,
Чоршанбе, 11-декабр
Падидаи ифротгароӣ нав набуда, решаҳои он ба умқи таърихи башар мерасад. Агар ба саҳифаҳои таърих назар андозем, дар ҳар як давру замон мебинем, ки инсониятро хатарҳои фалокатбори ҷангу ғоратҳо ва ғасбсозиҳо фаро гирифтаанд. Дар пушти онҳо маҳз ҳамин ифротгароёнро мебинем, ки нооромӣ, бенизомӣ ҷомеа, душманӣ ва нобуд сохтани афроди башарро хоҳонанд.
Падидаи ифротгароӣ дар Тоҷикистони мо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷангҳои шаҳрвандӣ ошкор гардид. Дар давраи нооромии сиёсии кишвар ва баъдан гурӯҳи ифротгаро падид омада, барои халалдор сохтани низоми сиёсии кишвар мубориза бурданд.
Фитрати азалии миллӣ, фарҳанг ва маънавиёти аҷдодони миллати тоҷик ва намояндагони ҷонсупори миллат нагузоштанд, ки тақдири як халқияти таърихи кӯҳанбунёд ба ҷанги ин гурӯҳи худком ва мағриз афтад.
Ба он ки Тоҷикистон дар арсаи олам ҳамчун як кишвари соҳибистиқлол, демократӣ ва кишвари сулҳу суббот ва амну осоиш эътибор гардидааст. Аммо аз падидаи ифротгароӣ ва терроризму экстремизм озод буда наметавонад, зеро минтақаи ҷойгиршавии мо ба ҳастии ин амалҳо боис мегарданд. Дар кишвари ба мо ҳамсояи Афғонистон қариб дар ҳама давраҳои таърихӣ қатлу ғорат, ҷангу муқовимат ва нооромии сиёсат ҳукмрон аст. Хоҳ нохоҳ таъсири вазъи нооромии сиёсии кишвари ҳамсоя ба кишвари мо мерасад ва хатари таҳлил сохтани ин ноустувориҳо дар сарзамини мо аз эҳтимол дур нест.
Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва баъд аз он созмонҳои реаксионии хориҷӣ аз душманони дохилии худамон сӯистифода карда, аз онҳо ифротгароён, террористон ва экстремистҳоро дар мактабҳои террористии худ тайёр намуда, алайҳи давлати Тоҷикистон истифода мебаранд.
Омили муҳими гароиш ба ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои реаксионии байналмиллалӣ аз байн рафтани омилҳои инсонӣ мебошад. Арзиши ҳамчун инсон ба дунё омадану ҳамчун инсон зистан коста гардидааст. Талаботи моддии инсон ба маротиб зиёд гардида, талаботи маънавии он таназзул ёфта истодааст. Ба ин тарафи масъала на дар оила ва на дар муҳит эътибори ҷиддӣ дода намешавад.
Аз ин лиҳоз, туҳматҳое, ки душманони миллати тоҷик ба сарвари кишвари мо аз шабакаҳои интернетӣ истифода мебаранд, дуруғи маҳз аст.
Ин тоифа махлуқон ба муқобили сарвари кишвари мо суханҳои ноҷо мегӯянд, ҳуқуқи ба миллати тоҷик санги маломат заданро надоранд, чунки халқи мо дар фазои ором таҳсил, зиндагӣ ва кору фаъолият доранд.
Ба халқи азизам муроҷиат карда гуфтаниям, ки ба гуфтаҳои душманони миллати тоҷик гӯш надода, шукри озодӣ, ободӣ, тинҷию амонии Тоҷикистони биҳиштосоро намуда, баҳри сарсабзию шукуфоии он саҳми муносиб гузорем ва нагузорем, ки нохалафе чашми кӯрбинашро ба сӯйи ҷомеаи мо дӯзад.
Шарбат РАҲМОНОВ, саромӯзгори кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ