, Ҷумъа, 23-январ

ГУМРОҲОН ВА МУХОЛИФОН - ДУШМАНОНИ ОРОМИИ ҶОМЕА


ГУМРОҲОН ВА МУХОЛИФОН - ДУШМАНОНИ ОРОМИИ ҶОМЕА

Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар марҳалае қарор дорад, ки оромию субот, ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ бузургтарин дастоварди он ба шумор меравад. Маҳз ҳамин фазои осоишта аст, ки ба мардум имкон додааст зиндагӣ кунанд, таҳсил намоянд, меҳнат намоянд ва ба фардои худ бо умед нигаранд. Аммо, мутаассифона, ин неъмати бебаҳо ба ҳама писанд нест.

Дар паси пардаи «озодӣ», «адолат» ва «ҳуқуқи инсон» гурӯҳҳо ва ашхосе пинҳонанд, ки ҳадафи аслиашон на ободии Ватан, балки нооромсозии ҷомеа мебошад. Ин гумроҳон ва мухолифони бегонапараст бо истифода аз эътиқод, эҳсосот ва содагии баъзе ҷавонон мекӯшанд фазои ороми кишварро халалдор созанд ва боварии мардумро нисбат ба давлату ҷомеа коста гардонанд. Муҳаммадиқболи Садриддини хонабардуши гумроҳ, ки имрӯз берун аз марзи Ватан ба гумроҳсозии ҷавонону насли навраси миллат машғул аст, азмураи афроди мазкур аст, ки ҳадафашон танҳо як чиз, он ҳам манфиат, нооромӣ, бесуботӣ ва гумроҳ сохтани мардум ба шумор меравад.

Амалкарди чунин афроду гурӯҳҳо равшан аст: онҳо аз хориҷи кишвар, дур аз дарди воқеии мардум, бо суханҳои пурғавғо ва даъвоҳои беасос ба ҷомеа заҳр мепошанд; онҳо ба ҷойи пешниҳодҳои созанда, тухми кина, бадбинӣ ва ҷудоиро мекоранд; онҳо ба ҷойи меҳнату созандагӣ, мардумро ба итоати кӯр-кӯрона ва саркашӣ даъват мекунанд.

Инҳо на мухолифони воқеӣ, балки хиёнаткорони манфиати миллӣ мебошанд. Зеро мухолифати воқеӣ барои ислоҳ ва пешрафт аст, на барои вайронкорӣ ва нооромӣ. Ҳар касе, ки суботи Ватанро ҳадаф мегирад, новобаста аз шиору ниқобаш, дар муқобили миллат меистад.

Ҷомеа, хосатан насли ҷавон ҳадафи асосии таблиғоти Муҳаммадиқболи Садриддин ва ҳампешагони гумроҳаш ҳастанд. Насли ҷавон бояд ҳушёру зиррак бошад, зеро ин тоифаи аъзои гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд шуморо аз таҳсил, аз касбу ҳунар, аз ояндасозӣ дур кунанд ва ба роҳи саргардонӣ баранд. Ба ёд доред: касе, ки шуморо аз илм ҷудо мекунад, дӯсти шумо нест; касе, ки шуморо ба нафрат ва харобкорӣ мебарад, ҳеҷ гоҳ хайрхоҳи Ватан намешавад.

Ватан бо суханҳои холӣ ҳифз намешавад.

Ватан бо дониш ҳифз мешавад.

Бо меҳнат обод мегардад.

Бо масъулияти шаҳрвандӣ поянда мемонад.

Гиромӣ доштани Тоҷикистон - ин эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва ояндаи худ аст. Ҳифзи он танҳо вазифаи давлат нест, балки қарзи ҳар як шаҳрванди бедордил мебошад.

Имрӯз ҷомеа ба ҷавонони босавод, соҳибкасб, ватандӯст ва ҳушёр ниёз дорад, на ба пайравони гумроҳоне, ки худ оянда надоранд. Роҳи рост, роҳи созандагӣ, омӯзиш, меҳнат ва вафодорӣ ба Ватан аст.

Тоҷикистон хонаи мост.

Хонаро вайрон намекунанд, хонаро месозанд, обод мекунанд ва ҳамеша барои муҳофизати он омодаанд.

У.Тошматӣ, корманди ДДК ба номи А.Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!