, Чоршанбе, 11-Феврал

ТАНЗИМ-ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ОИЛАҲО


ТАНЗИМ-ОМИЛИ РУШДИ ИҚТИСОДИ ОИЛАҲО

Дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеа мусоидат намуданд. Яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад, ки нақши калидӣ дар коҳиш додани исрофкорӣ ва баланд бардоштани иқтисоди оилаҳо дорад.

Қонуни мазкур аз 6 боб ва 22 модда иборат буда, бори аввал 8 июни соли 2007 таҳти №272 қабул гардидааст ва тибқи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 июни соли 2024, №499 бо тағйиру иловаҳо такмил дода шуд. Аз қабули ин қонун то имрӯз қариб 19 сол сипарӣ гардида, он ҳамчун талаботи воқеии замон дар танзими анъана, ҷашн ва маросимҳо мақоми муҳим касб намудааст.

Ҳадафи асосии қонун ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ба хотири баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии зиндагии шаҳрвандон мебошад. Дар моддаи якуми қонун мафҳумҳои асосӣ, аз ҷумла «маросим» ва «ҷашн», ба таври мушаххас шарҳ дода шудаанд. Маросим маҷмӯи амалҳои рамзӣ ва анъанавие мебошад, ки муносибати шахс ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ба падидаҳои муҳими ҳаёти фарҳангии ҷомеа ифода менамояд, дар ҳоле ки ҷашн таҷлили рӯйдод ё санаҳои таърихию фарҳангӣ, ҷамъиятӣ, касбӣ ва оилавӣ ба ҳисоб меравад. Мутаассифона, то ҳол баъзе оилаҳо моҳияти ин мафҳумҳоро дуруст дарк накарда, ба зиёдаравиҳо роҳ медиҳанд.

Қабл аз қабули қонун, қисми зиёди мардум ба баргузории маросимҳои беасос ва бегона, ки ҳеҷ гуна заминаи воқеӣ ва динӣ надоштанд, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамуданд. Ин ҳолат боиси хароҷоти зиёдатӣ ва заиф гардидани иқтисоди оилаҳо мегардид. Дар марҳилаи аввали ҷорӣ гардидани қонун низ бархе аз шаҳрвандон моҳияти онро дуруст дарк накарда, ба он бо назари интиқодӣ менигаристанд. Бо мурури замон, пас аз татбиқи амалии талаботи қонун, ҷомеа ба хубӣ дарк намуд, ки ҳадафи асосии он беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум ва пешгирии исрофкорӣ мебошад.

Яке аз мушкилоти ҷиддии иҷтимоӣ, ки имрӯз мушоҳида мегардад, пош хӯрдани оилаҳои ҷавон аст. Дар бисёр ҳолатҳо сабаби аслии он иҷро нагардидани талаботи қонун ва сарфи маблағҳои калон барои маъракаҳои оиладорӣ мебошад. Бисёре аз ҷавонон бо мақсади ҷамъоварии маблағ ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, вале пас аз бозгашт тамоми дороии худро барои тӯй ва маросимҳо сарф намуда, дар идомаи зиндагӣ ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин вазъ боиси низоъҳои оилавӣ ва дар ниҳоят ҷудо шудани оилаҳо мегардад.

Дар чунин шароит нақши падару модар дар омӯзонидани асосҳои иқтисоди оилавӣ ва пешгирии хароҷоти зиёдатӣ ниҳоят муҳим мебошад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки аксари волидон ба фарзандони худ тарзи дурусти идора намудани буҷаи оиларо намеомӯзанд, ки ин боиси нотавонии ҷавонон дар муқобили мушкилоти зиндагии мустақил мегардад.

Бо вуҷуди корҳои фаҳмондадиҳии васеъ тавассути воситаҳои ахбори омма, то ҳол баъзе шаҳрвандон моҳияти аслии қонунро дуруст дарк накарда, ба исрофкорӣ ва хурофотпарастӣ роҳ медиҳанд. Сабаби асосии ин падида, пеш аз ҳама, сатҳи пасти маърифат ва боқимондани тафаккури хурофотӣ мебошад, ки решаҳои таърихӣ дошта, ба ягон дину оин иртибот надорад.

Аз ҷумла, расму оинҳое чун муйсаргирон, гаҳворабандон, ордбезон, хонабинон, саритахтагӣ, арусбинон, қудоталбон, чойгаштак, ҳафт, чил, сари сол ва амсоли онҳо, ки имрӯз ҳам дар баъзе маҳалҳо роиҷанд, ба ҷуз хароҷоти зиёдатӣ ва заъиф гардидани иқтисоди оилаҳо натиҷаи дигаре надоранд. Мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ҳатто аз ҷониби бархе мансабдорон низ талаботи қонун пурра риоя намешавад. Беҳтар мебуд, агар чунин шахсон маблағҳои худро ба корҳои хайриявӣ, дастгирии ятимон, ниёзмандон ва корҳои ободонию созандагӣ равона менамуданд.

Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, хусусан дар факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пайваста корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ анҷом дода мешаванд. Сарпарастони гурӯҳҳои таълимӣ вазифадоранд, ки дар соатҳои тарбиявӣ моҳияти қонун ва зарари исрофкориву хурофотпарастиро ба донишҷӯён фаҳмонанд.

Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки пас аз қабули қонун аксари расму оинҳои хурофотие, ки ба дин омехта шуда буданд, вале дар асл ба он рабте надоштанд, тадриҷан аз байн рафта, иқтисоди оилаҳо ба маротиб беҳтар гардид. Имрӯз аксари шаҳрвандон ба хубӣ дарк намудаанд, ки исрофкорӣ ва хурофот ба ҷуз фақр ва нооромии оилавӣ натиҷаи дигаре надоранд.

Вақти он расидааст, ки ҷомеа аз хароҷоти беасосу беҳуда даст кашида, маблағҳои оилавии худро ба тарбияи дурусти фарзандон, корҳои хайриявӣ ва ободонии Ватан равона намояд.

Дар маҷмӯъ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки абзори муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки ба ҳифзи манфиатҳои оила ва ҷомеа равона шудааст. Татбиқи дурусти талаботи он метавонад сатҳи зиндагии аҳолиро баланд бардошта, пеши роҳи исрофкорӣ, хурофотпарастӣ ва хароҷоти беҳударо бигирад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди худогоҳ дар он ифода меёбад, ки бо риояи меъёрҳои қонун, саҳми шахсии худро дар таҳкими иқтисоди оила, устувории ҷомеа ва пешрафти давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гузорад.

Қурбонзода Кароматуллои Боҳирҷон, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!