,
Сешанбе, 13-январ
Либоси миллӣ яке аз рукнҳои муҳими фарҳанг ва худшиносии ҳар як миллат ба шумор меравад. Он на танҳо зебоии зоҳирӣ ва завқи бадеии мардумро инъикос мекунад, балки ҳамчун рамзи ваҳдат, фарҳанг, таърих ва симои сиёсиву иҷтимоии миллат низ баромад менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон либоси миллӣ ҷойгоҳи ба вижа хос дошта, таваҷҷуҳи махсус ба эҳёи арзишҳои миллӣ, аз ҷумла ба либоси миллии тоҷикӣ зоҳир мегардид. Ин раванд нишондиҳандаи сиёсати фарҳангии кишвар ва ифодаи равшани сиёсати давлатдории миллӣ мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки “Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанги миллӣ ва нишонаи ифтихору ҳувияти тоҷикон аст”. Дар амал, сиёсати фарҳангии давлат ба эҳёи суннатҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои либоспӯшии тоҷикона ва тарғиби он дар миёни ҷавонон равона шудааст.
Имрӯз либоси миллии тоҷикӣ - атлас, адрас, чакан, зардӯзӣ ва тоқии миллӣ, на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он низ ҳамчун рамзи зебоӣ ва фарҳанги волои тоҷикон шинохта мешавад. Ҳамин аст, ки дар чорабиниҳои давлатӣ, ҷашнҳои миллӣ ва ҳамоишҳои байналмилалӣ, намояндагони кишвар бо ифтихор либоси миллиро мепӯшанд. Ин амр худ нишондиҳандаи симои сиёсӣ ва фарҳангии давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Либоси миллӣ на танҳо ҷузъи фарҳанг, балки воситаи ифодаи сиёсат низ мебошад. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва таъсири фарҳангҳои бегона, ҳифз ва тарғиби либоси миллӣ як иқдоми сиёсати фарҳангии давлат аст, ки ба таҳкими худшиносӣ, ваҳдат ва эҳсоси ифтихори миллӣ мусоидат мекунад.
Шарти муҳимтарин ва асоситарини симои зоҳирӣ аз диди одоби сиёсӣ ва расмӣ покии тамоми аъзои бадани инсон мебошад. Чун шахси расмӣ ва сиёсӣ баёнгари симо ва фарҳанги низоми сиёсӣ ва давлатӣ мебошад ва ҳамзамон бо афроди зиёд чӣ роҳбарону ҳамкорон, чӣ шаҳрвандон ва ҳатто меҳмонони хориҷӣ сарукор дорад, бояд доимо поку ботароват ва дилкашу ҷаззоб бошад. Ҳамчунин зарур аст, ки шахси сиёсӣ ва расмӣ чеҳраи боз ва кушода дошта бошад. Абрӯ ва виқори болида дошта бошад ва либоси миллӣ дар тани ӯ зебанда бошад.
Либоси миллии тоҷикӣ ҷавобгӯи тамоми талаботи ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва динии миллати мо буда, барои пӯшидани либосҳои миллии халқҳои дигар ягон ҳоҷате вуҷуд надорад. Бояд зикр кард, ки либосҳоро аз ҷиҳати мавқеи истифодаашон ба намудҳои гуногун тақсим кардан мумкин аст. Либосҳое, ки таранумгари симои сиёсианд, ин либосҳои корию протоколӣ мебошанд.
Либоси корӣ - либосҳое, ки дар вақти кор дар муассисаю ташкилоти давлатӣ пӯшида мешаванд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки самаранокӣ ва сифати меҳнат ба навъи либоси корӣ низ вобаста аст. Аз ин рӯ барои озодона меҳнат кардан либоси кории ҳар як шахс бояд ба шароити кори ӯ мувофиқ бошад. Агар дар корхона ё ташкилот навъи ягонаи либос ва ранги муайяни он таъин шуда бошад, риояи он барои ҳама ҳатмист. Дар навбати худ тозагӣ, назорати либоси корӣ на фақат гарави устувории саломатист, балки дараҷаи интизому одоби кормандро нишон медиҳад.
Либосҳои протоколӣ - либосҳое мебошанд, ки ҳангоми вохӯрӣ бо Президент, маҷлисҳои расмӣ, ҷаласаҳои ҳукуматӣ, вохӯрӣ бо шахсиятҳои расмӣ ва маҷлисҳои тантанавӣ пӯшида мешаванд. Ин гунна либос ҳам барои мардон ва ҳам барои занон махсус буда, пӯшидани он ва риоя кардани он дар ҷойҳои таъкидшуда ҳатмӣ мебошад. Ин ҳусни инсон ва фарҳанги ӯро нишон медиҳад.
Маҳз ҳамин либоси миллӣ, ки аз тозагӣ, покизагӣ ва завқи волои зебоипарастии тоҷикон шаҳодат медиҳад, имрӯз ба нишонаи шинохти миллати тоҷик табдил ёфтааст. Занону духтарони тоҷик бо ифтихор ва камоли завқ либосҳои миллиро ба бар карда, суннатҳои бостониро зинда медоранд.
Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки либоси миллӣ на танҳо оинаи зебоӣ, балки тарғибгари сиёсати фарҳангии давлат ва тараннумгари симои сиёсии миллат мебошад. Эҳтиром ва пос доштани он вазифаи ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар аст.
Зарифов Ҳабибулло - омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ