,
Ҷумъа, 16-январ
Ҳодисаву вуқуоти солҳои охир ва ҳаводисе, ки дар оғози соли 2026 дар ҷаҳон рух дод, бори дигар моро ҳушдор дод, ки ҷаҳон аз ҷониби давлатҳои абарқудрат кайҳост дар ҳоли тақсимкунӣ қарор дорад. Ва ин раванд дунёро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ намудааст.
Ин падидаи манфӣ солҳои охир аз ҷониби гурӯҳ ва шахсони алоҳида ба дини мубини ислом рабт дода шуда, давлатҳои пурқудрат барои амалӣ намудани мақсадҳои нопоки худ аз эътиқоду бовари мусалмонон, аз надоштани дониши кофии исломии бархе аз ҷавонон, аз носоз будани равия, фирқа ва мазҳабҳои исломӣ байни ҳамдигар истифода бурда, радикализми динӣ, экстремизм ва терроризмро бештару бештар тақвият мебахшанд.
Радикализм, экстремизм, терроризм… Ин се вожае, ки имрӯз ба ҳар фарди ҷомеаи ҷаҳон ошност. Ин се вожае, ки дар ҷаҳони имрӯз хатараш аз яроқи ҳастаӣ кам нест... Ин се вожае, ки ба чолишҳои замони муосир сахт пайвастагӣ дорад... Ва ин се вожае, ки боиси аз байн рафтани ҷони ҳазорон ҳазор инсонҳо гашта, на танҳо ба Тоҷикистони азиз, балки дар умум ба тамоми сайёра таҳдид мекунад, зеро солҳои охир ин се падидаи номатлуб дар миқёси дунё рушд намуда, дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ дошта гаштааст ва бехатарии давлатҳою инсоният зери хатар қарор дорад.
Чӣ тавре ки аллакай ишора кардем, аз ин хатар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест, зеро воқеаву ҳодисаҳои охири соли 2025 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон нишон медиҳанд, ки ба кишвари мо ва дар маҷмуъ ба минтақа терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид намуда, шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои хавфноки трансмиллӣ аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, одамрабоӣ ба назар мерасанд.
Аз ин лиҳоз, сокинони кишвари азизамон, махсусан ҷавононро лозим аст, ки ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва доир ба ин мавзуъ маълумоти ҳарчӣ бештар дошта бошанд, то ки ба доми таблиғгарони ҳар гуна созмонҳои ифрогтаро наафтанд.
Чуноне ки дар боло аллакай гуфта гузаштем, аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро ва шахсони алоҳида ин се вожа ба дини мубини ислом пайваст кунонида мешаванд. Пас биёед, якҷоя ба ин суол ҷавоб меҷӯем, ки дин чист?
Аз нигоҳи мо-дин ин ишқ ба Зоти Ягона аст. Дин- эътиқод, боварӣ, муҳаббат, оромиши қалб, некӣ ва покӣ аст. Дин ба инсон арзишҳои умумибашариро меомӯзад, ӯро ба корҳои нек ҳидоят мекунад, барои ба авҷи камолот расидан ба инсон кумак менамояд. Дин инсонро барои сохтани муносибатҳои дуруст равона месозад, уро водор месозад, ки дигаронро эҳтиром кунад. Дин- парҳез аз дурӯғ, аз иғво, аз фитна, аз ғайбат, аз носозӣ ва нопокӣ аст.
Вале, мутаассифона, имрӯз гурӯҳ ва ҳаракатҳое пайдо шудаанд, ки ба номи поки дин иснод меоранд. Онҳо динро ба мақсадҳои нопоки худ истифода бурда, ягонагӣ ва оромиро дар ҷомеа барҳам мезананд. Онҳо дар зери ниқоби дин амал карда, ҷавононро фиреб медиҳанд ва онҳоро барои содир кардани ҷиноят водор намуда, ба марг маҳкум менамоянд. Ин гурӯҳҳо ҷавононро ба афроди ифротгарою террорист табдил медиҳанд, ки “барои онҳо ягон муқаддасот мисли ватан, миллат, дин, мазҳаб арзише надорад”.
Дар асл ин гурӯҳҳо ва ин гуна шахсон аз дин фарсахҳо дуранд ва мақсади онҳо низ дигар аст, вале бадбахтона, ин нафарон ҷиноятҳои худро зери шиорҳои динӣ мепӯшонанд ва ба номи поки дин иснод меоранд. Вале ҳар яки мо аллакай хуб медонем, ки ҲЕҶ ЯК ДИН ДАР ДУНЁ БА ЗӮРОВАРИЮ ТЕРРОРИЗМ даъват намекунад.
Пас агар ягон дин ба ифротгароӣ, зӯроварӣ, терроризм даъват накунад, ин мафҳумҳо чӣ маъно доранд? Тундгароӣ (радикализм, тундгароии динӣ (радикализми динӣ), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм).
Оё ин се вожа як маъноро ифода мекунанд ва ё аз ҳамдигар фарқ доранд? Дар воқеъ, барои як инсони одӣ фаҳмиши ин се вожа душвор аст. Вале мо то ҷойе метавонем, мехоҳем доир ба ин масъала рӯшанӣ андозем, зеро шароити имрӯзаи ҷаҳони муосир моро водор месозад, доир ба ин мавзуъ ҷиддӣ бошем, фаҳмиши бештар дошта бошем ва дар гирди давлат ва Президенти кишвари худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳам оем. Зеро Президенти азизи кишвари мо дар яке аз баромадҳояшон чунин гуфта буданд: “Мо яроқи ҳастаӣ надорем. Яроқи ҳастаии мо ваҳдат аст, дар сарҷамъии миллат аст”.
Вожаи радикализм аз калимаи лотинии «radix» гирифта шуда, маънои «реша»-ро дорад. Радикализм маҷмӯи андешаҳост, маҷмӯи андешаҳои нораво, андешаҳое, ки зӯран аз ҷониби ячейкаҳои хуфта, аз ҷониби шахсон ва гурӯҳҳои алоҳида ба фикри инсон ҷо дода шуда, мағзшӯӣ карда мешаванд. Он маҷмӯйи андешаҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ аст, ки мақсади дигаргун кардан, аз беху бун сарнагун сохтани институтҳои сиёсӣ ва иҷтимоии ҷомеаро дорад. Радикализм ба сохти сиёсии мавҷудаи ин ё он давлат мубориза бурда, мехоҳад авзоро дар дохили ҷомеа ноором созад. Ин мақсадҳо бо роҳи расонидани иттилоот, ташкили бесарусомониҳо, тақвият додани буҳронҳои иҷтимоӣ, бо роҳи норозигии мардум, фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ амалӣ мегардад.
Радикал (тундгаро)-ҳо чунин ақида доранд, ки ҷамъият бояд бо роҳи инқилоб таъғир дода шавад, яъне эътироф накардани ҳақиқат ва қонунҳои иҷтимоӣ, таҳаммулнопазирӣ, таассубгароӣ, барангехтани ҷанг, иғво андохтан дар ҷомеа асоси радикализмро ташкил медиҳад. Радикалҳо ба андозае якрав ҳастанд, ки фикру ақидаи дигаронро эътироф кардан намехоҳанд ва муросо ҳам намекунанд. Радикализм (тундгароӣ)-ро ба сиёсӣ, динӣ, гендерӣ, ҳарбӣ, фарҳангӣ ҷудо кардан мумкин аст.
Радикализми динӣ амалҳои террористиро бо таълимоти динӣ тақвият медиҳад ва он дар доираи ҳамаи динҳо аз ҷумла, ислом, насронӣ, масеҳӣ, буддоӣ вуҷуд дорад. Масалан онҳо аз террористони пешвои худ як шахси диндор ва бегуноҳ метарошанд, мисли Усома бин Лодан, ё ин ки китобҳои муқаддаси динҳои гуногун аз қабили Қуръон, Таврот, Инҷилро ба тарзи худ ва нодуруст тафсир карда, ҷавононро фирефта мекунанд. Калима, оятҳо, ҳадисҳои диниро нодуруст истифода мебаранд ва тафсир мекунанд, масалан калимаҳои ҷиҳод, кофир, бидъаткор ва ғайра. Вале дар асл онҳо маълумоти чуқур ва кофии динӣ надоранд.
Бояд гуфт, ки радикализм зинаи аввали инкишофи экстремизм, яъне ифротгароӣ мебошад.
Экстремизм аз вожаи франсузии «ехtrеmismе» гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амалҳои тундравона, аз ҳаду андоза гузаштан аст. Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Экстремизм –ин изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ба даъвати нооромӣ, дигаркунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият, ангезонидани ғояҳои нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабӣ мебошад.
Терроризм - аз решаи калимаи лотинии тарс, ҳарос ва ваҳм гирифта шуда, даҳшатафканӣ ва ифротгароиест, ки ба марзи ниҳоии худ расидааст. Он боиси аз байн рафтани суботу оромиш дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ мегардад. Терроризм- таркишҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, истифодаи зӯроварӣ ва яроқи оташфишон, гаравгон гирифтани одамон ва шахсиятҳои алоҳида, истифодаи таҷҳизоти тарканда, оташ задан, фавти одамони бегуноҳ, нобудсозӣ ва куштор, расонидани зарари вазнини иқтисодии молию пулӣ, нобуд сохтани ёдгориҳои қадима, вайрон кардани тартиботи ҳуқуқӣ ва халалдор сохтани оромии ҷомеа, ғасби зӯроваронаи ҳокимият, фишор овардан ба мақомоти давлатӣ ва ноором сохтани вазъият равона карда мешаванд.
Инак, мо андаке доир ба ин се вожа маъулот додем, хонандаи закӣ худ аллакай фарқияти байни ин се вожаро пай бурд. Вале суоли матраҳ ин аст, ки чаро маҳз ҷавонон бештар ба ин гуна гурӯҳҳои ифротгаро таблиғ карда мешаванд?! Зеро ҷавонон тани сиҳату фикри солими миллатанд, ҳар қадар онҳо ҳушёру зирак, босавод, бофарҳанг, боҳуш, ватандӯст ва инсондӯст бошанд, ҳамон қадар кишвар тараққӣ мекунад. Агар онҳо ҳар қадар хурофотпараст, бесавод, зудбовар, тарсӯ, ноумед ва таҳаммулнопазир бошанд, мамлакат ба “ботлоқи нестӣ” фурӯ меравад. Ҷавонон, дар воқеъ, аз нигоҳи сиёсӣ ва идеологӣ як бахши серҳаракат ва қобили меҳнати ҷомеа мебошанд, ки нақши мусбати онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавӣ яке аз омилҳои муҳими рушди ҷомеа, ояндасозии миллат ва давлат мебошад. Сарфи назар аз гуногуннавъии ғанои зеҳнӣ ва фарҳангӣ бисёр ҷавонон ба таври яксон дар баробари бунёдгароӣ осебпазир мебошанд.
Аз нигоҳи мо яке аз сабабҳои асосӣ созмон ёфтан ва дар байни ҷавонон паҳн гардидани равияҳои бегонаи мазҳабӣ аз қабили равияи салафӣ мебошад, ки равияи хушунатгаро ва хашин аст. Ин як хатари нуҳуфтаест, ки бояд ҳатман сари роҳи онро гирифт, то ҷавонони мо ба суханони дурӯғи ин равия дода нашаванд.
Истифодаи нодуруст аз интернет, махсусан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, муҳоҷирати корӣ, зеро аксари онҳое, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба созмонҳои террористӣ мепайванданд, муҳоҷирони меҳнатии муқими Руссия мебошанд, дар дараҷаи паст қарор доштани сатҳи дониши фарҳангӣ, динӣ, дунявӣ ва хусусии ҷавонон, надоштани ҷаҳонбинии ташаккулёфта, набудани назорати доимӣ аз болои иҷроиши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва худро дар ҷомеа афтодарӯҳ ва танҳо эҳсос намудан аз сабабҳои асосии пайвастани ҷавонон ба созмонҳои ифротӣ мебошад.
Чӣ бояд кард, то пеши роҳи ин зуҳуроти номатлуб гирифта шавад?
Ба ақидаи мо аввалан, бояд зуҳуроти номатлуби радикализми динӣ дар ҷомеа бартараф карда шавад. Дар пешгирии он нақши оила бениҳоят муҳим аст, зеро бача тарбияи аввалро дар оила мегирад. Оилаҳое ҳастанд, ки рафтору кирдори фарзанди худро ҳамеша зери назорат мегиранд, вале ба ӯ фишор намеоранд. Зеро ба бача фишор овардан метавонад бараъкс ӯро ба амалҳои номатлуб тела диҳад. Чунин оилаҳо дар бораи амалҳо ва кирдорҳои нодуруст ба фарзанди хеш мефаҳмонанд, якҷоя бо фарзанд роҳи ҳалли онро меҷӯянд, хондан ва босавод шудани ӯро ташвиқ мекунанд, зеро агар фарзанд босавод бошад, ҳаргиз ба чунин роҳ намеравад.
Вале оилаҳое ҳастанд, ки нисбат ба тарбияи фарзанд бепарво мебошанд, онҳо мароқ зоҳир намекунанд, ки фарзандашон ба чӣ гуна одамон дӯсту рафиқ мешавад, шабҳо ба куҷо меравад, ба баҳои чанд мехонад, дар кору амалҳои вай чӣ гуна таъғирот ба вуҷуд омада истодааст. Бадбахтона, аксар вақт ин боиси фалокат ва мағзшӯии ин гуна ашхос мегардад, зеро агар кӯдак дар фазои оилаи солим, сипас дар мактаб дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ватандӯстӣ, озодапарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллию умумибашарӣ, огоҳӣ аз дини хеш ва илму дониш ба воя расад, ҳаргиз фирефтаи суханони бепоя нахоҳад шуд.
Барои бедор кардани ҳушёрӣ ва зиракии ҷавонон нақши мактаб, донишгоҳу донишкадаҳо, созмонҳои гуногуни давлатӣ ва ВАО бузург аст.
Ноҳира Ҳақназарзода, омӯзгори факултети омӯзгорӣ ва фарҳанги Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ