,
Чоршанбе, 11-Феврал
Хурсандиовар аст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми шарифи кишвар Паём ироа менамоянд, ки он як барномаи мукаммал оид ба фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳои марбутаи давлатӣ мебошад.
Нуқтаи муҳим ва меҳварии ҳамаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла Паёми имсола низ, соҳаи маориф ва илм буд, зеро ба таъкиди худи Пешвои миллат: “Агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромию сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта-сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”
Дар масъалаи рушди неруи инсонӣ ва ҷалб сохтани ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиию техникӣ ва забонҳои хориҷиву технологияҳои иттилоотӣ нуктаҳои муҳимтарин мавҷуданд, ки Пешвои миллат дар аксарияти Паёмҳояшон таъкид менамоянд. Воқеан ҳам, дастгирии олимони ҷавон ва ташаккул додани илми ватанӣ ғанигардонии қудрати давлат ва обрӯи он мебошад. Кашфи истеъдодҳо ва дастрасӣ ба захираи бепоёни неруи инсонӣ муассиртарин ғамхорӣ дар бунёди давлати индустриалӣ ба ҳисоб меравад. Яке аз таъкидҳои дигаре, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ироа намуданд, аз миқдор ба сифат боло бурдани нишондиҳандаҳои илму маориф бо фарогирии пурраи ду-се забони хориҷӣ ва омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мебошад, ки ҳадафи асосӣ баҳри истифодаи оқилонаи сарватҳои бебаҳои кишвари маҳбубамон - Тоҷикистон аст.
Воқеан ҳам, имрӯз Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ба рушди илмҳои техникӣ ва табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла инноватсия дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омӯзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад, зеро ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми худ (22.12.2016) қайд намуда буданд, ки миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон, умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми арзишманди хешро мегузоранд.
Рушди соҳаи маориф ва илми кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ бе ғамхорӣ ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасаввур кардан ғайриимкон аст. Дар Паёми хеш Сарвари давлат таъкид намуданд, ки ҳатто дар солҳои вазнини ибтидои истиқлолият «тамоми фикру андешаи ман ҳамчун Сарвари давлат дар баробари таъмин намудани сулҳу оромии кишвар ба ҳалли масъалаҳои маориф ва дастгирии ин соҳаи барои ҷомеа ва давлат ниҳоят муҳим равона гардида буд».
Воқеан ҳам, Пешвои миллат барои рушди соҳаи маориф ва илм, ки дар сиёсати худ онро самти афзалиятнок эълон намудааст, аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамояд, то соҳаи мазкур рушд кунад, зеро омили муҳимтарини таҳкими давлат ва наҷоти миллат маҳз илму маориф мебошад. Ба ҳамин далел, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушду инкишофи бемайлони соҳаи маориф ва илм, сатҳ ва сифати донишандӯзии хонандагону донишҷӯён дар ҳама зинаҳои таҳсилот, сифати тайёр намудани кадрҳои баландихтисосу унвондор таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф ва илм, новобаста аз мушкилоти ҷойдошта, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, дар ин муддат барои ба танзим даровардани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд таҷдиди назар, таҳия ва тасдиқ гардида, барои рушди бемайлони ин соҳа заминаи мусоид фароҳам оварда шудааст.
Қобили зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пешрафт ва такони ҷиддӣ бахшидан ба рушду такомули илму маориф, техникаю технологияҳои навин, беҳтар гардонидани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф, тарбияи насли нави муҳаққиқони соҳаи техника дар кишвар дар солҳои истиқлолияти давлатӣ соли 2010-ро «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» ва солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» дар соҳаи илму маориф эълон намуданд. Ин иқдом ба фароҳам овардани заминаи рушду такомули тафаккури техникиву технологӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун ва пажӯҳишгоҳҳои илмӣ мусоидат намуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари пешрафти соҳаи маориф ба инкишофи илм низ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар вохӯриҳояшон бо намояндагони илм ва зиёиён ба ин масъала эътибори ҷиддӣ дода, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷудо намудани маблағ барои рушди илм ва тайёр кардани мутахассисони илмӣ дастурҳои мушаххас медиҳанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳким бахшидани илму маориф дар ҷумҳурӣ якчанд қонунҳо, стратегияҳо, барномаҳо ва нақша-чорабиниҳоро қабул намуда, инчунин як қатор созишномаҳоро ба тасвиб расонидааст, то шароит ва имкониятҳо дар бахши илм ва таҳқиқоти илмӣ боз ҳам беҳтар гарданд. Дар ҳақиқат, илм дар шароити муосир нақши калидӣ дошта, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд.
Ҷавобан ба ҳамаи ин, моро зарур аст, ки тамоми саъю талоши хешро ба илмомӯзӣ, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созем, то ин ки Ватани азизамон - Тоҷикистон аз дирӯз дида имрӯз боз ҳам ободу зеботар гардад.
Давлатмуродзода Мирзомурод, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ