,
Якшанбе, 11-январ
Фарҳанги китобдӯстӣ ва арҷ гузоштан ба илму маърифат дар тамаддуни тоҷикон аз қадим ҷойгоҳи махсус дошта, дар ҳар давру замон ҳамчун омили муассири худшиносӣ ва бақои миллат хизмат кардааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин арзишҳо аз самари сиёсати хирадмандона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вусъати тоза ёфта, ба ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Дар миёни тадбирҳои хирадмандонаву фарҳангии Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббус ва роҳандозии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» намунаи равшани ин сиёсат буда, далели возеҳи он аст, ки Пешвои миллат ояндаи давлату миллатро дар шахсияти ҷавони донишманд, соҳибандеша ва китобдӯст мебинанд.
Ин озмун дар баробари сабқати зеҳнӣ миёни наслҳои ҷомеа, ба сифати мактаби бузурги тарбияи маънавӣ, худогоҳӣ ва бедорсозии тафаккури миллӣ хидмат менамояд, ки тавонист муҳаббат ба китобро дар дилу зеҳни ҳазорҳо ҷавон зинда гардонад ва онҳоро ба сӯи маърифат раҳнамун созад.
Ман ҳамчун як нафар ғолиби ин озмуни бонуфуз, миннатдории самимӣ ва иродатмандии комили худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Презденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам, зеро ба бахти халқи Тоҷикистони азиз муддати ҳафт сол мешавад, ки бо ибтикори фарҳангпарварона ва маърифатгустаронаи Пешвои хирадсолори миллат ин озмун роҳандозӣ шуда, ҳазорон нафаро ба китобхонӣ ҷалб намудааст.
Дар идомаи матлаби худ бояд зикр намоям, ки дар татбиқи амалишавии сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои маҳбуби миллат нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва роҳбарияти онҳо ниҳоят бузург мебошад. Донишгоҳи азизи мо бо роҳбарии ректори ҷавону донишманд Сафарзода Мунир Ватан дар ин самт намунаи ибрат мебошад.
Ман миннатдории самимии худро ба роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мерасонам, ки аз рӯзҳои аввали омодагӣ ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо дарки амиқи масъулият ба масъала муносибат намуда, тамоми имконияту шароити заруриро барои мо иштирокчиён фароҳам овард, то ки мо битавонем бо хотири ҷамъ ва рӯҳияи баланд ба мутолиа, таҳлил ва омодагии ҷиддӣ машғул шавем.
Қайд кардан ба маврид аст, ки роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо сарварии Сафарзода Мунир Ватан намунаи барҷастаи масъулиятшиносӣ, дастгирии ҷавонон ва пайравии содиқона ба сиёсати Пешвои миллатро нишон дод.
Фароҳам овардани муҳити солими омӯзиш, дастрас намудани адабиёти зарурӣ, ташкили фазои ором ва мусоид барои мутолиаи амиқ, пайваста ҳолпурсӣ намудан аз авҳоли мо ва расидагӣ ба мушкилоту ниёзҳои мо шаҳодати равшани ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи раёсати донишгоҳ ба мо иштирокчиёни озмун мебошад.
Хусусан, дар раванди омодагӣ таъмин намудани иштирокчиён бо хӯроки гарм ва шароити мусоид нишонаи масъулияти баланд, инсонпарварӣ ва муносибати падарона ба мо буд, ки ин иқдоми накӯ ба мо рӯҳбаландӣ ва неруи тоза мебахшид. Ин ҳама тадбирҳо боис гардиданд, ки мо иштирокчиёни озмун худро танҳо як донишҷӯ не, балки узви як хонаводаи бузурги илмӣ ва маънавӣ эҳсос намоем.
Ман ҳамчун ғолиби озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» фикр менамоям, ки ин ҳама тадбирҳо ва дастгириҳои пайвастаи роҳбарияти Донишгоҳ на танҳо шароити ҷисмонӣ, балки ҳолати равонӣ ва эътимоду боварии моро ба ғолибият ба даст овардан афзун намуд, ки шахсан ман бо ин боварӣ ба озмун ворид шуда, ғолибият ба даст овардам.
Дар баробари ин, бояд зикр намоям, ки саҳми устодам Алишери Абдулмаҷид, ҷиҳати омодасозии банда ба ин озмуни бонуфузи ҷумҳуриявӣ бағоят калон мебошад, аз ин лиҳоз миннатдории самимии худро ба устодам мерасонам. Бо роҳнамоӣ, машварат ва заҳматҳои пайвастаи эшон, ман тавонистам донишу маҳорати худро такмил дода, бо боварӣ дар ин озмуни бонуфуз ширкат варзам.
Инчунин ба Камолзода Шодмон, муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, декани факултет Зулфиев Гадомад ва устодон Қаюмова Мубина, Сайдализода Фотима, Шамшоди Ҷамшед миннатдории хоси худро ҷиҳати ёрии амалӣ ва тавсияҳои судмандашон дар ин раванд мерасонам.
Хулоса, имрӯз «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ба як маъракаи умумихалқӣ табдил ёфтааст, ки реша дар сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат дорад. Дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла донишгоҳи мо, исботи он аст, ки ин сиёсати хирадмеҳвар дар амал татбиқ мегардад. Бо чунин роҳбарият, чунин омӯзгорон ва чунин муҳити солим, метавон бо итминон гуфт, ки насли ҷавони Тоҷикистон бо чароғи дониш, маърифат ва китоб роҳи фардои дурахшони миллатро равшан хоҳад кард.
Рустамова Мафтуна-ғолиби ҷои якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик”, донишҷӯи курси чоруми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ