,
Ҷумъа, 23-январ
Таърих гувоҳ аст, ки ҳар гоҳ ҷомеа аз арзишҳои аслии худ дур меравад, пеш аз ҳама ба доми шахсоне меафтад, ки зоҳирро ба ҷойи ботин, шиорро ба ҷойи амал ва суханро ба ҷойи масъулият мегузоранд. Чунин афрод худро на он гуна ки ҳастанд, балки он гуна ки мехоҳанд бинмоянд, муаррифӣ мекунанд. Онҳо бо ниқоби дин, адолат ва «ҳақталошӣ» ба майдон меоянд, аммо дар асл тухми ихтилоф, боваршиканӣ ва гумроҳиро дар зеҳни наслҳо мекоранд.
Муҳаммадиқболи Садриддин яке аз намунаҳои равшани чунин нафарони асолатбохтаву гумроҳгашта аст. Амалкард ва мавқеъгирии ӯ нишон медиҳад, ки суханонаш на ба ҳақиқат ва манфиати ҷомеа, балки ба эҳсосоти мардум, бахусус ҷавонони содаандеш равона шудааст. Ӯ имрӯз аз минбари сохтаи хоҷагонаш истифода намуда, динро на ҳамчун мактаби ахлоқ ва худсозӣ, балки ҳамчун воситаи фишор, таҳрик ва манипулятсия истифода мебарад.
Вақте инсон аз асолати худ ҷудо мешавад, вақте виҷдонро қурбони манфиати шахсӣ мегардонад, натиҷааш равшан аст: сухан аз амал пеш мегузарад, ваъда ҷойи масъулиятро мегирад ва даъвати ислоҳ ба даъвати нооромӣ табдил меёбад. Чунин рафтор гумроҳӣ ва фиреб аст, ки дар пай оқибати шуму норавшан дорад.
Хатарнокии ӯ маҳз дар он аст, ки худро «қурбонӣ» ва «наҷотбахш» нишон дода, мехоҳад бо фиребу найранг ҷавонони содаро аз роҳи созандагӣ дур бибарад. Дар зеҳн ва тафаккур онҳо ба ҷойи меҳнат, илмомӯзиву худсозӣ- норозигӣ ҷой мекунад; ба ҷойи ватандӯстӣ - бегонапарастӣ; ба ҷойи андешаи солим - тақлиди кӯркӯронаро меомӯзонад.
Ҷавонони азизи Тоҷикистони биҳиштӣ, фирефтаи суханҳои баланду шиорҳои холӣ нашавед. Ҳар касе, ки аз берун нишаста, бо забони ислому адолат шуморо ба бадбинӣ, кина ва ҷудоӣ тела медиҳад, дӯсти шумо нест. Дин барои поксозии нафс аст, на барои бозии сиёсӣ. Ватан бо овоза обод намешавад, балки бо ақлу даст ва меҳнати содиқона метавон онро сохт.
Имрӯз Тоҷикистон ба ҷавонони огоҳ, соҳибмаърифат ва масъулиятшинос ниёз дорад, на ба пайравони ашхоси асолатбохтаву гумроҳгаштае чун Муҳаммадиқболи Садриддин. Ояндаи худро ба дасти касоне насупоред, ки худ роҳи равшане надоранд.
А.Муҳаммадӣ - омӯзгори ДДК ба номи А.Рӯдакӣ