, Ҷумъа, 23-январ

РОҲИ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕКУНЕМ


РОҲИ ФАРДОРО МУНАВВАР МЕКУНЕМ

(дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16-уми декабри соли 2025)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола Паёми хешро ба мардуми азизи кишвар таҳти унвони «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ироа менамоянд. Дар навбати худ халқи тоҷик, мардуми шарифи Тоҷикистон ин паёмҳоро ҳамчун рӯйдоди муҳими таърихӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодӣ арзёбӣ намуда, аз он нигарониҳои умедбахшро интизор мешаванд.

Паёми навбатии Президенти кишвар дар марҳилаи барои халқи Тоҷикистони азиз ниҳоят муҳиму таърихӣ, яъне омодагиҳо ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид.  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сулҳи байни Тоҷикистону Қирғизистон ва шартномаи сегонаи байни Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ишора намуданд. Дар воқеъ, ин масъалаҳо барои низоми давлатдорӣ ва рушди бемайлони ҳаёти кишвар аҳамияти аввалиндараҷа доранд.

Пешвои миллат доир ба беҳтар гардонидани муносибатҳо, таҳкими сулҳу дӯстӣ ва густариши равобити ҳамаҷониба бо кишварҳои ҳамсоя корҳои зиёдеро анҷом дода, ба тавофуқҳои муҳим байни давлатҳои ҳамҷавор ноил гардиданд. Масъалаи муносибат бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар давлатҳои ҷаҳони муосир барои мо аҳамияти хос дорад. Ин нукта дар сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар мавқеи калидӣ касб намудааст.

Масъалаи дигаре, ки роҳбари давлат ба он таваҷҷуҳ намуданд, дар асоси ташаббусҳои бевоситаи Тоҷикистон эълон гардидани соли 2025 ҳамчун «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» мебошад. Оид ба ин масъала қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ба тасвиб расид. Ин далели он аст, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба инкишоф дар ҳалли масоили глобалии ҷаҳон бетараф набуда, дар пешниҳод ва ҳалли масъалаҳои байналмилалӣ фаъолона ширкат меварзад.

Пешвои миллат ҳамчунин доир ба ташаббуси дигари Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имкониятҳои нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» суханронӣ намуданд. Изҳор доштанд, ки қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ин ташаббус низ қабул гардидааст. Ҳамзамон, бо дарназардошти баъзе омилҳое, ки метавонанд ба ҳуқуқи башар халал расонанд, Тоҷикистон ташаббуси дигарро ба СММ пешниҳод намуд, ки дар натиҷа соли 2027 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардид.

Сипас, Пешвои миллат вазъи иқтисодиёти кишварро бо рақамҳо таҳлил намуданд. Таҳлилҳои воқеии роҳбари давлат нишон доданд, ки Тоҷикистон дар зарфи даҳсолаи охир ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар ин давра 3,4 маротиба афзоиш ёфта, иқтисоди миллӣ ҳамасола ба ҳисоби миёна 7,6 фоиз рушд кардааст. Сатҳи камбизоатӣ то 19 фоиз коҳиш ёфтааст, ки дар муқоиса бо баъзе кишварҳои рушдёфта нишондиҳандаи қобили таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад.

Тағйироти назаррас дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика, роҳсозӣ ва дигар бахшҳо мушоҳида мегарданд. Дар асоси таҳлилҳои омории худ роҳбари давлат чунин нуктаи ҷамъбастиро ироа намуданд: «Ҳукумати мамлакат бояд самтҳои афзалиятноки рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, саноатикунонии босуръат бо истифодаи технологияҳои муосир, истифодаи имкониятҳои транзитӣ ва сайёҳӣ, идомаи ислоҳоти идоракунии давлатӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар гардонидани фазои сармоягузориро тақвият бахшад».

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки Президенти кишвар ба он диққати махсус зоҳир намуданд, амалисозии иқдомҳои созанда дар доираи «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» мебошад. Пешвои миллат Хадамоти алоқаро вазифадор намуданд, ки лоиҳаи «Стратегияи рушди соҳаи алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»-ро таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Таъкид гардид, ки дар марҳилаҳои минбаъда ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ ва истифодаи инфрасохтори пардохтӣ бояд тақвият дода шавад.

Дар Паёми худ Президенти кишвар ба масъалаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва истифодаи оқилонаву пардохти ҳаққи истифодабарӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ин ҷиҳат ҷорӣ намудани низоми рақамии биллингӣ дар давоми як соли охир истифодаи самараноки неруи барқро ба танзим дароварда, ба иқтисодиёти кишвар маблағҳои иловагӣ ворид намуд.

Яке аз ҳадафҳои муҳими стратегии кишвар саноатикунонии босуръати он ба шумор меравад. Дар Паёми Президенти кишвар ин масъала ҷойгоҳи намоёнро ишғол намудааст. Тайи ҳафт соли охир дар мамлакат зиёда аз 2600 корхонаи саноатӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа 87 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Танҳо дар соли 2025 зиёда аз 400 корхонаи нав ба фаъолият оғоз намуданд.

Қайд гардид, ки агар дар соли 1991 ҳамагӣ се навъи маъдан (тилло, нуқра ва сурб) истеҳсол мегардид, пас дар соли 2025 ин нишондиҳанда ба 17 номгӯй расид. Ин далели он аст, ки кишвари мо дар самти дарёфт ва коркарди маъданҳои боарзиш қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои охир Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар ва барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳоро қабул ва амалӣ намуд.

Масъалаи таъмини аҳолӣ бо неруи барқ аз ҷониби роҳбари давлат бори дигар таъкид гардида, бо иқтидори пурра ба кор даровардани агрегати сеюми НБО-и «Роғун» ва бунёди неругоҳҳои офтобӣ дар муҳлатҳои наздиктарин изҳор гардид.

Яке аз ҳадафҳои муҳимтарини кишвар таъмини амнияти озуқавории аҳолӣ мебошад. Ин масъала аз ҳисоби истифодаи пурраи имкониятҳои дохилӣ ва воридоти маҳсулоти ғизоӣ аз хориҷи кишвар амалӣ гардида истодааст. Дар ин замина ба аҳолӣ тавсия дода шуд, ки ҳамеша дар захира намудани маводи ғизоӣ бетараф набошанд.

Рушди соҳаи пахтакорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои асосии иқтисоди кишвар арзёбӣ гардида, таъмин намудани имтиёзҳо барои мутахассисони соҳаи кишоварзӣ таъкид карда шуд.

Ҳадафи дигари муҳими стратегии кишвар сохтмони роҳҳо ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Тайи солҳои охир ҳазорҳо километр роҳҳои дохилӣ ва дорои аҳамияти байналмилалӣ сохта шуда, мавриди истифода қарор гирифтанд. Манфиатҳои иқтисодии кишвар аз бунёди роҳҳо бештар гардида, имкониятҳои воқеии зиндагии мардум афзун шуданд. Роҳбари давлат мушаххасан дар бораи корҳои анҷомёфта ва лоиҳаҳои оянда дар соҳаи роҳсозӣ сухан ронданд.

Ҷудо гардидани маблағҳо барои соҳаҳои иҷтимоӣ таҳлил шуда, сол ба сол афзоиш ёфтани онҳо бо рақамҳои мушаххас нишон дода шуд. Роҳбари кишвар ба масъалаҳои маориф ва илм низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, корҳои анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт номбар карданд. Ҳамасола кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ сохта шуда, ба истифода дода мешаванд. Ҳатто дар дурдастарин манотиқи кишвар муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ бунёд гардида, мавриди истифода қарор мегиранд.

Пешвои миллат ба масъалаи таълим ва тарбияи фарзандони миллат бо ғамхории падарона назар намуда, аҳамияти онро таъкид карданд. Дар муддати даҳ сол, яъне солҳои 2004-2014, кишвари мо ба фазои ягонаи таҳсилоти байналмилалӣ ворид гардид. Ин ба шаҳрвандони кишвар имконият фароҳам овард, ки таҳсили худро дар муассисаҳои олии хориҷӣ идома дода, баъди соҳиб шудани ихтисосҳои муосир ба Ватан баргашта, ба халқу миллати худ содиқона хизмат намоянд.

Президенти кишвар асри XXI-ро асри технологияҳои муосир дар соҳаи илм эълон намуда, рӯ овардан ба илм ва дастовардҳои онро вазифаи шарафманди ҳар як шаҳрванди кишвар донистанд. Дур будан аз ҷаҳолат, хурофот ва таассубро омили раҳоӣ аз ҳар гуна хатоандешӣ арзёбӣ намуданд. Ба ҷавонон рӯ оварда, роҳи умедбахши ҳаётро тавассути илму дониш ва маърифат нишон доданд.

Арзишҳои таърихӣ ва маънавии миллати тоҷик ёдовар шуда, омӯзиши таърих, анъанаҳо ва ҷашну маросимҳои миллиро нишонаи эҳтиром ба ниёгон арзёбӣ намуданд. Миллати тоҷикро бо таърихи зиёда аз 6000-солааш миллати бостонӣ номида, соҳиби тамаддуни куҳан будани онро бо далелҳои таърихӣ собит карданд.

Ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро вазифадор намуданд, ки дар панҷ соли оянда 1 миллиону 400 ҳазор ҷойи нави корӣ таъсис диҳанд.

Сиёсати кор бо ҷавонон дар сиёсати дохилии роҳбари давлат яке аз самтҳои марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина чунин нуктаи муҳим таъкид гардид: «Ҷавонони мо нерӯи асосии пешбарандаи ҷомеа мебошанд ва мо аз ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии онҳо ифтихор мекунем».

Ин бовар ва эътимоди Президенти кишвар ҷавононро водор месозад, ки дар партави сиёсати дурандешонаи Пешвои миллат дар марҳилаҳои минбаъда корҳои бузургро анҷом диҳанд. Роҳбари давлат бори дигар эътимоди худро ба ҷавонон изҳор намуда, онҳоро сипари ҷомеа ва умеди оянда номиданд.

Дар сиёсати хориҷӣ Президенти кишвар сиёсати «дарҳои кушода»-ро ҷонибдорӣ намуда, онро ба манфиати тарафайн арзёбӣ карданд. Дар фазои сулҳ, ваҳдат ва эҳтироми ҳамдигар зиндагӣ карданро роҳи расидан ба саодати башарӣ донистанд.

Паёми навбатии Президенти кишвар эътимод ва боварии мардумро ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон тақвият бахшида, роҳи расидан ба арзишҳои волои инсониятро равшан намуд.

Бо дарназардошти муҳтавои амиқ ва ҳадафманди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавон ба хулоса омад, ки ин санади сарнавиштсоз барои мо - аҳли зиё, олимон, омӯзгорон ва зиёиёни кишвар на танҳо роҳнамо, балки дастури амал дар кору зиндагӣ ба шумор меравад. Татбиқи самараноки нуктаҳои Паём моро водор месозад, ки бо истифода аз неруи ақл, илм, тафаккури навин ва масъулияти шаҳрвандӣ дар тарбияи насли худогоҳу ватандӯст, рушди илму маориф, густариши фарҳанги миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир саҳми воқеӣ гузорем. Танҳо бо ин роҳ - тавассути пайравии огоҳона аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, метавонем роҳи фардои Тоҷикистонро мунаввар сохта, ояндаи дурахшони онро барои наслҳои минбаъда таъмин намоем.

Ҷуразода Шоҳмурод Ҷура, номзади илмҳои биология, декани факултети химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!