, Панҷшанбе, 08-январ

ПАЁМИ УМЕД ВА ЭЪТИМОД БА ЗАН-МОДАРИ ТОҶИК

(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 16 декабри соли 2025)

Ироаи Паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба сифати анъанаи муҳими сиёсӣ ва раҳнамои стратегии давлатдорӣ чун пайки муждарасон аз фаъолиятҳои минбаъда дар роҳи пурсаодати давлатдории навин ба шумор меравад. Паёми навбатии Сарвари давлат аз 16 декабри соли 2025 низ чун ҳуҷҷати барномавӣ самтҳои асосии рушди кишварро муайян намуда, вазъи ҷомеа ва дурнамои ояндаро бо нигоҳи масъулона ва умедбахш бозтоб дод. Дар ин раванд, масъалаи мақоми зан-модар ҳамчун пояи устувори ҷомеа ҷойгоҳи вижа касб кард.

Паём на танҳо як навъ таҳлил ва натиҷагирии фаъолияти давлат дар марҳилаи сипаригардида, балки мактаби тафаккури сиёсӣ ва иҷтимоӣ мебошад, ки дар он арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлат ва ормонҳои мардум ба ҳам мепайванданд. Дар чунин санади муҳим, таваҷҷуҳи пайваста ба нақши занон далели он аст, ки сиёсати давлат бидуни дарки ҷойгоҳи зан-модар комил буда наметавонад. Ба бахти зан-модари тоҷик ин масъала ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад ва ин шарафмандӣ аз самари сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насиби модарону бонувон гардидааст.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Роҳбарияти олии кишвар ба мақоми зан ҳамчун неруи созанда ва тарбиятгари наслҳои оянда аҳамияти хос зоҳир менамояд. Ин сиёсат дар Паёми соли 2025 низ идома ёфта, бо таъкидҳои равшан ва ҳадафмандона такмил ёфт. Чунонки дар Паём Пешвои миллат таъкид доштанд: “Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ масъалаҳои марбут ба занонро дар меҳвари фаъолияти рӯзмарра қарор дода, барои рушди ин самти муҳим мунтазам тадбирҳои судманд меандешад”.

Зан-модар дар тафаккури сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон на танҳо шахси ҳифзшаванда, балки субъекти фаъоли рушди ҷомеа мебошад. Ӯ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, иқтисод ва идоракунии давлатӣ бо меҳнати софдилона саҳми арзанда мегузорад. Ин заҳмату фидокорӣ аз ҷониби Сарвари давлат ҳамеша қадр мегардад. Боиси хурсандист, ки ин ифтихормандӣ дар Паёми Президенти кишвар басо рамзӣ таҷассум ёфтааст: “Мо нақши бонувону занон ва духтарони бонангу номуси Ватанро дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа ҳамеша қадрдонӣ мекунем ва аз саъю талоши онҳо ба хотири бунёди ояндаи ободу осудаи кишварамон ифтихор дорем”.

Баланд бардоштани мақоми занон дар идоракунии давлатӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати ҳукумати кишвар ба ҳисоб меравад. Дар ин росто ҷалби бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда на танҳо адолати иҷтимоиро таъмин мекунад, балки сифати идоракуниро низ боло мебарад. Дар ин замина, таъкиди Роҳбари давлат дар Паём хеле возеҳ аст: “Масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон ва тарбия кардану ба вазифаҳои роҳбарикунанда таъин намудани бонувону духтарони лаёқатманд дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад ва мо ин сиёсатро дар оянда низ идома медиҳем”.

Иқдомоти Ҳукумати кишвар дар самти дастгирии занон шаклҳои гуногунро: аз қабули барномаҳои давлатӣ то фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, касбомӯзӣ ва соҳибкории занон фаро мегиранд. Ин тадбирҳо ба он равона шудаанд, ки зан дар ҷомеа худро боэътимод, мустақил ва таъсиргузор эҳсос намояд.

Дар баробари нақши иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, рисолати ахлоқию тарбиявии Зан-модар дар меҳвари таваҷҷуҳи Паёми Пешвои миллат қарор дошт. Тарбияи фарзандон дар рӯҳияи илмомӯзӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун аз самтҳои муҳиму мавриди таваҷҷуҳ ба ҳисоб меравад. Сарвари давлат бо эътимод таъкид доштанд: “Бовар дорам, ки занону бонувони мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд”.

Занон дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат ба падидаҳои номатлуби замони муосир низ нақши пешсаф доранд. Онҳо бо хираду заковат метавонанд ҷомеаро аз бегонапарастӣ, хурофот ва зиёдаравӣ ҳифз намоянд. Дар идомаи ҳамин андеша Сарвари давлат таъкид доштанд: “Бо эътимоди комил иброз медорам, ки онҳо дар масъалаи муқовимат ба бегонапарастиву хурофот ва исрофкориву зиёдаравӣ дар сафи пеши ҷомеа қарор мегиранд”.

Ҳамин тавр, симои зан-модар дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ҳамчун рамзи субот, пешрафт ва худшиносии миллӣ ҷилвагар мешавад. Ин симо занеро муаррифӣ мекунад, ки ҳамзамон модар, омӯзгор, роҳбар ва шаҳрвандест масъул дар умури сиёсати давлату ҷомеа.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бори дигар собит сохт, ки рушди устувори Тоҷикистон аз иштироки фаъол ва мақоми баландтари занон вобастагии амиқ дорад. Эҳтиром ба зан-модар, дастгирии ташаббусҳои ӯ ва фароҳам овардани шароити баробар на танҳо сиёсати давлатӣ, балки кафолати ояндаи ободу осудаи миллат мебошад.

Бо дарки амиқи муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва бо эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ, мо-занону бонувони кишвар, дастуру супоришҳои дар он ироагардидаро сармашқи фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор медиҳем. Мо мекӯшем, ки дар тарбияи фарзандон насли худшинос, соҳибмаърифат ва ватандӯстро ба камол расонем, насле, ки ба илму дониш рӯ меорад, қонунро эҳтиром мекунад ва манфиатҳои давлату миллатро муқаддам мешуморад. Ҳамзамон, бо заҳмати содиқона дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барои шукуфоии Ватани азиз саҳми босазо мегузорем. Итминон дорем, ки бо иттиҳод, худшиносӣ ва пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, зан-модари тоҷик ҳамчунон неруи созанда ва кафили фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол боқӣ хоҳад монд.

Нозимова Ибодатхон, Шарипова Соро-омӯзгорони кафедраи география ва сайёҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!