,
Ҷумъа, 23-январ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар 16-уми декабри соли 2025 мардуми шарифи Тоҷикистон ироа гардид. Чун анъана, роҳбари давлат дар фарҷоми ҳар сол бо Паёми хеш натиҷаҳои фаъолияти давлату Ҳукуматро ҷамъбаст намуда, онро ҳамчун арзи эҳтироми воло ба хурду бузурги миллат пешниҳод менамояд. Ин равиш гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар дорои ҳисси баланди мардумпарварӣ, миллатдӯстӣ, ватанхоҳӣ ва масъулияти шоистаи хизмат ба ҷомеа мебошад.
Дар Паёми навбатӣ роҳбари давлат ба масоили калидии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дахл намуда, қабл аз ҳама, ба масъалаҳои оромӣ, осоиштагӣ, сулҳу ваҳдати пойдор дар дохили кишвар ва таҳкими муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои дуру наздик таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Бо бознигарӣ ба ҳодисаҳои муҳиму фаъолияти 10-сола дастовардҳои назарраси Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро дар ин самтҳо муфассал баён карданд.
Аз ҷумла, ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани мероси фарҳангии Хутали Қадим ҳамчун яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангии халқи тоҷик арзёбӣ гардид. Ҳамзамон, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” мавриди эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифта, дар ин хусус қатъномаи дахлдори Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд.
Пешвои Миллат аз пешравиҳои иқтисодии кишвар изҳори қаноатмандӣ намуда, зикр карданд, ки маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ 2,7 баробар афзоиш ёфта, аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонида шудааст. Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ, ин нишондиҳанда хеле назаррас арзёбӣ мегардад. Инчунин, даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 ба 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш дода шуд.
Тибқи маълумоти пешниҳодгардида, рушди иқтисодӣ ба ҳисоби миёна ҳар сол 8,7 фоизро ташкил дода, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар соҳаи саноат 20 фоиз, кишоварзӣ 8,4 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 11,7 фоиз афзоиш ёфтааст. Ин нишондиҳандаҳо имкон медиҳанд, ки Барномаи рушди миёнамуҳлат барои солҳои 2026-2030 пурра ва самаранок амалӣ гардад.
Ҷалби сармояи ватанӣ ва хориҷӣ, таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, сохтмон ва бунёди иншооти энергетикӣ ва нақлиётӣ, истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, тавсеаи хизматрасониҳо ва густариши ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ бо суръати баланд идома доранд. Барои боз ҳам таҳким бахшидани иқтисодиёти кишвар Пешвои Миллат гузариш ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди “сабз” ва “даврагӣ”, татбиқи модели иқтисодии ба дониш ва навоварӣ асосёфта, инчунин рушди сармояи инсониро муҳим арзёбӣ намуданд.
Президенти кишвар ба масъалаи ворид намудани зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамиро ҷиҳати ҷорӣ намудани сомонаи ягонаи хизматрасониҳои давлатӣ муваззаф гардониданд. Коҳиш додани таъсири омилҳои инсонӣ дар муомилоти молиявӣ ҳамчун воситаи муҳими пешрафт таъкид гардид.
Дар Паём масъалаи истифода ва пардохти ҳаққи нерӯи барқ аз ҷониби аҳолӣ ва корхонаю муассисаҳо таҳлил шуда, бо далелҳои мушаххас нишон дода шуд, ки 30-40 фоизи аҳолӣ маблағи истифодаи барқро пардохт намекунанд. Дар ин замина ҷорӣ намудани низоми нави рақамии биллингӣ ҳамчун воситаи муассири танзими ин соҳа арзёбӣ гардид. Пешвои Миллат инчунин ба масъалаи такмили маъмурикунонии андоз таваҷҷуҳ зоҳир намуда, Ҳукумати мамлакатро вазифадор сохтанд, ки Барномаи нави рушди маъмурикунонии андозро барои солҳои 2026-2030 таҳия ва татбиқ намоянд.
Дар шароити иқтисоди бозорӣ таҳияи Стратегияи рушди бозори сармоя яке аз тадбирҳои муҳим арзёбӣ шуд. Қайд гардид, ки дар даҳ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда 143 миллиард сомониро ташкил дода, танҳо 38 фоизи он ба соҳибкорони истеҳсолӣ рост меояд. Бо дарназардошти ин, Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ муваззаф гардиданд, ки ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ ва зиёд намудани қарздиҳӣ ба соҳаҳои афзалиятнок чораҳои иловагӣ андешанд.
Саноатикунонии кишвар бо суръати баланд идома дошта, тибқи маълумоти пешниҳодшуда ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳафт соли охир 2,5 баробар афзоиш ёфта, ба 66 миллиард сомонӣ расидааст. Масъалаи коркарди ашёи хоми ватанӣ, аз ҷумла маъданҳои металҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, инчунин истифодаи захираҳои бойи табиӣ ҳамчун самти афзалиятнок таъкид гардид.
Сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика низ идома дошта, дар даҳ соли охир ба маблағи 60 миллиард сомонӣ сармоя равона гардида, иқтидори истеҳсоли нерӯи барқ 1017 мегаватт зиёд шудааст. Бо вуҷуди норасоии мавсимии барқ, Пешвои Миллат бо итминони комил изҳор доштанд, ки то соли 2030 ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ 30 фоиз афзоиш ёфта, талаботи аҳолӣ пурра қонеъ мегардад. Сохтмони неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт низ дар назар аст.
Амнияти озуқаворӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими зиндагии мардум арзёбӣ гардида, нишон дода шуд, ки сатҳи таъмини он аз 60 фоизи соли 2015 ба 85 фоиз дар соли 2025 расидааст. Ин дастовард барои солҳои минбаъда низ кафолати устувор фароҳам меорад. Бо ишора ба пешгӯиҳои СММ оид ба норасоии маводи ғизоӣ дар ҷаҳон, Пешвои Миллат кишоварзонро ба афзоиши истеҳсолот, хусусан рушди пахтакорӣ, ҳидоят намуданд.
Дар самти рушди инфрасохтор, сохтмони роҳҳо ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ корҳои зиёде анҷом ёфта, ҳазорҳо километр роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳангоми сохтмон истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи босифат ба назар гирифта мешавад.
Дар бахши маориф ва илм таъкид гардид, ки ояндаи давлату миллат аз сатҳи рушди илму дониш вобаста аст. Маблағгузорӣ ба ин соҳа нисбат ба соли 2015 5,5 баробар зиёд шуда, сохтмони муассисаҳои таълимӣ идома дорад. Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020–2040” амалӣ шуда истодааст. Пешвои Миллат зарурати таҳлили ҳамаҷонибаи натиҷаҳои татбиқи ин барномаро таъкид намуда, ҷорӣ намудани низоми шаффофи имтиҳонсупориро муҳим шумориданд.
Дар суханронии худ Президенти кишвар бо муроҷиат ба мардуми Тоҷикистон таъкид намуданд: “Агар мо хоҳем, ки давлати пешрафта, Ватани обод ва зиндагии осуда дошта бошем, бояд кӯшиш намоем, ки фарзандонамон соҳиби саводу дониш ва касбу ҳунар шаванд”.
Ҳифз ва гиромидошти мероси таърихӣ ва фарҳангӣ низ яке аз мавзуъҳои муҳими Паём буд. Чоп ва дастрас намудани китобҳои “Тоҷикон” ва “Шоҳнома” ба ҳар як оила иқдоми муҳим дар самти таҳкими худшиносии миллӣ арзёбӣ гардид.
Роҳбари давлат инчунин ба рушди соҳаҳои фарҳанг, маънавиёт, тандурустӣ ва варзиш ишора намуда, муборизаи беамон бо терроризм ва экстремизмро вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванд донистанд.
Дар фарҷоми Паём Пешвои Миллат чунин иброз намуданд: “Ман ба ояндаи неку дурахшони Ватани соҳибистиқлоламон ва иродаи қавии мардуми заҳматпешаву сарбаланди он эътимоди комил дорам”.
Ин суханон ҳар як фарди бо нангу номуси Тоҷикистони азизро водор месозанд, ки барои рушду ободӣ, сулҳу субот ва пешрафти давлат тамоми дониш, нерӯ ва заковати худро сафарбар намояд.
Самариддинова Зайнаб, дотсент, декани факултети физика, математика ва информатикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ