,
Ҷумъа, 06-Феврал
(Дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.12.2025)
Паём барои мардуми шарафманди тоҷик пайки нусратовару шодиофар мебошад. Паёме, ки барои тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамчун дастур ва раҳнамо ҷиҳати пешбурди фаъолияти корӣ ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум ироа гардида, самтҳо, дастуру вазифаҳо барои солҳои минбаъда муайян карда мешаванд.
Тавре ҳамагон медонанд, санаи 16.12.2025 дар бинои Парлумони Тоҷикистон ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми худ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ, бархӯрди фарҳангҳо ва таҳдидҳои гуногуни маънавӣ, масъалаи тарбияи дурусти ҷавонон ва таҳкими худшиносии миллӣ ба яке аз масъалаҳои калидии сиёсати давлат табдил ёфтааст. Пешвои миллат ҷавононро на танҳо идомадиҳандаи наслҳо, балки созандагони ояндаи давлатдории миллӣ медонанд. Аз ин рӯ, зимни ироаи Паёми хеш Пешвои хирадафзои миллат ба масъалаҳои тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ, ватандӯстӣ ва баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки худшиносии миллӣ аз донистани таърих, эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва арзишҳои миллӣ оғоз меёбад. Ҷавоне, ки таърихи миллаташро медонад, ба забони модариаш арҷ мегузорад ва фарҳанги худро пос медорад, ҳеҷ гоҳ зери таъсири фарҳангҳои бегона қарор намегирад.
Либоси миллӣ рамзи ҳувият ва ифтихори тоҷикон мебошад. Бегонапарастӣ бошад, на танҳо ба фарҳанг, балки ба шаъну шарафи миллат низ зарар мерасонад. Миллате, ки фарзандонаш фарҳанги худро қадр намекунанд, дар оянда бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешавад. Зеро миллат бе фарҳанг мисли дарахтест, ки реша надорад.
Албатта, шинохтани фарҳангҳои дигар кори хуб аст. Мо бояд аз таҷрибаи миллатҳои дигар омӯзем, аммо набояд фарҳанги худро фаромӯш кунем. Омӯзиш бояд бо эҳтиром ба асолати миллӣ ҳамроҳ бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ба ин масъала таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъкид карданд: «Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстӣ шиори зиндагии худ қарор додаанд». Ин арзишҳо бояд дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ, аз ҷумла дар тарзи либоспӯшӣ низ инъикос ёбанд.
Либосҳои миллии тоҷикона, аз қабили атласу адрас, чакан, сӯзанидӯзӣ ва дигар намунаҳои ҳунари мардумӣ, на танҳо зебоӣ, балки ҳикмати асрҳо ва завқи баланди эстетикии ниёгони моро таҷассум менамоянд. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат ҳифзи мероси фарҳангиро «шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик» номидаанд. Риояи либоси миллӣ идомаи ҳамин шиноснома дар ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад.
Мутаассифона, дар баъзе мавридҳо мо шоҳиди тақлидҳои нобаҳангоми фарҳанги бегона мегардем, ки ба асолати миллӣ созгор нестанд. Пешвои миллат бо нигаронӣ ҳушдор доданд: «Бо доштани чунин фарҳангу тамаддуни бостонӣ мо набояд тақлид ба фарҳанге, ки бароямон бегонаву хатарбор аст, роҳ диҳем». Ин суханон моро водор месозанд, ки дар интихоби тарзи зиндагӣ ва либоспӯшӣ масъулиятшинос бошем.
Дар Паём таъкид гардид, ки занону модарон бояд барои пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ диҳанд, зеро онҳо тарбиятгари насли ояндаанд ва фарҳанг маҳз аз оила оғоз меёбад. Вақте ки кӯдак аз хурдӣ ба дидани либоси миллӣ одат мекунад, эҳсоси ифтихор аз миллат дар қалби ӯ реша медавонад.
Дар ҳақиқат ҳам, бегонапарастӣ ин беэҳтиромӣ нисбат ба фарҳанги миллӣ мебошад, зеро он ба ҳувияти миллӣ ва арзишҳои фарҳангии мо бевосита алоқаманд аст. Бегонапарастӣ маънои аз ҳад зиёд тақлид кардан ба фарҳанг, одат ва тарзи зиндагии бегона ва беаҳамият шуморидани арзишҳои миллии худиро дорад. Вақте инсон фарҳанги худро паст мезанад ва фарҳанги дигаронро болотар мешуморад, ин нишонаи камранг шудани худшиносии миллӣ аст.
Фарҳанги миллӣ маҷмӯи таърих, забон, урфу одат, либос, мусиқӣ ва арзишҳои ахлоқии ҳар як миллат мебошад. Агар мо ба фарҳанги худ эҳтиром нагузорем, оҳиста-оҳиста решаҳои миллии худро аз даст медиҳем, ки ин метавонад ба заъиф шудани ваҳдати миллӣ ва коҳиши ифтихор аз миллат оварда расонад.
Албатта, шинохтани фарҳангҳои дигар кори хуб аст, аммо на ба ивази фаромӯш кардани фарҳанги худ. Омӯзиш бояд бо эҳтиром ба асолати миллӣ ҳамроҳ бошад. Нақши занон ва бонувон дар тарғиби либоси миллӣ ва дурӣ аз фарҳанги бегона калидӣ маҳсуб мешавад ва ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ вазифаи ҳар яки мо мебошад. Танҳо бо эҳтиром ба гузашта ва арзишҳои худ метавонем ояндаи равшан бунёд намоем.
Мо, бонувону духтарони кишвар, хосса узви ҷомеаи бонуфузи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ талош менамоем, ки сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, ҳифзу гиромидошти либоси миллӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳӣ сармашқи фаъолияти илмӣ, иҷтимоӣ ва зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳем. Бо иштироки фаъолона дар чорабиниҳои фарҳангӣ, баргузории маҳфилҳои маърифатӣ, таблиғи либоси миллӣ дар муҳити донишгоҳ ва ҷомеа, инчунин намунаи ибрат будан дар рафтору гуфтор, мо саъй менамоем, ки фарҳанги миллӣ ва суннатҳои неки ниёгонро ҳифз намуда, онҳоро ба наслҳои оянда ба мерос гузорем. Мутмаинем, ки маҳз бо чунин амалҳои созанда метавонем дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, боло бурдани ифтихори ватандӯстӣ ва ҳифзи асолати фарҳангии миллат саҳми арзандаи худро гузорем.
Шарифзода Одинамо Пирназар, дотсент, муовини ректор оид ба тарбияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ