, Сешанбе, 13-январ

СУЛҲУ ВАҲДАТ - ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ


СУЛҲУ ВАҲДАТ - ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ

Сулҳу ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии ҳар миллат ба шумор меравад. Хусусан барои миллати мо, ки солҳои душвори ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, арзиши сулҳу ваҳдат дучанд муҳим аст. Аз ин рӯ, барои ҳар давлату миллат сулҳу ваҳдат неъмати бебаҳо маҳсуб меёбад. Имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳон, ки гирифтори низоъҳои дохилӣ мебошанд, сулҳу ваҳдати миллиро орзу карда, барои расидан ба он талошҳои зиёде ба харҷ медиҳанд.

Сулҳу ваҳдат ҳамчун омили сарнавиштсоз, пойдевори ҳастии миллат ва арзиши муқаддаси миллӣ ҷовидона боқӣ хоҳад монд. Миллати тамаддунсози тоҷик фарҳанги сулҳҷӯиву сулҳофариро ба наслҳои оянда ҳамчун мероси гаронбаҳо ва мояи ифтихор хоҳад гузошт. Ваҳдат омили рушди босуботи мамлакат, кафили иқболу саодати халқу ҷомеа мебошад. Ин мафҳуми муқаддас дар қатори арзишҳои пурарзише чун сулҳу амният, маърифату фарҳанг, ватандориву ватандӯстӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, худогоҳиву ҳувияти миллӣ ҷойгоҳи хос дорад. Зеро ваҳдат сароғози ҳамаи комёбиҳо, созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ ва асоси некуаҳволии ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин, он заминаи худшиносиву худогоҳии миллии халқи соҳибмаърифати мо мебошад. Калимаҳои «сулҳ» ва «ваҳдат» барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ муқаддасу азиз буда, ҳамрадифи идҳои суннатии халқамон мебошанд.

Маънии амиқи ин мафҳумҳоро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври равшан чунин шарҳ додаанд: «Ваҳдат барои мо танҳо як вожа нест, балки номаи тақдири мост, шарти пешрафти кишварамон ба сӯи ояндаи ободу осуда ва муҳимтар аз ҳама, кафили сарҷамъию хушбахтии имрӯзаву ояндаи халқамон мебошад».

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи миллати тоҷик имкон фароҳам овард, ки бо истифода аз арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда, дар кишвар таҳкурсии ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шавад. Ин раванд барои беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол заминаи мусоид муҳайё намуд.

Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа зери таъсири андешаҳои тундгароёна ва неруҳои бадхоҳи хориҷӣ қарор гирифта, кишварро ба гирдоби низоъҳои дохилӣ кашиданд. Ин ҳолат хатари аз байн рафтани давлатдории тозаистиқлоли тоҷиконро ба миён овард. Мутаассифона, чунин гурӯҳҳо имрӯз низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла, гурӯҳҳои террористиву ифротии фаъолияташон мамнӯъ, ки аз хориҷи кишвар бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш мекунад ҷавонон - неруи ояндасози миллату давлатро гумроҳ созад.

Набояд фаромӯш кард, ки воқеаҳои фоҷеабори солҳои аввали истиқлол маҳз натиҷаи тарҳрезиву фаъолияти чунин гурӯҳҳо бо сарпарастии хоҷагони хориҷӣ буданд. Аз ин рӯ, мо набояд нисбат ба ҳадафҳои ғаразноки онҳо бетараф бошем. Баръакс, бояд дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муттаҳид гардида, дар ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва таҳкими дастовардҳои истиқлоли давлатӣ камари ҳиммат бандем.

Ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишвар зарари ҷуброннопазир расонида, боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар гардид. Бо вуҷуди ин, халқи тоҷик бо сабру матонат тавонист ба сулҳу субот даст ёбад ва бо азми қавӣ роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёдро пеш гирад, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ маҳсуб меёбад.

Дар шароити кунунӣ гиромидошти сулҳу ваҳдати миллӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатӣ аҳамияти басо муҳим дорад, зеро гурӯҳҳои фурсатталаб ҳанӯз ҳам дар каминанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин таъкид доштанд, ки «тамоми мардуми мамлакат, махсусан ҷавонон бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки ваҳдати миллӣ баробари истиқлолият арзиши муқаддасу бебаҳои ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва пешрафти ҳамаҷонибаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, беҳтар шудани сатҳу сифати зиндагии мардум, ободии Ватан ва ояндаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллиамон ба ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистон ва сулҳу субот вобаста мебошад». Ин нуктаҳои ҳакимона дар ҳақиқат имрӯзҳо аз ҳарвақта зарурати худро таҷассум менамоянд. Ваҳдат ин омилест, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат самараи пуразишеро барои халқи тоҷик дод. Ба ҳамин хотир моро зарур аст, ки онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

Тоҷикон аз қадим ҷонибдори иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ буда, бо дигар қавму миллатҳо ва пайравони дину фарҳангҳои гуногун муносибати некбинона доштанд. Ин ғоя ҳанӯз дар китоби «Авасто» таҷассум ёфтааст. Ҳамчунин, Ҷалолиддини Балхӣ - поягузори фалсафаи ваҳдати умуминсонӣ, бо андешаҳои башардӯстонаи худ таҳаммулгароиро тарғиб намудааст.

Дар адабиёти муосир низ ғояи сулҳ мавқеи махсус дорад. Мирзо Турсунзода - шоири сулҳпарвар, бо ашъори пурмуҳтавояш аҳамияти сулҳро ба ҷаҳониён талқин намудааст. Танҳо пас аз ҷанги шаҳрвандӣ мо моҳияти амиқи калимаи «сулҳ»-ро бо тамоми вуҷудамон эҳсос намудем ва ба арзиши воқеии он сарфаҳм рафтем.

Мисраъҳои машҳури ӯ:

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беорому рӯзафзуни дил,

гувоҳи онанд, ки сулҳ неъмати осон ба дастоянда нест.

Имрӯз мо бо ифтихор метавонем бигӯем, ки пояҳои сулҳу осоиштагӣ дар сарзамини биҳиштосои мо устувор гардидаанд. Сулҳ рамзи амният, озодӣ, истиқлолият, ободӣ ва зиндагии шоистаи мардум аст. Он таҷассумгари шодиву нишот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ватандӯстист.

Сулҳ дар фарҳанги миллии мо бо мафҳуми «ваҳдат» пайванд ёфта, имрӯз дар Тоҷикистон ҳамчун ҷашни ҳамдиливу ҳамгироӣ таҷлил мегардад. Воқеан, сулҳу ваҳдат мояи ифтихори миллати соҳибдилу тамаддунсози тоҷик мебошад.

Шарифова Ҳанифа, ассистенти кафедраи химия ва методикаи таълими они Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!