, Якшанбе, 08-декабр

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - САРЧАШМАИ АМАЛҲОИ ХАРОБИОВАР

 28.03.2023 213

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ - САРЧАШМАИ АМАЛҲОИ ХАРОБИОВАР

Имрӯзҳо теъдоди зиёди  одамон дар гӯшаю канори  дунё ба таҳдиди ҷангу даргириҳо ва амалҳои терористӣ  рӯ ба рӯ шуда истодаанд ва  терроризму экстремизм ҳамчун сарчашмаи   амалҳои  харобиовар  боиси оқибатҳои ногувори сиёсиву иҷтимоӣ ва руҳии мардумони сайёра гардидааст. Экстремизм (ифротгароӣ) ва шакли ниҳоии он – терроризм (даҳшатафканӣ) ҳам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ , ки мо низ узви ин ҷомеа ба шумор меравем,   хатари ҷиддӣ дорад. Фаъолияти созмонҳои террористӣ ва  ифротгароӣ дар сатҳи сайёраи мо  характери глобалӣ гирифта, ҳудуди қариб ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро дарбар мегирад. Амалҳои  терроризми байналмилалӣ ва ифротгароӣ  пояҳои амнияти байналмилалиро заиф гардонида, сабабгори ноустувории вазъ дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон, таҳдидҳо ба шаҳрвандон ва оромии зиндагонии осоиштаи онҳо  гардонида истодааст.

Бинобар ин, имрӯзҳо муборизаи дастаҷамъона  ва ҳадафмандонаи давлатҳою халқҳо, ниҳодҳои байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ, мақомотҳои қудратӣ  пеш аз ҳама, бо решаву сабабҳои зуҳуроти терроризм аҳамияти махсус ба худ мегирад. Ғайр аз муборизаи мусаллаҳона бо терроризм ба ҳалли масоили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, ки дар баъзе ҳолатҳо сабаби асосии тундгароӣ шуда метавонад, таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир кард.

Дар ин самт  ба роҳ мондани ҳамкориҳои самаранок, аз ҷумла расонидани кумаки молию техникӣ ба кишварҳое, ки дар мубориза бо терроризм осебпазиранд, мувофиқи мақсад мебошад. Аз ин лиҳоз бояд қайд кард, ки амалҳои гурӯҳҳои ифротиву тундгаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хатари ҷиддӣ дорад. Онҳо ҳадафҳои ғаразноки  худро бо шиорҳои динию мазҳабӣ руйпӯш намуда, тарафдоронашонро зери парчами мубориза барои адолати иҷтимоӣ ҷалб менамоянд.

Кишвари мо Тоҷикистон, ки дар таърихи навини худ баъди истиқлолияти давлатиро ба даст овардан, оқибатҳои фоҷеабори зуҳуроти даҳшатовари терроризму ифротгароиро пушти сар кардааст. Бо  ҳадафҳои пасипардагии гурӯҳҳои ифротӣ ва бадхоҳи онҳо аз наздик шинос аст.

Ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлоли давлатӣ бо падидаи густурдаи ба сари мардум бор кардани андешаву равияҳои ифротгароиву бегона ва зӯровариву дахолат аз хориҷ рӯ ба рӯ шудем. Дар натиҷаи ҷанги таҳмилии дохилӣ зиёда аз 150 ҳазор нафар сокинони кишвар ба ҳалокат расида, қариб як миллион нафар бехонумону гуреза шуданд, 55 ҳазор кӯдак ятим монда, то 30 ҳазор хонаи истиқоматӣ сӯзонида шуд ва садҳо корхонаву коргоҳҳо комилан нобуд гардиданд. Хисороти умумӣ бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  маблағи беш аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод.

Аз ин рӯ Точикистон дар пешгирӣ ва муборизаи ҳамешагӣ бар зидди тероризм ва экстремизм буда, аз воситаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва байналмилалӣ дар ҳамаи равандҳои пешгирии ин вабои аср ва ба суботи кишварҳо таҳдидангез  дар сафи пеши мубориза мебошад. Ҳукумати кишвар дар такя ба ирода ва ҷонибдории мардуми шарафманди  Тоҷикистон аз сулҳу суботи комил  тамоми саъю кӯшишҳоро ба харҷ дод, то муколамаи васеи миллиро ба роҳ монда, ваҳдати милливу суботи ҷомеаи худро барқарор намояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, ҳамчунин дигар шарикони байналмилалии худ ҳамкории фаъол ва пешгирӣ аз ин хатарро идома медиҳад. Бо ин мақсад аз тарафи Ҳукумати мамлакат якчанд қонунҳо ва санадҳо, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” (соли 1999), Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) (соли 2006), Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ)” (соли 2006) ба тасвиб расиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо  ин зуҳуроти номатлуб мусоидат менамояд.

Бо вуҷуди қабул ва мавриди амал қарор додани санадҳои ҳуқуқӣ дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки қонунҳоро нодида мегиранд, қонуншиканӣ мекунанд ва бо сабабҳои гуногун ба гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро шомил мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҷаҳони имрӯза терроризм ва экстремизм бештар зуҳуроти бо дин омехта намуданро дорад ва динро ба манфиатҳои худ истифода мебаранд. Амалҳои мудҳиши террористиву экстремистии вақтҳои охир, аз ҷумла дар кишвархои Афғонистон, махсусан воқеияти инро мо бештар дар амалҳои даҳшатангези террористӣ дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Покистон, Яман ва ҳатто кишварҳои Аврупо Фаронса, Белгия И.М.А. мушоҳида менамоем. Вале пайванд хӯрдани фаъолияти ҳаракатҳои террористӣ бо сиёсат имрӯз дар кишварҳои Миср, Ироқ, Сурия ва Лубнон таҷрибаи амалии худро нишон дода , ҳадаф на террори ин ё он шахс, балки аз байн бурдани низоми сиёсӣ ва давлатдорӣ мебошад. Барои онҳо ҳама гуна арзишҳои инсонӣ, фарҳагӣ  бегона буда, имрӯз ягон давлати дунё аз хавфи амалҳои террористӣ эмин буда наметавонад.

Ин ҳам боиси нигаронӣ аст, ки гурӯҳҳои террористӣ ва тундгаро аз дастовардҳои технологияҳои иттилоотӣ барои паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ, гумроҳсозии одамон ва ҷалби онҳо ба сафи худ ба таври  васеъ истифода бурда, ба таври фосилавӣ татбиқи амалҳои харобиоварашонро омода ва идора менамоянд. Аз ин рӯ мо аҳли зиё, олимону донишмандон, омӯзгорон кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеаро мебояд, ки дар якҷоягӣ насли ҷавон ва ояндасози  миллатро дар руҳияи ватандӯстӣ,  хештаншиносӣ ва ба камол расидани як шахси комил ва соҳибмаълумот саҳми бевоситаи худамонро гузорем.

Мирзоев СУЛАЙМОН, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шоева САИДА, ассистенти кафедраи биология ва методикаи таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат