, Якшанбе, 22-декабр

ТАЪСИРИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ БА ПИРЯХҲО

 30.03.2023 389

ТАЪСИРИ ГАРМШАВИИ ИҚЛИМ БА ПИРЯХҲО

 (Дар ҳошияи ташаббуси панҷуми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)

Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи оби тоза мебошад. Қариб ҳамаи обҳое, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, барои нӯшидан ва истифода дар соҳаи кишоварзӣ мувофиқанд. Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати захираи манбаъҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалро ишғол менамояд. Манбаи асосии об дар Тоҷикистон пиряхҳо ва барфу борон ба ҳисоб меравад.

Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксар суханрониҳои худ ба ҳалли мушкилоти глобалии экологӣ, махсусан, тағйирёбии иқлим ва норасоии оби нӯшокӣ таваққуф мекунанд. Сарвари кишвар зимни яке аз суханрониҳояшон теъдоди пиряхҳои ҳудуди кишварро 14 000 ном бурданд ва чанд пешниҳоди дигари муҳим, ба монанди дастгирии ҳамаҷонибаи истифодаи васеи манбаъҳои энергияи таҷдидшаванда, ки заминаи мусоидро барои рушди иқтисоди «сабз» мегузорад, мусоидати ҳамаҷониба намудани кишварҳои мададрасон ва созмонҳои байналмилалию минтақавии молиявӣ ба татбиқи амалии стратегияву барномаҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, пурзӯр кардани мониторинги мунтазами манбаъҳои пайдошавии захираҳои об, бахусус пиряхҳо, таҳким бахшидан ба ҳамкории байналмилалӣ дар масъалаҳои ҳифзи манбаъҳои обӣ ва бо ин мақсад мавриди амал қарор гирифтани пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис додани Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, шомил намудани мушкилоти таъсири тағйирёбии иқлим ба ҳолати захираҳои обӣ ва роҳҳои пешгирии натиҷаҳои манфии он ба рӯзномаи чорабиниҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамчун масъалаи муҳими рӯз, расонидани кумакҳои молиявӣ ва техникии ҳамаҷонибаи кишварҳои мутараққӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати мониторингу ҳифзи пиряхҳо ва дигар манбаъҳои захираҳои обӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва камтараққӣ аз зумраи пешниҳодҳои ҷаҳонии Пешвои миллат маҳсуб мешаванд.

Зеро мушоҳидаҳои метеорологӣ, натиҷаи тадқиқот ва далелҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки тағйирёбии иқлим воқеан ҳам, яке аз умдатарин мушкилоти ҷаҳонӣ боқӣ мемонад.

Яке аз чунин ҳодисаҳои табиӣ, ки олимонро ба ташвиш овардааст, обшавии яхпораи «Pine Island» дар Антарктида мебошад. Гурӯҳи олимон аз Донишгоҳи Лидс (Британия) натоиҷи пажуҳиши худро дар маҷаллаи «Geophysial Research Lettrs» интишор намуданд ва иттилоъ доданд, ки яхпораи аз ҳама азими Антарктида бо суръати баланд об шуда истодааст. Агар ба маълумоти солҳои қабл назар намоем, обшавии пиряхи фавқ соле 16 метр ба қайд гирифта шудааст, аммо мувофиқи ҳисобҳои муосир он то 90 метр ба об фурӯ рафтааст. Масоҳати пиряхи шинокунандаи «Pine Island» ба 175 км2 баробар буда, аз кайҳон мушоҳида мешавад. Чанде қабл олимон хулоса бароварданд, ки ин яхпораи азим пас аз 600 сол пурра об мешавад.

Мутаассифона, имрӯз мутахассисон бар он назаранд, ки агар раванди обшавии «Pine Island» чунин суръат дошта бошад, баъд аз 100 сол он пурра нест мешавад ва ин омили асосии таҳрикдиҳандаи обшавӣ гармшавии глобалии иқлим мегардад.

Ҳамчунин,  коҳишёбии пиряхҳо дар ноҳияҳои қутби шимолӣ низ мушоҳида мешавад. Тибқи ҳисобҳои олимони яхшинос, давоми 40-50 соли наздик Уқёнуси Яхбастаи Шимолӣ аз рӯйпӯши яхин озод мешавад. На танҳо пиряхҳои ноҳияҳои қутбӣ, балки пиряхҳои манотиқи кӯҳсор, аз ҷумла, Ҳимолой бо суръати баланд об шуда истодаанд. Агар дар оянда чунин раванд идома ёбад, то соли 2060- ум 2/3 ҳиссаи пиряхҳои Ҳимолой об мешавад. Чунин тағйирёбиҳо дар экосистема ба флора ва фауна низ таъсири манфӣ мерасонад. Яъне, дар чунин ҳолат парандаҳо барвақт парвоз карда меоянд ва дер баргашта мераванд ва аз ин сабаб 30-40%-и растаниҳо, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ба вуҷуд омадааст, аз ҳисоби тағйирёбии иқлим нобуд мешаванд.

Дар минтақаи Осиёи Марказӣ, махсусан, ҳудуди Тоҷикистон, ки яке аз манотиқи ба тағйирёбии иқлим осебпазир мебошад, бинобар сабаби баланд шудани ҳарорат, кам шудани миқдори боришот ва дигар омилҳои метеорологӣ захираи пиряхҳо коҳиш ёфта истодааст. Марзи Тоҷикистон маркази бузурги пиряхҳои минтақа, танзимкунандаи оби дарёҳо ва манбаи захираи оби тоза мебошад. Дар давоми 30 соли охир аз 14 000 пиряхи ҳудуди кишвари мо, ки барои тамоми минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, беш аз 1000 пирях ба нестӣ расидааст.

Фарзи мисол, бузургтарин пиряхи минтақа — Федченко, ки майдони калон ва системаи васеи қаторкӯҳҳоро ишғол менамояд, айни замон зери таъсири ҷиддии гармшавии иқлим қарор дорад. Зимни тадқиқот муайян карда шудааст, ки давоми солҳои 1976-1991 дар қисми поёнии пирях 15 м ва аз соли 1976 то соли 1980 дар давоми як сол 2,3 м фурӯ нишаста, баъдтар фурӯнишинӣ камтар гардидааст ва дар давоми як сол ба 0,5 м расидааст. Агар соли 1979 ғафсии пиряхи Федченко ба 40-50 м баробар буд, соли 1998 он ҳамагӣ 20-25 метрро ташкил додааст.

Дар баробари ин, тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои нисбатан хурд таъсири ҷиддӣ дошта, ҳолати онҳоро боз ҳам харобтар намудааст. Фарзи мисол, мувофиқи пажуҳиши олимони тоҷик, майдони пиряхи №583, ки дар ҳавзаи дарёи Мурғоб воқеъ гардидааст, нисбат ба феҳристи соли 1976 0,17 км2 ва то соли 2018 0,28 км2 кам шудааст. Натиҷаи ченкуниҳо нишон медиҳад, ки дарозии пирях давоми солҳои 1976-2018 ба ҳисоби миёна 139м коҳиш ёфтааст. Дар минтақаи пирях давоми ин солҳо ҳарорати ҳаво 0,9°С баланд ва миқдори боришот 23,1 мм (28%) кам мешавад.

Аз ин далелҳо ва натиҷаҳои илмӣ дида мешавад, ки тағйирёбии иқлим ба пиряхҳои тамоми ноҳияҳои яхистони кураи арз, аз ҷумла, Тоҷикистон таъсири амиқ дорад. Дар ду даҳсолаи садаи XXI дар натиҷаи гармшавии глобалии иқлим обшавии пиряхҳо мушоҳида шуда, ҷиҳати пешгирӣ аз он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 2009 «Барномаи давлатии омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо дар Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» қабул гардид ва баҳри татбиқи амалии барномаи мазкур дар назди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт. Барои амалан роҳандозӣ шудани як чунин Барнома Ҳукумати кишвар 25 миллиону 367 ҳазор сомонӣ ҷудо намуда, илова бар ин, лоиҳаи омӯзиши пиряхҳоро дастгирӣ кард, ки ҷиҳати татбиқ намудани он Бонки Осиёии Рушд дар ҳаҷми 10 миллион доллар маблағ ҷудо кардааст.

Тавре ҳамагон шоҳид ҳастем, 14 декабр Маҷмааи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-ум Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»- ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ шуда буд, бо иттифоқи оро қабул кард. Иқдоми навбатии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пуштибонии 154 кишвари узви СММ пазируфта шуд. Қабули чунин як қатъномаи муфид боиси ифтихору сарфарозии ҳамаи мо, олимони тоҷик ва инчунин, аҳли ҷомеа, маҳсуб мешавад. Зеро дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд.

Дар қатъномаи мазкур аҳаммияти пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ ва таъсири ҷиддии обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувор ба сароҳат дарҷ гардидааст. Инчунин, дар ин санад таъкид шудааст, ки таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши густардаи креосфера гардида, дар натиҷа устуворӣ дар минтақаҳои баландкӯҳ кам шуда, миқдору мавсими маҷрои об ва захираҳои обро дар ҳавзаҳои дарёҳои барфу пиряхдор тағйир додааст. Ин омил ба паст шудани сифат ва миқдори маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ, афзоиш ёфтани норасоии об ва баланд шудани сатҳи миёнаи баҳрӣ таъсир расонида истодааст. Теъдоди зиёди ҳаммуаллифони қатъномаи мазкур бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаббусҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми он барои ҳалли мушкилоти глобалӣ эътимод дорад.

Шоҳзоди ШАРИФМУРОД, омӯзгор




Ба рӯйхат