,
Сешанбе, 13-январ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд: «Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтӣ хусусияти ҷаҳонӣ гирифтааст ва мубориза бо он танҳо бо ҳамгироӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии тадбирҳо имконпазир аст».
Дар ибтидои асри XXI инсоният бо хатари ҷиддие рӯ ба рӯ гардид, ки онро терроризми байналмилалӣ меноманд. Терроризм ва ифротгароӣ аз ҷумлаи зуҳуроти хавфноки замони муосир буда, боиси таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҳдид ба ҳаёти арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, халалдор сохтани тартиботи ҷамъиятӣ, барангехтани низоъҳои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ, инчунин талош барои тағйири сохти конститутсионӣ ва ғасби ҳокимият мегардад.
Имрӯз терроризм дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, ба амнияти давлатҳо ва суботи минтақаҳо таҳдиди воқеӣ эҷод менамояд. Сарфи назар аз тадбирҳои зиёди андешидашуда дар солҳои охир, хатари амалҳои террористӣ на танҳо аз байн нарафтааст, балки дар баъзе минтақаҳо афзоиш ёфтааст. Фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва шабакаҳои маблағгузори онҳо дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон далели равшани ин ҳолат мебошад.
Дар чунин шароит, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатҳо табдил ёфтааст. Дар Паёмҳои худ Пешвои миллат таъкид менамоянд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар раванди ҷаҳонишавӣ ва таҳаввулоти босуръати иқтисодию иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд.
Ҷангҳои харобиовар дар як қатор кишварҳо боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, бекорӣ, гуруснагӣ ва мушкилоти дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Дар чунин шароит терроризм ва ифротгароӣ бо оқибатҳои даҳшатбори худ ба яке аз проблемаҳои ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст.
Ифротгароӣ дар ҳар шакле, ки зоҳир гардад, қобили қабул нест, зеро он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол намуда, асосҳои маънавии ҷомеаро заиф месозад. Ин зуҳурот ба амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ таҳдид мекунад, аз ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Экстремизм метавонад дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон - дин, сиёсат, идеология, фарҳанг, илм ва ҳатто варзиш зуҳур намояд. Экстремист шахсест, ки ҷонибдори амалҳои тундравона ва якравӣ мебошад.
Мутаассифона, бархе аз ташкилотҳои манфиатдори хориҷӣ бо истифода аз вазъияти мураккаби иҷтимоӣ, махсусан миёни ҷавонон, ақидаҳои ифротиро таблиғ ва паҳн мекунанд. Гурӯҳҳои террористӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсӣ ва иқтисодии худ фаъолият бурда, дар паси ин амалҳо аксаран манфиатҳои бузурги молиявӣ ва назорат бар захираҳои табиӣ меистанд.
Яке аз омилҳои осебпазирӣ ҷалби баъзе шаҳрвандон ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ ва мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ мебошад. Аз ин рӯ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, инчунин таъмини ҷойҳои корӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ мубориза бар зидди терроризм ва экстремизмро яке аз ҳадафҳои стратегии худ қарор додааст. Бо дарназардошти талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардидаанд, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро дар ин самт танзим менамоянд. Аз ҷумла, моддаҳои 6-8 Конститутсия фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятиро муайян намуда, ғасби зӯроваронаи ҳокимиятро қатъиян манъ мекунанд, ки ин меъёрҳо ба стандартҳои байналмилалӣ мувофиқат доранд.
Илова бар ин, соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» қабул гардид, ки дар он мафҳуми экстремизм, кирдорҳои экстремистӣ, субъектҳои мубориза ва масъулияти мақомоти дахлдор муайян шудаанд.
Мо, ҷавонон, бо роҳнамоӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем ва барои ҳифзи сулҳу субот, якпорчагӣ ва истиқлолияти Ватани маҳбубамон ҳамеша омодаем. Мо сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Сайдалиева Сарварбӣ, муаллими калони кафедраи забоншиносӣ ва таърихи забони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ