, Ҷумъа, 23-январ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА


ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ - ХАТАРИ ҶИДДӢ БА АМНИЯТИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Тайи чанд соли охир дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон амалҳои террористӣ ва ифротгароёна ба таври густурда содир мешаванд. Дар натиҷаи ин вазъи мураккаби сиёсӣ, суботу оромӣ дар ин кишварҳо ҳамоно халалдор гардида, мардуми осоишта пайваста қурбонии кирдорҳои гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ мегарданд. Хусусан зуҳури гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» барои амнияти минтақа ва умуман ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳдидҳои нав ва ҷиддиро ба вуҷуд овард.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзуи «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки 3-4 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, таъкид намуда буданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз дар аввали солҳои 90-уми асри XX, дар оғози бунёди давлати соҳибихтиёри худ, ҳадафи амалҳои тахрибкоронаи террористону ифротгароён бо дастгирии хоҷагони хориҷии онҳо қарор гирифта буд. Дар он айём ниҳодҳои терроризми байналмилалӣ кишвари моро ба саҳнаи озмоиши қудрати маргбори худ ва амалӣ намудани ғаразҳои зиддиинсонӣ табдил дода буданд.

Он замон Тоҷикистон ба ҳамаи он ҳодисаҳои фоҷиаборе рӯ ба рӯ шуд, ки имрӯз дар баъзе кишварҳо мушоҳида мешаванд. Ҳадаф ва нақшаҳои пасипардагиву ғаразноки саркардагони аслии он гурӯҳҳо, ки аз ғояҳои ифротгароӣ ва террористӣ сарчашма мегирифтанд, бо роҳи зӯрӣ, қатлу куштор ва таҳдид ба сари мардум таҳмил намудани фарҳанги бегона, тафаккури асримиёнагӣ ва таъсиси давлати исломӣ дар Тоҷикистон буд.

Мавриди зикри хос аст, ки ташкили ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон маҳз натиҷаи нақшаҳои харобкоронаи роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба ҳисоб меравад. Аъзои ин ҳизби террористӣ дар он солҳо бо кумаки хоҷагони хориҷии худ мардуми бегуноҳ, бахусус шахсиятҳои маъруфу саршиносро ба қатл расонда, миллатро пароканда ва давлатро қариб ба нестӣ бурда буданд. Дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ беш аз 150 ҳазор нафар шаҳрвандони бегуноҳ ҷони худро аз даст дода, зиёда аз як миллион нафар аҳолӣ маҷбур шуданд ҳамчун гуреза ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон паноҳ баранд.

Мардуми Тоҷикистон ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунанд. Зеро аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ то имрӯз қариб оилае нест, ки хеши наздик, фарзанд ё падару модари худро аз даст надода бошад. Дуои ҳазорон модари тоҷик, ки писарони ҷавони худро дар гирдоби ҷанги бародаркуш аз даст доданд, роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ-ро ҳамеша таъқиб хоҳад кард.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз ба хотири пешгирӣ аз такрори нооромӣ ва ҳифзи ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон дар сафи пеши мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм қарор дорад. Бесабаб нест, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар миёни сарони давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид аввалин шуда ҷиҳати муборизаи беамон бо ин «вабои аср» садо баланд намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба муттаҳид шудан алайҳи ин зуҳуроти хатарнок даъват карданд.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки ТТЭ ҲНИ бо терроризм ва ифротгароӣ робитаи решавӣ ва дерина дорад ва аз мақсадҳои нопоки худ даст кашиданӣ нест. Роҳбарони фирории ин ҳизби мамнуъгардидаи террористӣ, ки дар ҳудуди кишварҳои аврупоӣ паноҳ ёфтаанд, ҳамоно кӯшиш мекунанд аз неруи бузурги ҷавонони тоҷик, чӣ дар дохили кишвар ва чӣ дар хориҷ барои амалӣ намудани ғаразҳои нопоки худ истифода баранд.

Гурӯҳҳои ифротгаро талош менамоянд, ки бо истифода аз ақидаҳои фанатикӣ ва таблиғоти фиребанда занону духтарон ва ҷавононеро, ки аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва маърифати дурусти исломӣ огоҳии кофӣ надоранд, ба доми худ бикашанд. Аз ин рӯ, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи ҷомеа ба шумор меравад.

Ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, бахусус аъзои ТТЭ ҲНИ, дар ҳамбастагӣ мубориза баранд ва нагузоранд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ ва нооромӣ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд. Барои решакан намудани ин ду зуҳуроти хатарноки аср, терроризм ва экстремизм, махсусан ҷавонон, ки неруи асосӣ ва ояндаи ҷомеа мебошанд, бояд дар сафи пеши мубориза қарор дошта бошанд.

Шоҳсанами Ризо, мудири кафедраи таъминоти барномавӣ ва WEB-дизайни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!