,
Ҷумъа, 06-Феврал
Дар марҳалаи ҳассоси рушди ҷомеа, ҳифзи амну субот, ваҳдати миллӣ ва ормонҳои созандагӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳ ба шумор меравад. Мутаассифона, дар канори ин раванд гурӯҳе аз афрод ва ҷараёнҳо мавҷуданд, ки бо интихоби роҳи мухолифати ғаразнок, тарки сарзамини аҷдодӣ намуда, дар мулкҳои бегона зери чатри хоҷагон ва доираҳои манфиатдор ба фаъолияти иғвоангезу фитнапархошона машғуланд.
Ба назар мерасад, ки ҳисси худхоҳӣ ва ҷоҳталабӣ бар ин зумра ғолиб омада, онҳоро аз дидани воқеияти пешрафт, субот ва ободии кишвар нобино гардонидааст. Нотавонии пазируфтани комёбиҳои давлати миллӣ ва раванди устувори рушд онҳоро ба роҳҳое тела додааст, ки ҳадафашон халалдор сохтани амният, коста кардани эътимоди ҷомеа ва махсусан гумроҳ намудани ҷавонон мебошад.
Ин гурӯҳҳо, ки берун аз марзу буми Ватан ва дур аз масъулияти шаҳрвандӣ фаъолият мебаранд, бо таъсиси созмонҳо ва паймонҳои зоҳирфиреб талош доранд андешаи ҷавононро таҳти таъсир қарор диҳанд. Аз ҷумла, гурӯҳи бешаррафону нотавонбинон чун «гурӯҳи 24» ва иттиҳодияи дурӯғину зархарид бо номи «паймони миллӣ» намунаи чунин ҳаракатҳо мебошанд, ки дар фазои иттилоотӣ бо шиору даъвоҳои беасос, буҳтону туҳмат ба дасисаандешӣ рӯ меоранд. Ин ҳама, ба андешаи инҷониб, на аз нерумандӣ, балки аз бенизомии фикрӣ ва нотавонбинӣ, ҳарисӣ, худхоҳӣ, ҷоҳталабӣ, бегонаи худу гадои дари мардум будан сарчашма мегирад.
Дар робита ба амалкарди аъзоёни ин гурӯҳҳои бадхоҳ ва огоҳ гардидан аз ғаразҳои шуму сиёҳ ва ҳадафҳои нафратовари пасипардагии ин тоифаи гумроҳон, ҷавонони Ватани азизамонро лозим аст, ки зиракии сиёсиро ба кор бурда, бо ақлу заковат ва хиради инсонӣ дарк намоянд, ки роҳи ҳақиқии ифтихор ва саодат на дар бетартибӣ ва иғво, балки дар донишандӯзӣ, меҳнати ҳалол ва саҳми созанда дар ободии Ватан аст. Дар ин роҳи пуршараф, яъне Ватанхоҳиву Ватансозӣ сиёсати Роҳбарияти олии кишвар маҳз ба фароҳам овардани шароити таҳсил, рушди касбомӯзӣ ва боло бурдани маърифати миллӣ равона гардидааст.
Дар хитоб ба гурӯҳҳои бадхоҳ ва нотавонбин мегӯем, ки мо-насли ҷавон ва ояндасоз, бо баҳрамандӣ аз имкониятҳои мавҷуда намегузорем, то ҳадафҳои нопок ва ғаразнокатон амалӣ гарданд. Мо неру ва тавони худро барои омӯзиш, касби дониш ва рушди хирад сарф менамоем, то кишварамонро бо қудрати маърифат, заҳмати созанда ва ваҳдати дилҳо обод созем.
Дониста бошед, ки ояндаи Тоҷикистон ба дасти ҷавонони худогоҳ, ватандӯст ва масъулиятшинос бунёд мешавад, на ба даъвоҳои пучи шумое ки дур аз Ватан, таҳти таъсири хоҷагони хориҷӣ чун ғуломони ҳалқабарпо ва палидони манфиатхоҳ бо нияти халалдор сохтани оромии он садо баланд мекунанд.
А. Хоҷаев-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ