёни варзишгар, дастгирии доимии роҳбарияти донишгоҳ ва фаъолияти босамари мураббиёни соҳа мебошанд.
Варзишгарони донишгоҳ барои наврасон ва ҷавонон намунаи ибрат гардида, онҳоро ҷиҳати машғул шудан ба варзиш ва пешбурди тарзи ҳаёти солим ташвиқ менамоянд. Дар баробари рушди соҳаи варзиш дар донишгоҳ ба масъалаи тарбияи меҳнатӣ, ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи омодагии дифои ҳарбии ҷавонон низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Дар ин самт Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ нақши муассир дошта, масъулияти шаҳрвандии ҷавононро тақвият бахшида, онҳоро ба ҳифзи марзу буми Ватани азизамон омода месозад.
Факултети мазкур омодагии ҷисмонӣ, интизом ва малакаҳои амалии ҳарбиро такмил дода, бори дигар собит месозад, ки варзиш ва омодагии дифои ҳарбӣ бо ҳам алоқаманд буда, дар тарбияи насли қавӣ, ҷасур, шуҷоъ, содиқ ва ватандӯст нақши муҳим мебозанд.
Бо итминон метавон гуфт, ки донишҷӯёни донишгоҳ минбаъд низ дар татбиқи сиёсати давлатии варзиш ва тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ саҳми арзанда гузошта, бо дастовардҳои нав ифтихорофар мушарраф хоҳанд гардид.
Саидов Парвин - муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ