, Ҷумъа, 30-январ

МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ОМӮЗГОР-МЕЪМОРИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ


МАОРИФ-ПОЯИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ОМӮЗГОР-МЕЪМОРИ ОЯНДАИ МИЛЛАТ

(Илҳом аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 16.12.2025)

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади тақдирсоз буда, самтҳои асосии сиёсати давлатиро муайян менамояд. Яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ба ҳисоб меравад.

Маориф, ки яке аз соҳаҳои афзалиятноки кишвар маҳсуб меёбад, дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ доир ба соҳаи маориф чунин иброз намудаанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям».

Бояд гуфт, ки дар паёмҳои ҳамасолаи Президенти кишвар, дар миёни ҳамаи самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ соҳаи маориф ҳамчун соҳаи муҳим ва тақдирсоз нақши меҳварӣ дошта, пояи асосии рушду устувории давлат ва кафолати ояндаи дурахшони Тоҷикистон мавқеи калидӣ касб намудааст.

Маориф соҳаи махсусест, ки ба таълим ва тарбия машғул буда, мақсади асосии он ба воя расонидани ҷомеаи солим мебошад. Ин соҳа имконият фароҳам меорад, ки сатҳи дониш ва маърифати шаҳрвандон баланд гардида, дар рушди бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат намояд.

Дар ин замина Пешвои миллат бо таҳлили амиқу саривақтии вазъи ҷаҳонӣ ва равандҳои муосир таъкид намуданд, ки бе рушди маориф расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ғайриимкон аст. Дар ироаи Паёми худ Сарвари давлат соҳаи маорифро яке аз сармояҳои гаронбаҳо арзёбӣ намуда, чунин иброз доштанд: «Маориф асоси пешрафти давлат ва сармояи боэътимоди миллат мебошад». Ин суханон воқеан мавқеи соҳаи маорифро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ бозгӯ менамоянд.

Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки пешрафти ҳар як давлат пеш аз ҳама ба сатҳи дониш, маърифат, фарҳанг ва ҷаҳонбинии шаҳрвандони он вобастагии зич дорад.

Гуфтан ба маврид аст, ки дар ҷаҳони муосир ҳамон давлатҳое пешрафта ба ҳисоб мераванд, ки сармояи инсониро дар босаводнокӣ ва маърифати халқи худ медонанд, яъне ба тарбия ва таълими насли наврас таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Маҳз ба ҳамин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ намуда, бо боварии комил чунин иброз доштанд: «Ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобастагии мустақим дорад».

Ин нуктаҳо далели онанд, ки маориф на танҳо соҳаи иҷтимоӣ, балки соҳаи тақдирсоз барои таҳкими маънавиёти миллат ва таъмини рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, саҳм гузоштан ба соҳаи маориф, яъне тарбия намудани кадрҳои баландихтисос, соҳибмаърифат, ҷавобгӯ ба меъёрҳои муосир ва дорои ҷаҳонбинии васеъ, яке аз вазифаҳои муҳими зиёиён, хусусан омӯзгорон маҳсуб меёбад.

Омӯзгор шахсест, ки масъулияти басо бузургро бар дӯш дорад, зеро ӯ бо инсон сару кор мегирад, худ месӯзад ва ояндаро бо нури дониш равшан месозад.

Албатта, нақши омӯзгор дар ҷомеа ва дар таълиму тарбияи насли наврасу ҷавонон ниҳоят муҳим мебошад. Омӯзгор дар баланд бардоштани рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва тарбияи наврасону ҷавонон заҳмати зиёд мекашад.

Пешвои миллат низ омӯзгорро шахсияти калидӣ дар меҳвари сиёсати худ қарор дода, таъкид намудаанд, ки омӯзгор на танҳо интиқолдиҳандаи дониш, балки тарбиятгари ахлоқӣ ва маънавии насли наврас мебошад.

Мутобиқи дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» қабул гардид. Ин қонун дар баланд бардоштани мақом ва эҳтироми омӯзгор дар ҷомеа саҳми назаррас гузошт. Ба андешаи Сарвари давлат: «Мақоми омӯзгор дар ҷомеа бояд ҳамеша баланд бошад, зеро маҳз онҳо ояндаи миллатро месозанд». Ин таъкид масъулияти бузурги омӯзгоронро дар назди ҷомеа боз ҳам равшан намуда, зарурати эҳтиром ва дастгирии онҳоро таъкид менамояд.

Дар натиҷа, нақши муҳими маориф ва мақоми омӯзгор дар рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистони муосир чунин хулосаро ба миён меорад, ки низоми миллии маориф ва омӯзгорон дар бунёди иқтидори зеҳнӣ, ҳамчун асоси рушди қобилияти шаҳрвандон ва таъмини ояндаи устувори кишвар, мавқеи ҳалкунанда доранд.

Дар маҷмӯъ, таҳлили Паёми Пешвои миллат бозгӯ мекунад, ки рушди устувори давлату ҷомеа бевосита аз сатҳи маориф ва фаъолияти касбии омӯзгорон вобастагии зич дорад. Дар чунин шароит тарбияи солими насли наврасу ҷавон барои омӯзгор на танҳо вазифаи касбӣ, балки қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа бояд дар ташаккули ҷаҳонбинии солим, ахлоқи ҳамида ва ҳисси баланди ватандӯстии хонандагон дар сафи пеш қарор гиранд. Маҳз ҷомеаи омӯзгорӣ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва садоқат ба касб метавонад сиёсати маорифпарваронаи давлатро дар амал татбиқ намуда, барои тарбияи насли донишманд, соҳибмаърифат ва созандаи фардои кишвар заминаи устувор гузорад.

Давлатов Толқун, муаллими калони кафедраи фанҳои табиию риёзӣ ва методикаи таълими онҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!