, Ҷумъа, 23-январ

КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД


КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ ОМӮЗГОРОН БОМАРОМ ИДОМА ДОРАД

Курси такмили ихтисоси омӯзгорон дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо маром идома дошта, ҳамчун иқдоми муҳим дар ҳошияи дастуру супоришҳои хирадмандонаву маорифпарваронаи пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани сатҳи касбият ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи замони муосир арзёбӣ мегардад. Дар доираи курс, ки барои омӯзгорони равияи ҷомеашиносӣ-гуманитарӣ пешбинӣ шудааст, бо ҷалби олимону мутахассисони варзида масъалаҳои муҳими илмӣ-назариявӣ ва амалӣ, усулҳои муосири таълим ва роҳҳои баланд бардоштани сифати таҳсил мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Машғулиятҳо бо лексияҳои пурмуҳтаво, мубодилаи таҷриба ва посух ба суолҳои иштирокчиён ҷараён гирифта, аз ҷониби шунавандагон бо таваҷҷуҳи зиёд истиқбол шуданд.

Ҳамзамон, дар идомаи курс машғулиятҳо бо иштироки Амирхон Шоҳҳусайн Талбонӣ, мудири кафедраи таърихи фалсафа ва фалсафаи иҷтимоии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардиданд. Зимни баромади ӯ масъалаҳои фалсафа ва моҳияти он ҳамчун илм, нақши фалсафа дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, тафаккури интиқодӣ ва рушди маърифати ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Мавзуъҳо дар заминаи робитаи фалсафа бо дигар илмҳои ҷомеашиносӣ ва аҳамияти он дар раванди таълиму тарбия шарҳ дода шуда, ба иштирокчиён имкон фароҳам овард, ки донишу ҷаҳонбинии худро ғанӣ гардонанд ва аз дидгоҳи илмӣ ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ нигариста тавонанд.




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!