, Панҷшанбе, 08-январ

МАВҚЕИ ИЛМ ВА АХЛОҚ ДАР ТАЪЛИМОТИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ


МАВҚЕИ ИЛМ ВА АХЛОҚ ДАР ТАЪЛИМОТИ АБУРАЙҲОНИ БЕРУНӢ

Баъди ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ва ибтидои ташаккули як низоми давлати дунявӣ, ҳуқуқмеҳвар ва демократӣ, масъалаи худшиносии миллӣ ва ҳифзи ҳувияти фарҳангӣ дар пасманзари равандҳои глобализатсия ба яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мубаддал гардидааст. Бе шинохти амиқи мероси маънавию моддии мутафаккирони барҷастаи тоҷик, ки асрҳои миёнаро равшанӣ бахшидаанд, ҳаллу фасли ин масъалаҳо дар арсаи байналмилалӣ  ғайриимкон аст. Дар шароити имрӯза, ки тамоюлҳои геополитикӣ ва пешрафтҳои технологӣ ба унсурҳои хавфноки ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд, арзишҳои ахлоқӣ мавриди таҳдид қарор доранд. Ин равандҳо на танҳо муҳити зист ва тавозуни демографии сайёраро зери фишор мегузоранд, балки ба бегонашавии шахсият ва заъифшавии пояҳои маънавии инсон низ мусоидат мекунанд.

Равандҳои демократикунонӣ дар ҳаёти ҷамъиятии кишвар, густариши худидоракунии миллӣ ва афзоиши сатҳи худогоҳии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, бояд заминае бошанд барои ташаккули ҷаҳонбинии солим ва рушди фикрии онҳо. Бо назардошти суръат гирифтани глобализатсия ва нуфузи фарҳанги ҷаҳонӣ, ки бо худ паёмадҳои манфие чун тарғиби зӯроварӣ, коҳиши арзишҳои ахлоқии умуминӣ ва беэътиноӣ ба меҳвари маънавияти инсон меоранд, зарурати таълиму тарбияи маърифатӣ боз ҳам афзун мегардад. Чунин таҳаввулот ба эҳсосот ва дунёи ботинии инсон зарба мезананд ва ба масъалаҳои мавҷудиятӣ раванди шадид мебахшанд. Гарчанде ҷомеаи байналмилалӣ кӯшиш мекунад, ки тавассути ислоҳоти фарогир ин буҳронҳоро паси сар намояд ва арзишҳои маънавии ҳаёти ҷамъиятиро аз нав эҳё созад, дар амал эҳтимоли бартарафсозии куллии ин масъалаҳо хеле кам ба назар мерасад. Чизи асосӣ бозсозии ботинии ахлоқӣ ва маънавии одам бо хислатҳои олии арзишаш мебошад. Бо ин бархурд зарурати омӯзиши бахши амалии таърихи фалсафаи тоҷик ба таври беандоза афзуда, барои худшиносии ахлоқӣ ва ҷустуҷӯйҳои маънавии инсон муҳим арзёбӣ мегардад.  Ахлоқе, ки дар он масъалаҳо ва тарғиби анъанаҳои миллии рӯзгор пурратар баррасӣ мешаванд, ҳамзамон аҳаммияти назарияи фалсафие, ки инсонро дарк мекунад дар тамоми ҷанбаҳои рӯзмарра бараъло эҳсос мешавад. Этикаро берун аз доираи мавҷудаи мероси иҷтимоию фалсафӣ, равоншиносӣ ва таърихию тарбиявӣ тасаввур кардан мумкин нест. Тарафдорони инсондӯстӣ эҳтиром ба одам, ғамхорӣ дар бораи инкишофи ҳаматарафаи ӯро ба сифати шиорҳои худ эълон карданд. Дар шароити зулми асримиёнагӣ ин шиорҳо нақши бузургро бозиданд. Масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯзҳои мо махсусияти тезу тунд ва рӯзмарраро касб намудааст.

Вобаста ба ин, муқаррарот, хулоса ва тавсияҳои рисолаи таҳқиқотї барои ташаккул ва шакл гирифтани сифатҳои ахлоқию фарҳангии ҷавонони тоҷик муфид буда истифодаи онҳо дар таҳияи роҳнамо ва барномаҳои ахлоқӣ аз аҳаммият холӣ нест.

Сухан дар бораи назарияҳои барпошавии шахсият, имконияти ҳақиқии тараққиёти ҳамбаста, ташаккули ақидаҳои сиёсӣ – иҷтимої, маќсадњои олии ахлоқи ва зебоии ҷавонон меравад. Мо захираҳои ғании воситаҳои тарбиявии муносибатҳои инсондўстонаро дороем. Афкори муносибатро умуман, ба табиат ва ҳама мавҷудоти зинда, дар маҷмуъ дар эҷодиёти хирадмандони бузурги якчанд садсола дидан мумкин аст. Дар ин росто, омӯзиш ва густариши тартиби мероси эҷодии мутафаккири барҷастаи асрҳои Х-ХI тоҷику форс Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ, бузургҷуссаи беҳамтои афкори илмӣ ва фарҳанги ҷаҳонӣ, олими мутабаҳҳири асримиёнагӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Ин давра пур аз номҳои шахсиятҳои бузург аст, ки намояндагони мактабҳои гуногун буда, он вақт босуръат рушд мекарданд. Дониш ва дидгоҳҳои Берунӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ, нақши ӯ дар тарғиби анъанаҳои миллӣ дар таърихи фалсафаи тоҷик беназир аст.

 Пажӯҳишгарони сершумори дохилӣ ва хориҷӣ ба омӯзиши мероси илмии Абурайҳони Берунӣ пардохта, саҳми арзишманди ӯро дар такомули илми ахлоқ, баррасии масъалаҳои ахлоқӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа тавассути шиносоӣ бо арзишҳои суннатии тамаддуни асримиёнагии тоҷикон барҷаста арзёбӣ намудаанд. Бо вуҷуди ин, пайравӣ аз паҳлуҳои ахлоқӣ-фалсафии андешаи ӯ дар риштаҳои таъриху фалсафа то ба ҳол таваҷҷуҳи ночизро ба худ ҷалб кардааст. Дар ҳамин замина, зикри он зарур аст, ки дар тӯли таърихи халқи тоҷик, яке аз сарчашмаҳои асосии ташаккули маънавиёти воло маҳз ҷаҳонбинӣ ва афкори ахлоқии файласуфони номвари форсу-тоҷик маҳсуб меёфт, ки решаҳои он ба амиқи таърих пайванд дорад. Маҳз дар ҳамин давраи таърихии ҳаёти маънавии мо ақидаҳои ахлоқию тарбиявии файласуфони ибтидои асрҳои миёна дар Осиёи Миёна, ки бо гуногунрангии зиёд ва проблемаҳои шавқангез тафовут доранд, мавқеи махсусро ишғол менамояд.

Боварии қатъӣ дорем, ки дар шароити пурчолиш ва замони рушди бесобиқаи тамаддуни техногенӣ, расидан ба фаҳми амиқи масъалаҳои ахлоқ ва мутобиқсозии онҳо бо воқеияти имрӯза бидуни омӯзиши жарф ва таҳлили интиқодии мероси ахлоқии миллӣ, ки асрҳо таҷрибаи рафтору арзишҳои инсониро дар худ таҷассум кардааст, номумкин аст. Агар чунин таҳқиқот ва истифодабарии он дар муҳити иҷтимоии Тоҷикистон сарфи назар шавад, он метавонад ба фурӯпошии пояҳои маънавӣ ва коҳиши ҳисси масъулияти ҷамъиятӣ оварда расонад.

Зарурати омӯзиши андешаҳои ахлоқии Абурайҳони Берунӣ ба он вобаста аст, ки дар фазои иҷтимоии Тоҷикистон имрӯз ниёз ба боло бурдани сатҳи маънавиёт ва ахлоқи шаҳрвандон, бахусус, ҷавонон, беш аз пеш эҳсос мегардад. Таҳкими фарҳанги ахлоқӣ дар байни насли наврас бояд яке аз самтҳои асосии равандҳои тарбиявӣ бошад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи пайваста ба арзишҳое чун: ростқавлӣ, ахлоќи нек, накукорї, кирдори нек ва меҳнатпарастӣ нақши муҳим мебозад ва омӯзиши афкори Берунӣ метавонад ба ин раванд мусоидати ҷиддӣ намояд. Ба ақидаи мутафаккир ахлоќ муҳимтарин сифати инсонист, ки ўро боҳурмат, обрӯманд ва хушбахту сарбаланд мегардонад. Омӯзиши пайгиронаи таърихи афкори ахлоқии ватанӣ, он холигии ахлоқиро, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо ҷой дорад, пур мекунад ва замони муосир бояд буҳрони ба маънои томаш дар миқёси сайёра арзёбӣ шавад.

 Мероси илмиву фарҳангии Абурайҳони Берунӣ ҳанӯз аз асри  сарчашма мегирад. Дар маҷмуъ, тањқиқоти марбут ба ҷаҳонбинии ӯ, асосан дар панҷ самти калидӣ тамаркуз ёфтааст, ки инҳо иборатанд аз маъданшиносӣ, геология, фалсафа, илмҳои дақиқ (аз ҷумла риёзиёт) ва астрономия.

Абурайҳони Берунӣ ҳамчун файласуф ва донишманди озодандеш дар айёми ҳаёташ шуҳрат пайдо кардааст. Мероси илмии ӯ диққати бисёр олимони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст. Муҳаққиқон аз дониши бисёрҷабҳаву мутабаҳҳирии ӯ ба ваҷд омада, осори Берунии бузургро пай дар пай ба забонҳои гуногун тарҷума намуда, бо завқ ва изҳори ќаноатмандї посух медоданд. Китоби «Ал-Осор ул-боқия» нахустин асари бузурги мунаҷҷим, ҷуғрофиётчӣ ва заминшинос, муаррих ва мардумшиноси бузурги асримиёнагӣ, файласуф, адабиётшинос ва шоир, донишманди мутабаҳҳир Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмад Берунӣ мебошад, ки аҳли олам ӯро бо асарҳои дурахшонаш, ки аз замони ӯ хеле пеш гузашта, бисёр идеяҳои пешқадами илмии давраи Таҷаддуди Аврупоро дар давоми ним ҳазор сол ба њайрат оварда буданд, мешиносанд.

Китоби Берунӣ, ба шарофати ношир ва муҳаққиқи мероси илмии Берунӣ - Эдуард Захау ба олимони аврупоӣ маълум гардид, ки солҳои 70-уми асри XIX, матни арабӣ ва тарҷумаи «Ал-Осор ул-боқия»-ро ба табъ расонидааст ва онро чун аввалин тарҷумаи ҳоли донишманди бузург дар сатҳи илми муосир муҳайё сохта, пешкаш мекунад. Дар асар ба насабнома ва солшумории хонадон ва сулолаҳои эронӣ марбут ба ҷаҳони Эрон дар пасманзари тамоми Ховари Наздик ва Миёна таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Китоб бисёр ҳуҷҷатҳои ҷолибро дар бар гирифта, барои хариташиносон, муаррихон, ситорашиносон, фарҳангшиносон, забншиносону муаррихон, шарқшиносон ва дигар мутахассисон маводи муфиди хронологӣ мебошад. Арзиши ин асар дар натиҷаи васеъ истифода бурдани маъхазҳои этнографӣ; суннати шифоҳӣ, маълумоти шифоҳӣ ва мушоҳидаи шахсӣ дар баробари сарчашмаҳои хаттӣ хеле баланд мешавад ва ин хусусияти фарқкунандаи муаллифро аз аксари муаррихони он замон, ки ба таърихи шоҳону қаҳрамонон ва рӯйдодҳои сиёсӣ таваҷҷуҳ мекунанд, башиддат фарқ мекунад ва тамаркузи Берунӣ ба таърихи фарҳангии халқҳо мебошад. Бо афзудани такони таҷовузкоронаи истилоҳои арабҳо дар Шарқи Миёна торафт бештар заминҳо зери ҳукмронии истилогарон қарор гирифтанд ва вазифаи васеътар оид ба тағйир додани муносибатҳои байни ашрофзодагони низомии араби исломӣ ва аҳолии зери тобеият; арамейҳо, яҳудиён, коптҳо, юнониҳо, берберҳо, испано-румҳо ва форсҳо ба миён омад. Гап дар сари он аст, ки бахше аз ин халқҳо тадриҷан исломро қабул карда, аз рӯйи эътиқоди худ мусулмон шуданд, ки аз ҷиҳати маънавӣ бо элитаи ҳукмрони араб баробар шуданд. Ҳамин тариқ, сухан, пеш аз ҳама, дар бораи вазъи сиёсӣ, молӣ ва ҳуқуқии мусулмонони нав буд, аммо дар паси ҳамаи ин масъалаи васеътари иҷтимоӣ ва фарҳангӣ меистод, ки тамоюлҳои мухолифро дар бар мегирифт. Аз як тараф, рӯҳияи байналхалқии ислом ба ҳамбастагии миллатҳо мусоидат мекард. Аз як ҷониб, омадани истилогарони араб аз минтақаҳои канории нимҷазираи Арабистон, ки дар он давра дар муқоиса бо дигар марказҳои тамаддун камтар инкишоф ёфта буданд, боиси сар задани танишҳо бо аҳолии маҳаллӣ гардид. Ин аҳолӣ, махсусан, форсҳо, дорои таърихи ғанӣ, фарҳанги амиқ ва ҳисси баланду устувори ҳувияти миллӣ буданд, ки ин арзишҳо ба маротиб болотар аз он чизҳое меомаданд, ки истилогарон бо худ меоварданд. Гарчанде форсҳо дини исломро бо ихлосу самимият қабул намуданд, фарқияти аслии онҳо аз дигар халқиятҳо дар он буд, ки тавонистанд забон ва фарҳанги хешро нигоҳ дошта, ба ҳифзи аслии ҳувияти миллӣ муваффақ гарданд.

Дар асари «Маъданшиносӣ» равшану ошкор таассуроти амиқи илмии Абурайҳони Берунӣ ва дониши фарогири ӯ дар риштаҳои гуногуни маърифатии замонааш ба назар мерасад. Дар ин китоб ба таври мураттаб маҷмуае аз сафарномаҳо, ривоятҳо, ёддоштҳо ва муҳтавои дорои арзиши баланди ахлоқӣ ва таърихию фарҳангӣ гирд оварда шудаанд. Ривоятҳое, ки Берунӣ шахсан бо номи худ нақл мекунад, аҳаммияти хосса доранд. Хислати хоси фаъолияти илмии ӯро метавон дар кӯшиши пайвастаи систематизатсия, таҳлил ва аз ҳама муҳим «поксозии илм» дид, ки ин равиш дар тамоми осори бузурги ӯ, аз ҷумла, «Тақвими миллатҳои қадим», «Китоби Ҳиндустон» ва «Маъданшиносӣ» мисли риштаи муттасил ҳузур дорад. Ин мавзуъ, инчунин дар асарҳои дигар, аз ҷумла, «Қонуни Масъудӣ» ва «Китоб-ут-тафҳим» низ муҷассам шудааст.

Дар маркази таълимоти ахлоқии Абурайҳони Берунӣ мафҳуми тартибу низом ва пайдарпайии ҳама гуна падидаҳо қарор дорад, ки ин принсип аз марҳилаи офариниши ҷаҳон оғоз ёфта, то ба мавҷудоти одӣ мерасад, баргирандаи асосҳои илоҳӣ, динӣ ва масъалаи тақдир мебошад. Хусусияти динӣ доштани ҷаҳонбинии ахлоқии Берунӣ тасодуфӣ нест, зеро даврони зиндагии ӯ ба оғози давлати ислом рост меояд, ки Қуръон ҳамчун манбаи аслӣ ва роҳнамо дар ҳама соҳаҳои маърифат эътироф мешуд. Гузашта аз ин, тамоми осори илмӣ ва адабии давраи асрҳои миёна ба таври анъанавӣ бо мадҳу санои Парвардигор шурӯъ мегардиданд, ки ин худ нишонаи решаҳои динӣ доштани андешаи маънавии он замон аст.

Ташаккули марказҳои шаҳрии бузург, густариши равобити савдо дар сатҳи байналмилалӣ, пайдоиши ҳамкориҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ байни миллатҳои Шарқ ва Ғарб, инчунин, бархӯрди манфиатҳои табақавӣ дар дохили ҷомеа, аз ҷумла, муборизаи синфҳои иҷтимоӣ — ҳамаи ин равандҳо омилҳои муҳимеро ташкил медиҳанд, ки на танҳо ба ташаккули тафаккур ва ҷаҳонбинии илмии Абурайҳони Берунӣ таъсир расонданд, балки дар шаклгирии муҳити илмӣ ва фазои эҷодии даврони ӯ нақши ҳалкунанда бозиданд.

Дар муқаддимаи асари «Маъданшиносӣ» андешаҳои иҷтимоӣ ва ахлоқии Абурайҳони Берунӣ бозгӯ мешаванд, ки дар онҳо дидгоҳи ӯ нисбат ба як қатор мафҳумҳои ахлоқӣ равшан инъикос ёфтааст. Мафҳумҳое чун ақл, меҳнат, ягонагӣ, наҷобат, ҷасорат, донишмандӣ, ҳиссиёт, илм, қаноатмандии ботинӣ, арзишҳои маънавӣ, шарафу эътибор, амалҳои шоиста, нияти нек, адолат, тозагиву покӣ ва баробарӣ аз ҷумлаи арзишҳои асосиеанд, ки Берунӣ дар бораи онҳо мулоҳизаҳои муфассал пешниҳод мекунад. Ӯ нақши меҳнатро дар расидан ба ҳадафҳои олӣ, махсусан, таъкид менамояд.

Абурайҳони Берунӣ дар соли 1029 асари «Китоби дастур оид ба унсурҳои илми ситораҳо» ( Илми ситораҳо, ё мухтасари арабии Тафҳим)-ро анҷом дод. Ба шоҳидии худи муаллиф, китобро бо хоҳиши Райҳонаи хоразмӣ барои ӯ навиштааст. Ин яке аз осори асосии олими бузург буда, дар шакли 530 саволу ҷавоб гирд оварда шудааст, ки барои ситорашинос ва ситорашиносӣ навкор «беҳтар ва осонфаҳм» аст. Ин нашрия ба ҳашт боб, тақсим шудааст, ки дар навбати худ ба бахшҳо тақсим мешаванд. Асари «Илм дар бораи ситораҳо» дар асрҳои миёна хеле паҳн шуда буд ва ба ин шумораи зиёди маълумотномаҳои олимони минбаъдаи Шарқи асримиёнагӣ ва шумораи зиёди дастхатҳои то замони мо расида гувоҳӣ медиҳанд. Нашри аввалини китобро Р. Райт ба забони англисӣ дар Лондон аз акси айнии дастнависи арабӣ зери рақами №8349-и Осорхонаи Бритониё дар Лондон анҷом додааст. Д. Ж. Бойло соли 1955 библиографияи осори Беруниро тартиб дода, ба 15 дастнавис (6 нусхаи арабӣ, 9 нусхаи форсӣ) «Илм дар бораи ситораҳо» ишора кардааст. То имрӯз 14 нусхаи арабӣ ва 21 нусхаи форсии дастхатҳо маълум аст.

Хулоса, мутолиаи таҳлилӣ ва муқоисавии шумораи зиёди манбаъҳо ва нашрияҳое, ки ба осори Абурайҳони Берунӣ бахшида шудаанд, нишон медиҳад, ки то ба имрӯз на дар адабиёти илмии тоҷикӣ, на дар муҳити илмию фалсафии Шарқ ва на дар адабиёти фалсафии кишварҳои Ғарб асаре ёфт намешавад, ки тамоми паҳлуҳои ҷаҳонбинии ахлоқии ин мутафаккири нотакрорро ба таври мукаммал ва ҳамаҷониба таҳқиқ карда бошад. Ҳамчунин, дар Тоҷикистон низ то ҳол таҳқиқоти вижае, ки махсус ба баррасии назарияҳои фалсафии Берунӣ, дидгоҳҳои ахлоқии ӯ ва мушкилоти иҷтимоие, ки ӯ ба миён гузоштааст, бахшида шуда бошанд, вуҷуд надорад.

Шамолов Абдулвоҳид, сарходими илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,

Мирзоев Суҳроб, саромӯзгори кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!