,
Сешанбе, 23-декабр
(дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат)
Ҳама воқиф ҳастем, ки рӯзи 16-уми декабр Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа гардид.
Ин Паёми 25-уми Сардори давлат ба мақоми олии қонунгузори мамлакат буд. Шуруъ аз моҳи апрели соли 2001 паёмҳо ироа шуда истодаанд. Дар Паём Пешвои муаззами миллат дастовардҳои соли 2025-ро натиҷагирӣ ва вазифаи ҳама сохторҳои давлативу сокинони кишварро барои фаъолияти минбаъда муайян намуданд.
Аз ҷумла зикр карданд, ки “Рӯзи 12 декабр бо ташаббуси Тоҷикистон дар ҷаласаи 7-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист қатънома доир ба “Ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, бахусус дар минтақаи кӯҳӣ” қабул карда шуд.
Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул гардид. Илова бар ин, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардидани ёдгориҳои мероси фарҳанги Хуттали қадим зимни иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ дар шаҳри Париж баёнгари эътирофи ташаббусҳои Тоҷикистон мебошад. Он ҳам боиси ифтихор аст, ки 12 декабри соли ҷорӣ бо иқдоми Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси эълон кардани соли 2027 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” қабул гардид”.
Гуфтаҳои болозикри Сардори давлат далели онанд, ки кишвари мо пешоҳанг ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои умдаи сайёра мебошад ва пазируфта шудани ин ташаббусҳо ҳамчуноне, ки худи Ҷаноби Олӣ дар паёмашон зикр намуданд “ифодаи эътироф ва дастгириҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ибтикороти созандаи Тоҷикистон оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи глобалӣ ба ҳисоб меравад”.
Ба руйдодҳои дохилӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда, Президенти кишвар қайд намуданд, ки “Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабинии сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд”.
Мову Шумо ҳама дар интихоботи баргузоршуда ширкат доштем ва шоҳиди гуфтаҳои Ҷаноби Олӣ ҳастем.
“Дигар руйдоди таърихӣ – гуфтанд Пешвои миллат – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷи-кистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад”.
Бинед қазияе, ки беш аз сад сол ҳалли худро наёфта буд, дар соли 2025 бо талошҳои ҳарду ҷониб, бахусус заҳматҳои беназири Сардори давлати тоҷикон бартараф гардид.
“Ҳамчунин – гуфтанд Ҷаноби Олӣ – шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии 3 кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.
Фақат аз рӯи чанд иқтибосе, ки аз Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузори кишвар оварда шудаанд, ҳар яки Шумо метавонед хулосабардорӣ кунед, ки соли 2025 барои ватани азизу маҳбубамон чӣ қадар файзбору пурбаракат буд. Ҳол он, ки дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт низ пешравиҳои азиму назаррас хеле зиёданд. Бахусус дар Паём дарҷ гардидааст: “Соли 2025 маҷмуи маҳсулоти дохили кишвар ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати рушди воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод”.
“Даромади пулии аҳолӣ аз 26 миллиард сомонии соли 2015 то 165 миллиард сомонӣ дар соли 2025 афзоиш ёфт”.
“Бо мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025), яъне дар ҳафт соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойҳои корӣ сохта, ба истифода дода шудааст. Аз ҷумла дар соли 2025 400 корхонаи саноатӣ ба фаъо-лият оғоз намудааст”.
“...ба маблағи беш аз 5,4 миллиард сомонӣ 236 кило-метр роҳҳои мошингард ва дигар иншооти роҳу нақлиёт мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ бунёд гардида, ба истифода дода шуданд”.
Мебояд тазаккур дод, ки дар ҳар Паём Президенти кишвар оид ба ҳарчӣ бештар ба хуб шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ғамхорӣ зоҳир мекунанд. Ин Паём ҳам истисно набуд ва Ҷаноби Олӣ зикр намуданд, ки “Бо дарназардошти имко-ниятҳои имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш медиҳам аз 1-уми сентябри соли 2026:
– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд;
– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда шавад;
– ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба андозаи 1300 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.
Дар баробари ин, бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз 1-уми сентябри соли 2026 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ва андозаи нафақаи заминавӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз аз андозаи муқаррар шудаашон индексатсия (зиёд) карда шаванд.
Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.
Барои чунин ғамхорӣ аз Роҳбари хирадманду дилсузи кишвари худ ҳама бояд сипосгузор бошем ва кушиш намоем, ки вазифаву уҳдадориҳои худро беш аз пеш содиқона иҷро намоем.
Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегиест, ки дар он на танҳо дастовардҳо натиҷагирӣ карда мешаванд, балки раҳнамоест, ки нақшаи амали тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, инчунин ҳама сокинони кишварро барои фаъолияти минбаъда муайян мекунад. Аз ҷумла барои мардуми Кӯлобшаҳри бостонӣ як масъалаи бениҳоят муҳим, дигар кардани самти ҳаракати мошинаҳои боркаш, ки ҳудуди шаҳрро убур намуда, ба ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, Вилояти Мӯхтори Кӯҳистони Бадахшон ва Ҷумҳурии мардумии Чин ва аз он ҷойҳо ба шаҳри Душанбеву дигар манотиқи кишвар мераванд, маҳсуб меёбад. Зеро чуноне ҳодисаҳои алоҳида нишон доданд, ин нақлиёт ҳангоми аз кор баромадани қисмҳои боздорӣ хатарзо мебошанд. Мутаассифона солҳои гузашта, чунин ҳодисаҳо ҷой доштанд ва ба чанд оила хисороти зиёди амволӣ ворид карданд, инчунин боиси талафоти ҷонӣ ҳам шуданд. Ҳамаи инро ба инобат гирифта Пешвои муаззами миллат ғамхории навбатӣ зоҳир карда, дар хусуси бунёди роҳи таворавӣ супориш доданд. Аз ҷониби институти лоиҳакашии Вазо-рати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама корҳои марбут ба лоиҳакашӣ анҷом ёфтанд ва дар Паём дарҷ гардид, ки соли 2026 сохтмони “11 километр роҳи таворавии шаҳри Кӯлоб” оғоз мегардад. Бо истифода аз фурсати муносиб аз номи мардуми сарбаланди Кӯлоб ба Пешвои муаззами миллат барои чунин ғамхорӣ миннатдории бепоён баён месозам.
Соли 2026 ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Албатта вазифаи ҷонии ҳар як сокини ин кишвар аст, ки дар омодагӣ ба ин санаи бузург саҳмгузор бошад. Сарвари давлат ҳам дар паёмашон таъкид карданд, ки “Ҳар як шаҳрванду оила бояд бо дарки ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба як кори маъмулӣ табдил ёбад”.
“Зеро – гуфтанд Ҷаноби Олӣ – ин қарзи милливу имонӣ ва вазифаи ҷонии мост”. Дар ҳамин кор ба ҳама барору комёбиҳо хоҳонам ва орзуманди онам, ки Паём раҳнамои ҳамарӯзаи кору зиндагии ҳамаатон бошад. Боқӣ сиҳатманду сарбаланд бошед.
Назарзода Бахтиёр Худоёр, Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Кӯлоб