, Ҷумъа, 06-Феврал

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА ОРОМИИ ҶОМЕА


ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ХАТАР БА ОРОМИИ ҶОМЕА

Яке аз масъалаҳои муҳимтарине, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм мебошад. Имрӯз дар гӯшаҳои гуногуни сайёра миллионҳо нафар одамон ба хавфу хатарҳои экстремистиву террористӣ рӯ ба рӯ гардида, оромиву осоиши ҷаҳон торафт халалдор шуда истодааст. Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон низ, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз хатари ин падидаҳои манфур пурра эмин буда наметавонад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, муборизаро алайҳи чунин хатарҳои номатлуб дучанд афзун намоем ва нагузорем, ки ба истиқлолият ва ваҳдати миллии мо осебе расад.

Дар тӯли солҳои охир кишвари ҷаҳон ҳадафи амалҳои созмонҳои экстремистиву террористӣ қарор гирифтаанд, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар одамон ба ҳалокат расида, миллионҳо нафари дигар маҷбур шудаанд манзилҳои худро тарк намоянд. Айни замон ташкилотҳои террористӣ бо истифода аз номи дини мубини ислом сафи худро аз ҳисоби ҷавонони гумроҳ, ки аз роҳи илму дониш дур мондаанд, пур намуда, ба амалҳои номатлуб даст мезананд. Мутаассифона, дар миёни онҳо ҷавонони гумроҳгаштаи тоҷик низ мавҷуданд.

Таърих гувоҳ аст, ки аз қадимулайём аҷнабиён бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии мардум даромада, ба амалҳои ғайриқонунӣ ва харобкорона даст мезаданд. Ин воқеиятро мо дар мисоли хиёнаткориҳои роҳбарону аъзоёни фаъоли ҳизби террористии наҳзати ислом, ки боиси сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид, ба хубӣ мушоҳида намудем. Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти комил, роҳбарон ва аъзоёни ин ҳизби террористӣ бо истифода аз номи дини мубини ислом ба боварии ҷавонони гумроҳ даромада, ба амалҳои харобкорона даст зада, мехостанд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба давлати исломӣ табдил диҳанд. Хушбахтона, хиради азалӣ, зиракии сиёсӣ ва азму талошҳои мардуми тоҷик нагузошт, ки амалҳои нопоки онҳо ҷомаи амал пӯшад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 150 ҳазор нафар аҳолӣ ба ҳалокат расида, миллионҳо нафар шаҳрвандон ба давлатҳои дигар гуреза шуданд. Ҳамчунин, ходимони бузурги давлатӣ таҳдид ва ба қатл расонида мешуданд. Яке аз гуноҳҳои азиме, ки дар дини ислом маҳкум шудааст, маҳрум сохтани инсонҳои бегуноҳ аз ҳаёт мебошад. Пас магар роҳбарон ва аъзоёни онвақтаи ин ҳизби террористӣ дарк намекарданд, ки бо даст задан ба қатлу куштори бераҳмонаи мардуми осоишта чӣ гуноҳи азимеро содир менамоянд?

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба хубӣ дарк намудаанд, ки беҳтарин неъмат ва дороие, ки насиби онҳо гардидааст, истиқлолият ва ваҳдати миллӣ мебошад. Аз ин рӯ, онҳо ҳеҷ гоҳ намегузоранд, ки ба ин неъматҳои муқаддас осебе расад ва бар зидди ҳама гуна хатарҳои экстремистиву террористӣ муборизаи оштинопазир мебаранд. Воқеан ҳам, истиқлолияти комил барои ҳар як давлат беҳтарин дороӣ ба ҳисоб меравад ва мардуми ҳар кишвар бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасанд. Мо шоҳиди он будем, ки баъзе давлатҳои дорои захираҳои зиёди иқтисодӣ, вале бе истиқлолияти воқеӣ, дар муддати кӯтоҳ бар асари нооромиҳо иқтисодиёти худро аз даст доданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти комил дар самти мубориза бо экстремизм ва терроризм як қатор қонунҳо ва қарорҳои муҳими давлатӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул гардиданд.

Ҳамчунин, бо мақсади пешгирӣ ва мубориза бо ин падидаҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва татбиқ шуданд. Аз ҷумла, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, таҳти №1717, «Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм» тасдиқ гардида, ҳамчунин «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва мубориза бо экстремизми зӯроваранда ва тундгароии ба терроризмбаранда барои солҳои 2016-2020» қабул карда шуд.

Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 санади ҳуқуқии байналмилалиро дар самти мубориза бо терроризм эътироф намудааст. Аз ҷумла, «Эъломия дар бораи чораҳои барҳамдиҳии терроризми байналмилалӣ» аз 9 декабри соли 1994, Шартномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм аз 4 июни соли 1999 ва Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм аз 16 июни соли 2009 мебошанд. Қонунҳо ва санадҳои қабулгардида ба мо имкон медиҳанд, ки муборизаро алайҳи амалҳои номатлуби экстремистиву террористӣ боз ҳам муассиртар ба роҳ монем.

Лоиқов Парвиз - номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!