,
Чоршанбе, 11-Феврал
«Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Эмомалӣ Раҳмон
Терроризм зуҳуроти мураккаб ва гуногунҷабҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ буда, дорои таърихи чандинасра ва хусусиятҳои равонию даҳшатнок мебошад ва диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб менамояд. Пайдоиши калимаи «террор» дар забони лотинӣ бо ду маъно дарҷ гардидааст: якум-маънои «тарс», «даҳшат»;дуюм-маънои «предмети тарс», «ваҳмандозандаи ҳолат».
Нахустин баҳсу мунозираҳо миёни мутафаккирон, диншиносон ва баъзе уламою равияҳои хурофотпарасту тундрави динӣ ҳанӯз дар дунёи қадим ба миён омадаанд. Мактабу равияҳои гуногуни диншиносӣ, андешаву афкор ва осори диншиносони Ғарб ва Шарқ равшангари ин гуфтаҳост. Баъди чунин маънидодкунӣ, аниқтараш дар асри XVIII, калимаи «террор» аз ҷониби олимони фаронсавӣ мавриди омӯзиш қарор гирифта, истилоҳи «terror»-ро ҳамчун «даҳшат» эътироф намуданд ва қайд карданд, ки зуҳуроти даҳшатро дар таркиш, сӯхтор ва тирпаронӣ дидан мумкин аст.
Дар охири асри XIX аз ҷониби олимон ҳаммонандии ду мафҳуми «террор» ва «терроризм» муайян карда шуд, аммо дар кушодани моҳияти онҳо ин ду мафҳумро ҳамчун мафҳумҳои гуногуни алоҳида маънидод намуданд, яъне:
«Террор» - ҳамчун системаи сиёсии тарсонидани аҳолӣ бо мақсади нигоҳ доштани ҳизб ё ҳукумат ва баҳри расидан ба ҳадафҳои гуногун анҷом дода мешавад.
«Терроризм» - ифодаи даҳшат ва тарсонидани аҳолӣ тавассути иҷрои ҳукми қатл, одамкушӣ ва дигар амалҳои зӯроварона буда, сарҳади мафҳумро васеътар менамояд.
Экстремизм (ифротгароӣ) ба шуури ҷамъиятӣ, ирода ва психологияи ҷомеа, ахлоқ ва идеологияи омма паҳн гардида, ба муносибатҳои байни гурӯҳҳои иҷтимоӣ (экстремизми иҷтимоӣ), миллатҳо (экстремизми миллатгароӣ ё халқҳо), иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ-давлатӣ (экстремизми сиёсӣ) ва мазҳабҳои динӣ (экстремизми динӣ) таъсир мерасонад. Экстремизм гуногуншакл буда, мақсадҳои он низ ба тарзҳои гуногун дар ҷомеа зуҳур менамоянд. Мақсади онҳо моддӣ ва идеологӣ буда, хоҳиши дигаргунсозӣ, қонеъ нагардидан аз вазъияти воқеӣ, ҳокимиятдорӣ бар одамон, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, ноором сохтани вазъият, халалдор сохтани ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғасби салоҳиятҳои ҳокимият, барангехтани душманӣ, бадбинӣ ва ғараз мебошад. Таҷрибаи сиёсии экстремистӣ инъикоси худро дар шаклҳои гуногуни фаъолияти экстремистӣ пайдо намуда, дар шакли исён, фаъолияти шурангезона ва терроризм зоҳир мегардад.
Экстремизм (ифротгароӣ) ҷинояти махсусан вазнин буда, хавфнокии он барои ҷомеа зоҳир мегардад ва ба оромии кишвар, сулҳу субот, ҳаёт ва саломатии инсон, амният ва сохти конститутсионии ҳокимияти давлатӣ, соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва пеш аз ҳама ба системаи сиёсии давлат, ягонагӣ ва бехатарии мамлакат зарари ҷиддӣ мерасонад.
Имрӯз, агар ба шабакаҳои иҷтимоӣ назар кунем, мушоҳида мегардад, ки гурӯҳҳои ифротгаро бо суханони зишту иғвогарона ба сиёсати давлатдории миллатҳо халал ворид месозанд. Фаъолияти онҳо ниҳоят нигаронкунанда мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор меравад, зеро он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бесарусомонӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мегардад.
Терроризм аз нуқтаи назари ҳуқуқӣ содир намудани амалҳое мебошад, ки ба ҳаёти одамон хатари марг ба миён оварда, мақсади он бартараф намудани рақибони сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ба мақомоти давлатӣ барои қабули қарорҳо мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан нисбат ба гурӯҳҳои дигари этникӣ, метавонад боиси ба вуҷуд омадани эътироз гардад, ки дар ниҳоят ба ифротгароӣ оварда мерасонад.
Таҳлилгарони сиёсӣ бар он назаранд, ки яке аз роҳҳои асосии пешгирии ҷиноят ва амалҳои террористиву экстремистӣ тарбияи дурусти насли ҷавон мебошад.
Терроризм ҳамчун ҷинояти дорои хусусияти байналмилалӣ ҳадду ҳудуд надорад. Террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳадафи нопоки гурӯҳҳои террористӣ ҳамеша паст задани обрӯ ва доғдор намудани дини мубини ислом мебошад. Чуноне ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Терроризм ва экстремизм ба дини мубини ислом иртиботе надорад, чунки ислом дини пок буда, танҳо покӣ, ростқавлӣ ва сулҳу суботро тарғиб мекунад».
Мақсади ибтидоии терроризм халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ, ба воҳима ва таҳлука овардани мардум буда, тавассути он ба мақомоти давлатӣ фишор оварда мешавад. Чунин амалҳо бо мақсади маҷбур сохтани мақомоти давлатӣ ба қабули қарорҳои ғайриҳуқуқӣ, ки ба манфиати ҷинояткорон аст, инчунин паст задани обрӯ ва манзалати мақомоти давлатӣ равона мегарданд.
Ҷараёни босуръати ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) олами моро тағйир медиҳад. Ин раванд фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои фарҳангиро заиф месозад ва ҳатто аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳамеша мусбат ва дилхоҳ мебошад ва дар бисёр ҳолатҳо эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ, нафрат, эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад боиси бегонагӣ, ҷудоӣ аз равандҳои ҳамкорӣ, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ гардад.
Имрӯз мо дар замоне зиндагӣ ва фаъолият дорем, ки тамоми ҷабҳаҳои ҳаётамон-сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг - тағйироти куллиро аз сар мегузаронанд. Истиқлолияти комили давлатии кишвари азизамон моро водор месозад, ки дар ҳифзи марзу буми Ватан, ободкорию созандагӣ ва пос доштани арзишҳои миллию фарҳангии хеш саҳмгузор бошем. Хушбахтона, бо сайъу талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз мушкилоту муқовиматҳои дохилию хориҷӣ, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дигаргуниҳои куллӣ ба миён омадаанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар паёмҳо, суханрониҳо ва вохӯриҳои худ оид ба шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ-экстремистӣ изҳори нигаронӣ намуда, барои пешгирии ин падидаи хатарнок дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд. Таъкид мегардад, ки тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, парвариши зиракии сиёсӣ ва дур сохтани ғояҳои бегона аҳамияти аввалиндараҷа дорад, то насли наврас аз овони мактабхонӣ баду нек ва дӯстро аз душман фарқ карда тавонад.
Агар ҳар як инсон бо чашми сар дида ва бо ақли расо дарк намояд, ки ҳар як паём ва суханронии Пешвои миллат ба ҳифзи субот ва пойдории давлат нигаронида шудааст, бешак барои рушди Ватан саҳм мегузорад ва суботи ҷомеаро дар мадди аввал мегузорад.
Ҳар як инсони комил набояд иҷозат диҳад, ки гурӯҳҳои нохалаф осмони софу бегубори моро ғуборолуд созанд ва сулҳу ваҳдату оромии кишварро халалдор намоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид намудаанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми тоҷик дар ҳама давру замон амалҳои нопоки террористӣ ва экстремистиро маҳкум намудаанд ва минбаъд низ муқобили онҳо мемонанд.
Масъалаи тарбияи ҷавонон ва насли худогоҳу худшинос яке аз масъалаҳои меҳварии паёмҳои ҳамасолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, пайваста ба ин самт таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад. Чуноне ки таъкид менамоянд: «Мо бояд ба он муваффақ гардем, ки насли наврас дар замони муосир дар рӯҳияи масъулиятшиносӣ барои имрӯзу фардои Ватан ва миллаташ ба воя расад».
Роҳбари давлат ҳамчунин таъкид мекунанд, ки: «Мо бояд ҳушёр бошем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳо ва арзишҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатамонро ҳифз намоем».
Мақсади асосии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини сулҳу субот, амнияти миллӣ ва зиндагии осудаи тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин рӯ, пешниҳодҳои ӯ ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ дастгирӣ меёбанд ва таҷрибаи сулҳофарии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Хулоса, мо-ҷомеаи аҳли зиё, бо баҳрабардории ҳамаҷониба аз ҳидоятҳо, сиёсати хирадмандона ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бар он мекӯшем, ки тамоми неру, дониш, таҷриба ва малакаи касбии худро ба тарбияи солими насли худогоҳ, худшинос ва ватандӯст равона созем. Мо дар сафи пеши муборизабарандагон алайҳи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ қарор доштанро вазифаи худ дониста, бо андешаи солим, сухани созанда ва амали масъулона саҳми воқеии худро дар ҳифзи амният, субот ва ваҳдати миллӣ мегузорем. Зеро танҳо дар шароити оромиву суботи пойдор гули бахти халқ ва миллат шукуфон гардида, ояндаи дурахшони давлату ҷомеа таъмин мегардад.
Акбарзода Марҳамбӣ, дотсент, мудири кафедраи фанҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ