, Чоршанбе, 24-декабр

ПАЁМ РОҲНАМОИ ОЯНДАСОЗ ДАР МАСИРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ


ПАЁМ РОҲНАМОИ ОЯНДАСОЗ ДАР МАСИРИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати обруманди тоҷик аст, ки ҳамасола Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли ҷомеа “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа мегардад. Пеш аз ҳама бояд қайд кард, ки Паём баёнгари манфиатҳои миллӣ ва роҳнамои ояндасози ҳар як халқу миллат ба ҳисоб меравад. Ва соли сипаришуда барои миллати тоҷик ва давлати соҳибистиқлоли он соли таърихиву хотирмон маҳсуб меёбад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ аз як қатор дастовардҳои байналмилалӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ассамблеяҳои СММ қабул гардидаанд, ёдовар шуданд. Ҳамчунин эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, соли 2027 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва қабули (криосферӣ) солҳои 2025-2034, ин эътирофи шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Қобил ба зикр аст, ки баёни нуктаҳои болозикр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони муосир хеле ба маврид аст, чунон ки ба мушоҳида мерасад, имрӯз таҳдиду хатарҳои экологӣ, шиддат гирифта, мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳоро ба миён овардааст.

Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки ташаббусҳои сатҳи экологӣ ва таърихии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо ба хотири ҳифзи муҳити зист нигаронида шудааст, балки ҳушдори воқеӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифзи ҳаёти инсоният мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки аз ҷониби давлат ва ҳукумати мамлакат то имрӯз баҳри пешрафти соҳаи илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст.

 Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро илм дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ накши калидӣ дорад. Маҳз омӯзиши илм ва густариши тафаккури илмӣ имкон медиҳад, ки ҷавонон аз ҳама гуна адешаҳои носолим ва хурофотпарастӣ дур бошанд.

Хурофот тафаккурро маҳдуд, карда, ташаббус ва навоварирро заиф месозад, дар ҳоле, ки илм заминаи асоссии рушд, худшиносии зеҳнӣ ва рақобатпазирии ҷомеа мебошад. Таваҷҷуҳ ба донишомӯзиш ва ақлгароӣ метавонад ба арзишҳои маънавӣ ҳамоҳанг шуда, шахсиятҳои огоҳ, масъул ва созандаро ба воя расонад. Дар сиёсати Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масъалаи ҷавонон, аз ҷумла дастгирии олимони ҷавон мавқеи махсусро ишғол мекунад.

Олимони ҷавонро зарур аст, ки дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ, технологияи муосир ва таҳлили амиқи мавзуи таҳқиқотӣ ҷидду ҷаҳд намуда, бо натиҷаи ба ҷамъият судманди кори таҳқиқотии худ саҳми арзанда дар рушди давлати соҳибистиқлоламон гузоранд.

Бояд қайд кард, ки Роҳбари давлат дар баробари дигар нақшаву барномаҳо дар сиёсати худ соҳаи илм ва маорифро дар мадди аввал гузошта пайваста баҳри рушду нумуи он тадбирҳои зарурӣ меандешанд. 

Аз ин рӯ, моро водор месозад, ки диққати донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир, азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб намоем. Ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар баробари таваҷҷуҳ ба шумора боз ба сифати таълим ва ба дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти донишмандони соҳа диққати ҷиддӣ диҳем.

Бо дарназардошти ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардид. Ин моро водор месозад, ки диққати донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир азхудкунии фанҳои дақиқ, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ бештар ҷалб намоем. Ҳамчунин дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, дар баробари таваҷҷуҳ ба шумора боз ба сифати таълим ва ба дастовардҳои илмӣ ва ихтирооти донишмандони соҳа диққати ҷиддӣ диҳем.

Бинобар ин моро зарур аст, ки ҷиҳати амалишавии дастуру супоришҳо зимни ироаи Паём ва эълон гардидани соли 2026 - “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ”, инчунин андешаҳои созанда, сиёсати давлатиро ҷонибдорӣ намоем.

Ҳамин тариқ, Паём барномаи муҳим ва роҳнамои ояндасози боэътимод, фарогири арзишҳои ҷомеаи демократӣ, дастуру супоришҳо оид ба ояндаи дурахшони кишвар ва манбаи дастовардҳо дар замони истиқлол буда, ояндаи босаодатро таҷассум менамояд.

Абдуллоев Насрулло, дотсенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ




Ба рӯйхат

Лутфан барномаи моро насб намоед!