,
Панҷшанбе, 08-январ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид, дар низоми давлатдорӣ ва давлатсозии муосири тоҷикон, яке аз рукнҳои муҳимтарини низоми идории давлат дар мактаби давлатдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, ҳамчун санади барномавии мукаммал, дурнамосоз ва роҳнамо дар худ барои тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бахусус маориф ва тарбияи насли ҷавон, дастури мушаххаси фаъолиятро таҷассум менамояд. Дар ин баробар, ин Паём на танҳо як навъ натиҷагирии марҳилаи тайкардаи кишвар, балки нақшаи дақиқи ҳаракат ба сӯи фардои устувору мунаввар ва босаодати халқу давлат маҳсуб меёбад. Ҳамзамон иҷрои силсилаи вазифаҳои дар Паём гузошташуда, барои рушди илми кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат ниҳоят муҳиму саривақтӣ буда, инчунин барои расидан ба рӯзҳои неку пурсаодат ҳар як шахси масъулиятшиносу ватандӯст вазифаҳои навбатии худ ва равиши зиндагии худро дар нукоти он дида метавонад.
Аҳамияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар он зоҳир мегардад, ки он бо дарназардошти воқеиятҳои мураккаби ҷаҳони муосир, равандҳои геосиёсӣ, таҳдиду чолишҳо ва ҳамзамон имкониятҳои фароҳамомада, инчунин бо такя ба манфиатҳои миллии кишвари азизамон-Тоҷикистон, таҳия гардида, рушди инсони комилро ҳамчун меҳвари асосии сиёсати давлатӣ муайян мекунад. Ин нуктаи меҳварӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати давлат ба тарбияи шахсияти худогоҳ, соҳибмаърифат, масъулиятшинос ва ватандӯст равона шуда, инсон ҳамчун арзиши олӣ ва қувваи пешбарандаи ҷомеа шинохта мешавад.
Дар ҳамин замина, соҳаи маориф ва илм ҳамчун пояи асосии пешрафти ҷомеа, омили калидии рушди устувор ва кафили бақои давлату таҳкими истиқлолияти миллӣ дониста мешаванд. Хурсандиовар ва ифтихорбахш аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии хирадмандона ва дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини давлатдории навини тоҷикон ба соҳаи маориф аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, дар тӯли беш аз се даҳсола таваҷҷуҳ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим пайваста густариш ёфта, мазмуну муҳтавои устувор ва ҳадафманд касб намудааст.
Дар ин робита, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солонаи худ бо таъкид иброз доштанд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад».
Ин андешаи амиқ ва ҳидоятҳои ҳакимонаи Пешвои миллат бозгӯи он аст, ки сиёсати давлат дар соҳаи маориф бар пояи дурнамо, масъулияти таърихӣ ва ғамхорӣ нисбат ба ояндаи давлату миллат бунёд ёфтааст. Зеро маҳз имрӯз гузоштани таҳкурсии мустаҳками илму маориф кафолати фардои ободу пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва давлати неруманди тоҷикон мебошад.
Пешвои муаззами миллат сармоягузорӣ ба соҳаи маорифро ҳамчун сармоягузории бевосита ба ояндаи миллат ва кафили рушди устувори давлат арзёбӣ намуда, таъкид доштаанд, ки: «Ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам». Ин нуктаи калидӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки маориф дар сиёсати давлатӣ на танҳо як соҳаи иҷтимоӣ, балки пояи асосии ташаккули захираи инсонӣ, рушди тафаккури миллӣ ва таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ маҳсуб меёбад.
Маҳз ҳамин фалсафаи давлатдорӣ ва сиёсати хирадмандона аст, ки ҳамасола зимни ироаи Паёмҳои солонаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба соҳаҳои калидию сарнавиштсоз, бахусус маориф ва илм, таваҷҷуҳи хосса ва зарурӣ равона гардида, ҳаҷми сармоягузорӣ ба онҳо пайваста ва мунтазам афзоиш меёбад. Имрӯз маориф дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлат қарор дошта, далели равшани ин гуфтаҳо он аст, ки ҳаҷми умумии хароҷот барои соҳаи мазкур беш аз 21 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад ва ин нишондод аз афзалиятнок будани маориф дар сиёсати кишвар шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷуним баробар зиёд мебошад». Ин рақамҳо на танҳо нишондиҳандаи рушди миқдорӣ, балки далели сиёсати ҳадафмандона, пайгирона ва дурбинонаи давлат дар самти таҳкими пояҳои маънавию зеҳнии ҷомеа ба шумор мераванд.
Дарвоқеъ, чунин таваҷҷуҳи доимӣ, ғамхории пайваста ва дастгирии фарогири ин соҳаи ҳаётан муҳим аз самари сиёсати хирадбунёд, инсонмеҳвар ва ояндасозии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ҳадафи аслии он тарбияи фарзандони солеҳу худогоҳ, донишманду ватанпарвар ва омодаи ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад. Зеро маҳз тавассути низоми мукаммалу босифати таълим метавон наслеро ба камол расонд, ки дорои тафаккури интиқодӣ, ҷаҳонбинии васеъ, масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси худшиносии миллӣ ва ватандӯсти асил бошанд.
Маориф, ҳамчун омили калидии пешрафти ҷомеа, заминаи асосии ташаккули элитаи зеҳнӣ ва қувваи пешбарандаи давлатдории муосир ба ҳисоб рафта, таваҷҷуҳи пайваста ба он кафолати рушди устувор, суботи иҷтимоӣ ва бақои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи баланд бардоштани сифати таълим ва омоданамоии кадрҳои баландихтисос дар тамоми зинаҳои низоми маориф мавқеи марказӣ ва калидӣ дошт. Ин нукта аз он шаҳодат медиҳад, ки рушди соҳаи маориф танҳо бо афзоишу пешрафт маҳдуд набуда, пеш аз ҳама ба беҳбуди муҳтавои таълим, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва мутобиқсозии раванди таълим ба талаботи замони муосир равона гардидааст.
Дарвоқеъ, таълим бояд на танҳо ба интиқоли донишҳои назариявӣ маҳдуд гардад, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули шахсияти соҳибмаърифат, эҷодкор, мустақиландеш ва дорои қобилияти қабули қарорҳои дуруст дар шароити мураккаби ҷаҳони имрӯз хизмат намояд. Дар ин сурат низоми таълим метавонад насли ҷавонро барои зиндагии фаъол, рақобатпазир ва саҳмгузор дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар омода созад.
Бо дарназардошти ин, такмили пайвастаи барномаҳои таълимӣ, воридсозии усулҳои инноватсионӣ ва муосири омӯзиш, инчунин истифодаи фарогири технологияҳои рақамӣ ҳамчун талаботи ҳатмӣ ва зарурати замон арзёбӣ гардида, дар назди тамоми муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои наву масъулиятнокро мегузорад. Дар ин росто, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки ба тарбия ва омоданамоии кадрҳои ҷавону соҳибтахассус машғуланд, уҳдадоранд раванди таълимро бо ниёзҳои бозори меҳнат, рушди илм, технология ва иқтисоди рақамӣ ҳамоҳанг намуда, мутахассисонеро ба камол расонанд, ки дорои дониши амиқ, малакаҳои амалӣ ва ҷаҳонбинии муосир бошанд.
Дар ин роҳи пуршараф, яъне тарбия ва ба камол расонидани насли худогоҳ, бофарҳанг, масъулиятшинос ва дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ, нақш ва ҷойгоҳи омӯзгор ниҳоят муҳим, калидӣ ва ҳалкунанда ба ҳисоб меравад. Зеро омӯзгор тарбиятгари маънавиёт, шаклдиҳандаи ҷаҳонбинӣ ва роҳнамои зеҳниву ахлоқии насли наврас мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, сифати таҳсил ва сатҳи камолоти шахсият мустақиман ба сатҳи касбият, масъулиятшиносӣ ва худшиносии омӯзгор вобастагӣ дорад.
Таърих гувоҳ аст, ки тамоми таҳаввулоти бунёдӣ дар фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ ва раванди рушду такомул ёфтани тафаккури миллӣ бо кору пайкори олимону омӯзгорони асилу касбӣ пайванди ногусастанӣ дорад. Маҳз тавассути заҳмати содиқонаи онҳо фарҳанги миллӣ зинда ва побарҷо монда, забони тоҷикӣ ҳамчун рамзи ҳувияти миллӣ ҳифз гардида, миллати тоҷик ба мартабаи миллати соҳибдавлат, соҳибмактаб ва соҳибтафаккур расидааст. Ном ва фаъолияти касбии омӯзгорон дар саҳифаҳои таърихи миллат ҳамчун неруи пешбарандаи худшиносӣ, маърифат ва давлатдорӣ сабт гардидааст.
Бинобар ҳамин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои солона борҳо ва бо таъкиди хос иброз менамоянд, ки омӯзгор меҳвари асосии ислоҳоти соҳаи маориф маҳсуб меёбад. Ин таъкид аз он шаҳодат медиҳад, ки муваффақияти ҳар гуна ислоҳот дар низоми маориф пеш аз ҳама ба нақш, мақом ва масъулияти омӯзгор вобаста аст.
Дар ин замина, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии омӯзгор бо қабули қонуни дахлдор аз ҷониби ҳукумат, таҳкими шароити моддиву иҷтимоии онҳо дар шакли ҳамасола зимни ироаи паёмҳо баланд бардоштани музди маош, такмили пайвастаи сатҳи касбият ва фароҳам овардани муҳити мусоид барои фаъолияти эҷодию таълимии омӯзгорон ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидаанд. Зеро омӯзгори аз ҷиҳати касбӣ тавоно метавонад насли ояндаро дар руҳияи донишандӯзӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқат ба давлату миллат тарбия намояд ва ба ин васила заминаи устувори рушди ҷомеа ва фардои дурахшони Тоҷикистонро фароҳам созад.
Дар баробари баррасии масоили муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ ва маърифатӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба масъалаи тарбияи ахлоқию маънавии ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Таъкид гардид, ки ҷавонон бояд дар рӯҳияи ростқавлӣ, масъулиятшиносӣ, эҳтиром ба қонун, таҳаммулпазирӣ, инсондӯстӣ ва садоқат ба Ватан тарбия ёбанд, зеро ҷомеаи солим пеш аз ҳама аз шахсиятҳои солим, худогоҳ ва дорои арзишҳои устувори ахлоқӣ иборат мебошад.
Дар ин робита, чунин ишора карда шуд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад». Ин ҳушдор бозгӯи он аст, ки бепарвоӣ нисбат ба таълиму тарбияи насли наврас метавонад боиси коста гардидани арзишҳои маънавӣ ва халалдор шудани суботи иҷтимоӣ гардад.
Пешвои муаззами миллат бо муроҷиат ба аҳли зиё ва тамоми ҷомеа бо таъкиди вижа иброз доштанд: «Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад».
Ҳамзамон Пешвои миллат ҷавононро ба омӯзиши амиқу пайвастаи илм, азхудкунии фанновариҳои нав, забонҳои хориҷӣ ва касбҳои замонавӣ ҳидоят намуда, зарурати омодагӣ ба рақобати шадиди ҷаҳони муосирро таъкид доштанд.
Фаромӯш набояд кард, ки дар ин раванд, масъулияти оила, мактаб ва ҷомеа ҳамчун се рукни асосии тарбия муҳим ва тақдирсоз арзёбӣ мегардад. Таҷриба нишон медиҳад, ки тарбияи дуруст ва самаранок танҳо дар шароити ҳамоҳангӣ, ҳамкории пайваста ва масъулияти муштараки ин се ниҳоди муътабар ба натиҷаи дилхоҳ мерасад. Аз ин рӯ, таҳкими робитаҳои муассисаҳои таълимӣ бо падару модарон ва ҷомеа ҳамчун шарти асосии муваффақият ва омили муҳими ташаккули шахсияти солим таъкид мегардад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ҷавононро қувваи пешбарандаи ҷомеа ва такягоҳи боэътимоди давлат арзёбӣ намуда, онҳоро ба фаъолият, ташаббускорӣ ва саҳмгузории бештар дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар даъват намуданд. Ин эътимоди баланд ба ҷавонон на танҳо ифтихор, балки масъулияти онҳоро дар назди давлату миллат боз ҳам бештар намуда, онҳоро ба созандагӣ, худтакмилдиҳӣ ва хизмати содиқона ба Ватан ҳидоят мекунад.
Яке аз паҳлуҳои муҳиму фарогири Паёми Пешвои миллат таъкиди махсус ба масъалаи худшиносии миллӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ мебошад. Дар ин санади сарнавиштсоз арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон, тамаддуни куҳан ва мероси ғании маънавию фарҳангии халқи тоҷик ҳамчун омили калидии пойдории давлатдорӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ муаррифӣ гардид. Зеро ҳифз ва эҳёи арзишҳои миллӣ на танҳо ифтихор аз гузашта, балки заминаи устувори худшиносии имрӯз ва кафолати бақои фардои миллат ба шумор меравад.
Дар Паём омӯзиши осори безаволи классикони адабиёти тоҷик, эҳёи суннатҳои маънавӣ ва истифодаи ҳадафмандонаи арзишҳои фарҳангӣ дар раванди таълиму тарбия ҳамчун воситаи муассири пайванди насли ҷавон бо решаҳои таърихии худ арзёбӣ шудааст. Ин раванд имкон медиҳад, ки ҷавонон бо дарки амиқи таъриху фарҳанги миллӣ, эҳсоси ифтихор, масъулият ва садоқат ба давлату миллатро дар худ парвариш намоянд.
Ҳамчунин, Роҳбари давлат бо муроҷиат ба халқи шарифи Тоҷикистони азиз дар робита ба ҳифз ва гиромидошти арзишҳои ниёгон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ даъват ба амал оварда, таъкид намуданд: «Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдоди худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдоди хирадманди мо “пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек”-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Ин ҳидоятҳои пурмазмун аз он шаҳодат медиҳанд, ки худшиносии миллӣ танҳо дар сатҳи эҳсосот маҳдуд набуда, балки раванди пайвастаи омӯзиш, идома ва татбиқи арзишҳои ахлоқиву фарҳангӣ дар зиндагии ҳаррӯза мебошад.
Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паём бо огоҳии ҷиддӣ ҳушдор доданд, ки дар баробари пешрафт ва равандҳои ҷаҳонишавӣ бояд аз хатарҳои ифротгароӣ, хурофотпарастӣ ва бепарвоӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ҳушёр ва бедор буд. Дар ин раванд, маориф ва тарбияи солим ҳамчун беҳтарин, муассиртарин ва пойдортарин воситаи муқовимат бо чунин падидаҳои номатлуб арзёбӣ мегардад. Зеро маҳз тавассути таълиму тарбияи дуруст метавон ҷаҳонбинии солим, тафаккури рушдёфта ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни ҷавонон ташаккул дода, онҳоро аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ ва хурофотӣ эмин нигоҳ дошт.
Мусаллам аст, ки Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мардуми тоҷик марҳалаи сарнавиштсоз дар эҳёи давлатдории миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва барқарорсозии арзишҳои тамаддунии ниёгон ба шумор меравад. Маҳз ба шарофати Истиқлол ба халқи мо муяссар гардид, ки ҳамчун миллати соҳибдавлат дар харитаи сиёсӣ ва фарҳангии ҷаҳон мавқеи устувор пайдо намояд. Истиқлол ба мо имкон дод, ки ба гузаштаи пурифтихори худ бо нигоҳи нав нигарем, имрӯзро бо масъулият бисозем ва ояндаро бо эътимод тарҳрезӣ намоем. Дар ин замина, ба ифтихори ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ: 35-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ соли 2026-ро ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд, ки ин иқдоми шоистаи таҳсин идомаи мантиқии сиёсати давлатсозии Роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.
Боиси ифтихор аст, ки нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳким ва пойдории Истиқлоли давлатӣ басо бузург ва таърихист. Аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ то имрӯз, сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Роҳбари давлат кишварро аз марҳалаҳои душвор гузаронида, ба роҳи рушду ободонӣ раҳнамун сохт. Иқдоми навбатии Сарвари давлат дар эълони соли 2026 ҳамчун соли ободкорӣ ва худшиносӣ бозгӯи он аст, ки дар маркази сиёсати давлатӣ ҳамеша инсон, худшиносиву худогоҳӣ ва ояндаи давлат қарор дорад. Ин ташаббус мардумро ба созандагӣ, иттиҳод ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ ҳидоят менамояд.
Ободониву созандагӣ на танҳо бунёди иншооти нав, роҳу пулҳо ва шаҳру деҳоти замонавӣ, балки пеш аз ҳама ободии тафаккур, муҳити иҷтимоӣ ва фарҳанги зиндагӣ мебошад. Дар шароити ҷаҳони муосир, ки таҳдиду чолишҳо афзоиш меёбанд, рушди устувор ва ободии кишвар кафили амнияти миллӣ ва некӯаҳволии мардум аст. Эълони соли махсус ба корҳои ободонӣ такони ҷиддӣ ба татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бахшида, ҳисси масъулияти ҳар як шаҳрванди кишварро дар назди Ватан боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.
Тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ дар шароити муосир аҳамияти ҳаётан муҳим дорад. Миллате, ки аз таърих, фарҳанг, забон ва арзишҳои худ огоҳ аст, ҳеҷ гоҳ зери таъсири бегонапарастӣ қарор намегирад. Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки худшиносӣ омили асосии ҳифзи истиқлол, ваҳдати миллӣ ва суботи ҷомеа мебошад. Соли 2026 метавонад ба як марҳалаи муҳими бедории маънавӣ табдил ёбад, ки дар он ҷавонон бо ифтихор аз тоҷик будани худ, бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд.
Мутмаинем, ки ин тадбири Роҳбари давлат бо дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи шарафманди Тоҷикистони азиз самараи дилхоҳ ба бор хоҳад овард.
Дар ин баробар зимни ироаи Паём бо дастури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббуси бунёди Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ дар пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе, иқдоми бузурги фарҳангдӯстона маҳсуб меёбад. Ин марказ на танҳо як иншооти меъморӣ, балки таҷассуми зиндаи таърихи чандҳазорсолаи тоҷикон ҳамчун ворисони тамаддуни ориёӣ хоҳад буд. Бунёди чунин марказ дар қалби пойтахт нишони он аст, ки давлат ба решаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва тамаддунии миллат арҷ мегузорад ва онҳоро ҳамчун пояи устувори худшиносии миллӣ муаррифӣ менамояд. Конуни тамаддуни ориёӣ метавонад ба як макони муқаддаси маънавӣ табдил ёбад, ки гузашта, имрӯз ва ояндаи миллатро ба ҳам мепайвандад.
Қобили зикр аст, ки дар тӯли солҳои Истиқлоли давлатӣ, Сарвари давлат пайваста ба омӯзиш, эҳё ва тарғиби таърихи бостонӣ, забон, ойинҳо ва арзишҳои фарҳангии ниёгон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, онро самти афзалиятноки сиёсати давлатдории худ қарор додааст. Аз таҷлили ҷашнҳои бостонӣ то эҳёи рамзҳои тамаддунӣ, сиёсати фарҳангии Роҳбари давлат ба бедории ифтихори миллӣ ва таҳкими худогоҳии таърихӣ равона шудааст. Маркази тамаддуни ориёӣ идомаи мантиқии ҳамин сиёсати хирадмандона буда, нақши Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори эҳёи маънавии миллат боз ҳам равшантар месозад.
Маркази тамаддуни ориёӣ метавонад ба як мактаби бузурги худшиносӣ барои тамоми қишрҳои ҷомеа, хусусан ҷавонон, табдил ёбад. Ошноӣ бо таърихи ориёӣ, саҳми ниёгон дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ва арзишҳои инсондӯстонаи онҳо ҳисси ифтихор, масъулият ва ватандӯстиро дар зеҳни шаҳрвандон тақвият мебахшад. Дар шароите, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ таъсир мерасонанд, чунин иқдомҳо ҳамчун сипари маънавӣ хизмат мекунанд. Аз ин рӯ, бунёди Конуни тамаддуни ориёӣ на танҳо як лоиҳаи фарҳангӣ, балки як омили муассири сиёсӣ-маънавӣ дар роҳи таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа ва пойдории Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегардад.
Ин ҳама бори дигар собит месозад, ки Паём ҳамчун роҳнамо ва барномаи амал на танҳо рушди иқтисодию иҷтимоиро ҳадаф қарор медиҳад, балки пеш аз ҳама ба ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими ҳувият ва тарбияи насли огоҳу солимандеш равона гардидааст.
Бо чунин равиш, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як мактаби бузурги сиёсӣ ва маънавӣ табдил ёфтааст, ки дар он ҳар як шаҳрванди кишвар, бахусус омӯзгорону ҷавонон, метавонад барои худ дарси ибрат ва роҳнамои зиндагӣ пайдо намояд.
Ҳидоятҳои Роҳбари давлат моро водор месозанд, ки ба фардо бо умеду бовар нигарем, зеро роҳи интихобшуда, роҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва созандагӣ аст. Ин роҳест, ки миллатро ба истиқлоли воқеии фикрӣ ва пешрафти устувор мерасонад.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат ҳамчун чароғи роҳнамои маориф ва тарбияи ҷавонон, заминаи боэътимоди ташаккули насли худшинос, фарҳангдӯст ва ояндасоз буда, моро ба сӯи ҷомеаи пешрафта, мутамаддин ва соҳибмақом дар арсаи ҷаҳонӣ раҳнамун месозад.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки мардуми шарафманди тоҷик, аз ҷумла донишмандон, омӯзгорон ва донишомӯзони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҷараёни фаъолияти ҳамарӯзаи худ тамоми неру ва заковати худро сарфи он мекунанд, ки нуктаҳои вобаста ба соҳаи маориф ва самтҳои дигари дар Паёми Пешвои миллат баёнгаштаро дар амал татбиқ намуда, ба масъалаҳои густариши корҳои инноватсионӣ, забономӯзии донишҷӯён, касбомӯзии онҳо аҳамияти шоиста медиҳанд ва бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар пеш гузошташуда сарбаландона мебароянд.
Сафарзода Мунир Ватан-дотсент, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ