, Сешанбе, 03-Феврал

ҶОЙГОҲИ ҶАШНИ САДА ВА БАҲМАНЧИНА ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ


ҶОЙГОҲИ ҶАШНИ САДА ВА БАҲМАНЧИНА ДАР САРЧАШМАҲОИ АДАБӢ ВА ФАРҲАНГӢ

(ба ифтихори эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025)

 Арҷгузорӣ ба расму ойин ва ҷашнҳои миллӣ вазифаи аввалиндараҷа ва ҷонии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад ва метавон гуфт, ки дар замони муосир дар баробари дар саргаҳи ҳамаи ташабуссҳои бузург, аз қабили кулли масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ қарор доштан, инчунин эҳёгару ташабускори росму ойин ва ҷашнҳои мардумони ориёитабор Роҳбари муаззами миллат Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Сада низ яке аз ҷашнҳои қадимаи миллати тоҷик буда, ҳамасола дар саросари Ватани азизамон Тоҷикистон бо шукуҳу ҳашамати хоса қайд карда мешавад.

Ин ҷашн ҳар сол ба Баҳманмоҳ яъне, моҳи ёздаҳуми шамсӣ мутобиқ ба 22-январ то 20 феврали солшумории мелодӣ рост омада, баъд аз як моҳу 2-рӯзи чиллаи калон, ки чил рӯз давом карда, бо чиллаи хурд, ки нисфи чиллаи калон- 20 рӯзро дар бар мегирад рост меояд ва марҳилаи сардиҳои шадиди зимистон мебошад, ба итмом мерасад. Ва шояд дар баробари дигар хусусиятҳо аҳамияти калон пайдо кардани оташ ва арҷгузоштан ба он маҳз ҳамин сардиҳои шадид бошад, ки оташ афрӯхтану ҷашн гирифтани он ҳамчун рамзи ғалабаи гармӣ ба сардӣ, нур ба зулмот, субҳ ба шом инчунин гармии хонадон ва русурхии мардум шуморида мешуд.

Аз рӯи мушоҳида бо сарчашмаҳо маълум гашт, ки дар рӯзи даҳуми моҳи Баҳман на танҳо ҷашни Сада, ки ба 29-30 январ рост меояд, қайд карда мешуд. Инчунин дар рӯзи дуюми ин моҳ низ иди дигаре бо номҳои Баҳманчина («Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.1. саҳ. 164 нашр.М:Сов.Энц.соли 1969); Баҳманчана («Туҳфат-ул-аҳбоб»-и Ҳофизи Убаҳӣ, нашр Ирфон, саҳ.31. нашри соли 1992); Баҳманчина (Ғиёс-ул-луғат. Душанбе: Адиб. 1987.- ҷ. 1. саҳ. 151) ҷашн гирифта мешудааст.

Лозим ба ёдоварист, ки иди мазкур дар ашъори шоирони маъруфи адабиёти классикии мо Анварӣ ва Фаррухӣ («Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.1. саҳ. 164) хеле зебо ба риштаи назм кашида шудааст:

Фаррухаш болу худованд фархунда кунад,
Иди фархундаву баҳманҷанаву баҳман моҳ.

 (Фаррухӣ)

Андар омад зи дари ҳуҷраи ман субҳдаме,
Рӯзи баҳманҷана, яъне дувуми баҳман моҳ.

 (Анварӣ)

Лекин аз вожаҳои мазкур таҳлили ин вожа дар шакли Баҳманчина дар «Ғиёс-ул-луғат» хеле ҷолиб аст: Баҳманчина номи ид, ки ба рӯзи дуввуми ҳар моҳи шамсӣ, ки дар форсӣ Баҳман ном аст. Чун номи моҳ бо номи рӯз мутобиқ афтод дар он рӯз ид мекунанд ва аҷсоми таомҳо пазанд ва гулҳои баҳмани сурх ва гулҳои баҳмани сафед чинанд ва бар таомҳо пошанд. Ба ҳамин ҷиҳат ҷашни Баҳманро рӯзи Баҳманчина гӯянд (Ғиёс-ул-луғат. ҷ.1. саҳ. 151).

Ба ҳар сурат нисбат ба ҷашни Баҳманчина ё бо ибораи дигар Баҳманҷана ҷашни Сада маҳбубияти хоса дошта, дар тулии асарҳо аз тарафи аждодони мо ид карда мешуд ва хушбахтона солҳои охир ин анъана идома ёфта истодааст.

Бад-ин-минвол метавон гуфт, ки вожаи Баҳманчина ба истилоҳи гулҳои баҳмани сурх ва сафед инчунин чиндану истифодаи онҳо дар таом вобастагӣ дорад.

 Дар мавриди Сада ҳамчун ҷашни мардумӣ қариб, ки дар ҳама сарчашмаҳои таърихӣ ва фарҳангӣ маълумоти якхела вуҷуд дорад.

Ҳамчунин дар хусуси замони иди Сада низ маълумоти якхела, яъне ба рӯзи 10-уми моҳи шамсӣ 29-30 январ ба солшумори мелодӣ рост омадани он хулосабарориҳо якхел мебошанд.

Лекин дар хусуси ба кадом шоҳ тааллуқ доштану бунёди ҷашни Сада ба ду шахс робит дода мешавад. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Ҳушанг ва дар ашъори Низомӣ ба Ҷамшед.

 Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бо вуҷуди қиссаи асотирӣ будан ҷашни Сада сабаби пайдоиши оташ, афрӯхтани оташи бузург ва парастиши он аз тарафи Ҳушанг писари Каюмарс хеле ҷолиб ба риштаи назм дароварда шудааст. Қисса чунин аст, ки рӯзе Ҳушанг ҳангоми аз кӯҳ гузар намудан бо як гуруҳ ҳамроонаш аз дур ҳайвони сиёҳи бадҳайбатеро, ки баъдтар онро мор ном мебарад, мебинад ва мехоҳад, ки бо санг моро бикушад, аммо санг бар мор нарасида, ба санги дигаре бархӯрда аз он оташ пайдо мешавад,ки дар нашри нави «Шоҳонома» Ҷ.1 -Душанбе:Шарқи озод,2025.Саҳ, 19 чунин ба қалам дода шудааст:

Яке рӯз шоҳи ҷаҳон сӯи кӯҳ,
Гузар кард бо чанд кас ҳамгурӯҳ.
Падид омад аз дур чизе дароз,
Сияҳрангу тиртану тезтоз.
Ду чашм аз барии сар чу ду чашми хун,
Зи дуди даҳонаш ҷаҳон тирагун.
Нигаҳ кард Ҳушанги боҳушу санг,
Гирифташ яке сангу шуд пешчанг.
Ба зӯри каёни бизид даст,
Ҷаҳонсӯз мор аз ҷаҳонҷӯ биҷаст.
Баромад ба санги гарон санги хурд,
Ҳам ону ҳам ин санг бишкаст хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳарду санг,
Дилисанг гаштаз фурӯғ озаранг.
Нашуд мор кушта, валекин зи роз,
 Падид омад оташ аз он санг боз.

Дар нашри пешинаи ин шоҳасари бузург баробари пайдоиши оташ метавон гуфт,ки пайдоиши рушноӣ низ ба ин ҳодиса марбут будааст ва Ҳушанг аз ин фоли нек гирифта,онро ҳамчун ҳадяи Эзадӣ дониста, шабона оташи бузург меафрӯзад ва онро ҷашн мегирад ва номи ин ҷашнро Сада мегузорад:

Ҳар он кас,ки бар санг оташ задӣ,
Аз ӯ равшаноӣ падид омадӣ.
Ҷаҳондор ҳаме пеши Ҷаҳонофарин,
Ниёш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод.
Ҳамин оташ ӯро қибла ниҳод.
 Шаб омад барафрӯхт оташ чу кӯҳ,
 Ҳамон шоҳ дар гирди ӯ бо гурӯҳ.
 Яке ҷашн кард он шабу бода х-вард
«Сада» номи он ҷашн фархунда кард

Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чу ӯ дигар шаҳриёр

(Фирдавсӣ «Шоҳнома» Ҷ.1-Душанбе: Адиб, 1987-саҳ.54).

 Дар саҳ. 53 ин нашри «Шоҳнома» низ ба Ҳушанг мансуб будани ихтирои оташ сухан меравад:

Ба санг андар оташ аз- ӯ шуд падид,
К-аз ӯ равшанӣ дар ҷаҳон густарид.

Низомии Ганҷавӣ («Фарҳанги забони тоҷикӣ» Ҷ.2. саҳ. 174) дар мавриди зинда сохтани оини оташпарастӣ дар замони Ҷамшед ишора намуда чунин фармудааст:

Ба Наврӯзи Ҷамшеду ҷашни Сада,
Ки нав гашт оини оташкада.

 Дар хусуси мафҳуми Сада ё этимологияи он қариб, ки маълумотҳо вуҷуд надоранд.

 Бисёре аз донишмандони муосири тоҷик маънои Садаро ба рақами сад марбут медиҳанд, ки инро мо дар ягон фарҳангнома мушоҳид накардаем. Ба ҳар сурат, агар аз рӯи ин фарзия аз рӯзи саршавии Сада то Наврӯз ҳисоб кунем, ин рақам ба 50 мерасад. Лекин дар ҳолати 50 шабро бо 50 рӯз алоҳида ҳисоб намуда, онро ҷамъ созем рақам 100, яъне сад шабонарӯз ҳосил мешавад, ки фарзияи мазкурро тақвият медиҳанд, яъне, сад рӯз то оғози иди Наврӯз.

 Дар мавриди мафҳуми Сада фарзияи мо низ вуҷуд дорад. Ҳангоми ба ҳам бархӯрдани ду санг, яъне ба садама ё садма дучор шудани онҳо оташ ба вуҷуд омадааст, ки ба сабаби ҳамон ҳодиса номи ин ҷашн ихтисор шуда, дар шакли Сада талаффуз шудааст.Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ, ҷ.2 саҳ.низ вожаи садма ё садама ба маънои ба ҳам бархӯрдани 2 чиз, зарба омадааст. Низомӣ дар ин хусус чунин фармудааст:

Дар ҳам афканданашон ба садмаи теғ
Кори ӯ бод буд, эшон меғ.

 («Фарҳанги забони тоҷикӣ» ҷ.2. саҳ. 174).

 Ба ҳар сурат ин ҷашн ҷашни фархунда буда, мардуми мо шуруъ аз саршавии он барои кишту кори баҳорӣ омодагиҳо мегиранд, дарахт мешинонанд, заминҳоро шудгор мекунанд, ба қавсоб ва чиллаоб мондани ниҳолон машғул мешаванд, ки ин низ як қисмати ободкорӣ ва омодагиҳо барои беҳдошти зиндагонӣ мебошад.

Хулоса дар бораи хусусиятҳои этимологӣ, этнографӣ, таърихӣ, осотириву устуравӣ ва фарҳангии Сада маълумотҳо хеле зиёданд ва мо кӯшиш намудем,ки дар хусуси ҳаводиси моҳи баҳман ва ду ҷашни ба он марбут- Баҳманчина ва Сада каме ҳам бошад,дар такя ба ашъори шоирон ва фарҳангномаҳо ба хонандаи гиромӣ маълумот диҳем.

Сада пайки баҳор мебошад, ҷашни Сада ба ҳамаатон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Тоиров Шермуҳаммад-устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!